Як гурӯҳ вакилон бо медали ҷашнии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардиданд

№78 (3715) 01.07.2017

DSC_0375Бо қарори Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ҳамзамон раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко як идда аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медал ва нишони ҷашнии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ («МПА СНГ. 25 лет») сарфароз гардонида шуданд.

Зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 28 июни соли равон сурат гирифт, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров медал ва нишонҳои ҷашниро дар фазои тантанавӣ, аз ҷумла, ба Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода ­Эмомалӣ Сайфиддин, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷид­зода Ҷӯрахон Зоир, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Нусратовна Раҷабова, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, вакилон Шарофиддин Сироҷов, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷаббор Ахмедов, муовини аввали роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Таваккал Зарипов ва мудири котиботи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов супорид.