Таълиму тарбия он гоҳ самар меорад, ки ҷидду ҷаҳд бошад

№16 (3810) 06.02.2018

Таълиму тарбияи фарзанд дар ҷомеа ҷойгоҳи хоса дорад ва то ба дараҷаи инсони комил расидани фарзанд падару модар, омӯзгор ва давлату аҳли ҷомеа заҳмати зиёд мекашанд.

Ҳамчун модар ва омӯзгор ба тарбияи фарзандон ва шогирдон машғул ҳастам. Аз пешрафти кори онҳо меболаму аз зуҳури ҳодисаҳои номатлуб сахт мутаассир мегардам. Гоҳо ба худ суол медиҳам: Чаро тои­фае ба ҷойи ба корҳои нек машғул шудан аъмоле содир мекунанд, ки ба ягон қолаб рост намеояд? Бо ҳар роҳу усул кӯшиш мекунанд, ки таъсири бади худро, бахусус ба наврасону ҷавонон, расонанд, онҳоро сироят намоянд, ба ҷинояткорӣ кашанд.

Мо — аҳли ҷомеа бояд дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти манфии давраи ҷаҳонишавӣ муттаҳид бошем. Аз он ки бо ҷаҳду талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ дастовардҳо дар соҳаи маориф зиёданд, меболаму ифтихор мекунам. Имрӯз наврасону ҷавонон дар биноҳои хуштарҳи замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, шароити маишии омӯзгорон низ хеле беҳтар гардидааст ва боварӣ дорем, ки бо беҳ гардидани вазъи иқтисоди мамлакат, ғамхории Давлат ба  муҳандисони рӯҳи инсон — омӯзгорон боз ҳам бештар мегардад.

Дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, заминаи қонунгузории соҳа ҷавобгӯйи талабот бошад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи санадҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани таълиму тарбия дар оила ва мактаб мусоидат менамоянд.

Пӯшида нест, ки то қабули қонунҳои мазкур миёни волидайн фаҳмише ғолиб буд, ки масъулияти таълиму тарбия ба зиммаи омӯзгор аст. Дар навбати худ омӯзгорон ҳам дар дониши пасту интизоми ғайриқаноатбахши хонандагон падару модаронро гунаҳкор меҳисобиданд. Дар ҳолатҳои ба муноқиша ва ҳатто ба ҷиноят даст задани наврасону ҷавонони синни мактабӣ нозирони минтақавии милиса ба бефаъолиятӣ ва бесалоҳиятӣ муттаҳам мегардиданд.

Ба андешаи ман, тақдири ояндаи наврасон набояд «кори ману кори ту» бошад. Таълиму тарбия он вақт самара дода метавонад, ки ҷидду ҷаҳд якҷоя бошад. Падару модарон, омӯзгорон, масъулони соҳаи маориф ва мақомоти қудратӣ рисолати тарбиятгарӣ доранд. Ҳоло ба толиб­илмони мактаб аз меъёр зиёд озодӣ дода шудааст ва аз ин гурӯҳу доираҳои ғаразнок бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои нопокашон истифода менамоянд. Роҳу воситаҳои ба мактаб, омӯзиши илму адаб, ҷалб ва ҳавасманд гардонидани наврасону ҷавонон хеле зиёданд. Яке аз онҳо ташкили вохӯриҳо бо чеҳраҳои маъруфи варзиши ҷумҳурӣ — Қаҳрамони олимпӣ дар намуди гурзпартоӣ Дилшод Назаров, Қаҳрамони ҷаҳон дар намуди гӯштини самбо Беҳрӯз Хоҷазода, Қаҳрамони ҷаҳон дар намуди дзюдо Комроншоҳ Устопириён, муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева ва адибону шахсиятҳои шинохта дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Татбиқи қонунҳои зикргардида, дар баробари беҳбудӣ бахшидан ба дигар паҳлуҳои ҳаёт, барои таълиму тарбияи фарзандон дар оила ва мактаб шароити мусоид фароҳам меоранд. Тавассути худдорӣ намудан аз сарфу харҷи беҳуда падару модарон имкон пайдо мекунанд, ки барои аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ хубтар ба камол расидани фарзандон мусоидат намоянд.

Шукргузор ва ифтихорманд ҳас­там, ки бо шавҳарам касби заҳматталаб, вале пурифтихори омӯзгориро пеша намудаем. Беш аз 14 сол мешавад, ки ба таълиму тарбия машғул мебошам. Солҳои аввал, бинобар мушкилоти соҳа, хоҳиши тарк намудани омӯзгорӣ дар дилам пайдо мешуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳаргиз аз уҳдаи омӯзгорӣ баромада наметавонам. Хушбахтона, устодони ботаҷрибаи мактаб, бахусус сарвари  муассисаамон С. Мухташева, маслиҳатгару кумакрасонам гардиданд. Бо шарофати дастгирӣ ва кумакҳои беғаразонаи онҳо ҳоло дар тарбияи насли наврас саҳмгузорам.

 Муҳайё ТОШЕВА,

омӯзгори МТМУ № 52,

ноҳияи Исмоили Сомонии

шаҳри Душанбе