Иқдоми рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои муаррифии чеҳраи воқеии қаҳрамони Тоҷикистон

Иқдоми рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои муаррифии чеҳраи воқеии қаҳрамони Тоҷикистон

№60 (3697) 30.05.2017

IMG_682425-уми майи соли равон баргузории маросими ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум доираи васеи намояндагони илму адаби кишварро дар ноҳияи Рашт ба ҳам овард. Дар озмун, ки аз 1 феврал то 25 майи соли ҷорӣ ҷараён гирифт, беш аз 70 нигошта пешниҳод ва аз он 30 навишта дар рӯзнома чоп шуд.

Ҳадафи аслии озмунро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини саодати рӯзгор, сарсабзии мардуми сарбаланди тоҷик ва шинохти чеҳраи воқеии Қаҳрамони Тоҷикистон ­Нусратулло Махсум маънидод карда, афзуданд, ки матолиби дар доираи он пешниҳодгашта барои тақвияти андешаи давлатмеҳварӣ, худогоҳии миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузории ҳакамон Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло (муаллифи мақолаи «Ваҳдат оинаи башоратҳост») ба гирифтани мақоми аввал, сармутахассиси шуъбаи дини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода, журналист Худодод Зайниддин сазовори ҷойи дуюм, адибон Ато Ҳамдам, Умари Шерхон ва Нуралӣ Нурзод ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардиданд.

Ба барандагони мақомҳои ифтихорӣ ва панҷ иштирокчии фаъол, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои ҳавасмандиро дар фазои тантанавӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо супориданд.

Дар хотима иштирокдорон аз пешниҳоди барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии Театри халқии ноҳияи Рашт ғизои маънавӣ бардоштанд.

Ёдовар мешавем, ки даҳаи дуюми моҳи равон дар КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дигари рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба соли 2017 — Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» ҷамъбаст гардид. Дар он бо дарназардоште, ки холҳои бадастовардаи иштирокчиён барои ҷойи аввал кофӣ набуд, тибқи хулосаи ҳакамон мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камоли Наврӯзӣ (Абдураҳимов) бо мақолаи «Ифтихори тиллоии мо» бо 42 хол мақоми дуюм ва журналистон Оҳистамоҳ Вафобекзода ва Муҳаммади Шоҳ ба гирифтани ҷои сеюм ноил шуданд.

Мақсад аз озмун, ки аз 10 феврал то 10 май идома ёфт (60 мақола пешниҳод ва 21-тои он чоп шуд), муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат арзёбӣ гардид.

«Садои мардум»