Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Шоире, ки навпардозӣ меҳвари эҷодиёташ аст

№57 (3694) 23.05.2017

їваїваМуродалӣ Собир бо каломи рангин ва бо беш аз даҳ маҷмӯаи шеърӣ дар радифи адибони муваффақи адабиёт қарор дошта, бештар ҳамчун шоири бачаҳо шинохта шудааст. Шоири бачагон будан бори сангини масъулият ба дӯш доштан аст, зеро на ҳар сухан ба дили кӯдак менишинад. Вақте китоби «Шаршараи рангинкамон»-и шоирро, ки соли гузашта нашриёти «Адиб» аз чоп баровард, варақ мезанем, дунёи рангини бачагону наврасон пеши назар ба ҷилва меояд. Номбурда бо сабки хос навҷӯӣ ва бо каломи сода таваҷҷуҳи хонандаи хурдсолро ба шеър мекашад. Дар китоб шеъри «Ватан» чун  каломи оташин мамлу аз меҳру муҳаббат аст ва ба дили хонанда тез менишинад:

 Ту маскани саодатӣ,

Ту даргаҳи муҳаббатӣ.

Ту шуҳрати замонаӣ,

Ту умри ҷовидонаӣ.

 Ватан, Ватан, Ватан, Ватан,

Маро ту ҳамчу ҷон ба тан!

 Ҳамеша бош сарбаланд,

Ҳамеша бош бегазанд!

Ту модари ягонаӣ,

Баҳори ҷовидонаӣ.

 Ватан, Ватан, Ватан, Ватан,

Туӣ тавони ҷону тан.

Хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу ваҳдат тимсоли қаҳрамонӣ мебошад. Муродалӣ Собир дар шеъри «Муборак бод» ин омилро чунин ба қалам медиҳад:

Ин Ваҳдату Истиқлол,

Ин шодиву ин иқбол,

Бошанд ҳазорон сол

Поянда, муборак бод!

 Зебанда Ватан дорем,

Монанди чаман дорем,

Аз сидқ сухан дорем,

Зебанда, муборак бод!

 Ин давлату ин Сарвар,

Бар халқу Ватан Раҳбар,

Бар мардуми ин кишвар

Арзанда муборак бод!

«Барои эҷоди шеъри баланду пурмазмуни бачагона, ки ба дили кас нишинад, шиносоӣ бо дунёи рангини кӯдакон ҳанӯз кофӣ нест», — навиштааст адиби машҳури рус С. Маршак ва ҷойгоҳи навпардозӣ, хаёлбофиро дар эҷоди шеъри бачагона муҳим медонад. Муродалӣ Собир баробари ошноӣ бо дунёи рангини кӯдакон соҳиби завқи баланди навпардозӣ ва хаёлбофӣ   дар шеъри бачагона мебошад. Хаёлбофӣ дар ду мавқеъ шеърро ҷаззоб месозад; аввалан тасвири мустақим, ки шоир ҳадафро бо диду тобишҳои рангин ба қалам медиҳад, дувум – мухотаб қаҳрамони шеър қарор гирифта, назари вай чунон пуробуранг аст, ки манзара ва зебоиҳо дар каломи мавзун шаддаи марворидро мемонад. Дар шеъри «Дараи Ромит» манзараҳои фасли баҳорро шоир дар ҳамон тоблуи рангин ба қалам медиҳад:

Чашмаи бисёр,

Ҳавои форам,

Ҷангали анбӯҳ-

Сарсабзу хуррам.

 Лолаи худрӯ,

Чукрию торон,

Зираю ҳулбӯ,                                            

Ҳар сӯ фаровон.

Дар шеъри «Орзуи чӯҷа» чӯҷа дар оғоз ба ҳайси мухотаб (қаҳрамон) интихоб шуда, ба ҳувияти худ эрод мегирад ва ба парандагоне, ки болу пар доранд, ҳасад мебарад:

Болу парам чӣ даркор,

Намекунам чу парвоз?

Гунҷишку майна озод,

Парад мисоли шаҳбоз.

\Дар ин шеър тасвир ё хаёлбофии шоир хеле боварибахш аст. Бо хондани он чӯҷаи мурғ, гунҷишк, кабӯтар, қумрӣ пеши назар меоянд. Вақте онҳо бузургтар мешаванду тамрин менамоянд, болу парашон кушода мешавад. Чӯҷаро шоир ба ҳарф гуфтан водор месозад:

«Мехоҳам, ман ҳам парам!»-

Омад ӯ ба ин қарор.

Машқи паридан дорад,

Ҳар дам сар-сари девор.

Дар адабиёти бачагона масоили тарбия, аз ҷумла ахлоқи наку, дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ба камол расонидани насли наврас ҳамеша дар ҷои аввал қарор дошт. Шоирон Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ   ва чанде дигар оид ба ин мавзӯъ силсилаи шеърҳо ва маҷмӯаҳоро бахшидаанд. Шоир Муродалӣ Собир бошад, ба ин мавзӯи хеле муҳим бо диду нигоҳи нав қаламфарсоӣ намудааст. Дар шеърҳои «Амон», «Бибиҷон», «Бобом», «Ду духтари як хона», «Худписанд», «Нақби уштур» ва чанде дигари ин маҷмӯа тасвирҳое ба назар мерасанд, ки такрорнашаванда маҳсуб меёбанд. Дар шеъри «Нақби уштур»  гӯё ки бачагон месуруда бошанд:

Мо даст дода бо ҳам,

Ҷаҳду ҷадал намудем.

Садсола мушкилиро,

Аҳлона ҳал намудем.

Роҳ боз бар Ҷануб аст,

Роҳ боз бар Шимол аст.

Дигар кушода ин роҳ,

Дар чор фасли сол аст.

Дар маҷмӯъ, китоби «Шаршараи рангинкамон», ки ба дарёфти  Ҷоизаи адабии ба номи  устод Мирзо Турсунзода пешбарӣ шудааст, арзанда мебошад.

Ҳасан Муҳаммадиев, 

мунаққид ва адабиётшинос