Абдусалом Мирализода: «Фурӯғи субҳи доноӣ…» минбари хирадафрӯзӣ мебошад

№49 (3999) 02.05.2019

Мирализода А. (1)Дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли ҷорӣ баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад. Вобаста ба ин, бо директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода суҳбат доир намудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- 9-уми феврали соли ҷорӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» содир гардид, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти кишвар миёни қишрҳои ҷомеа соли равон доир мегардад.

киоб1Ин иқдоми фарҳангӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризон намегарданд. Феълан зарурат пеш омадааст, ки кормандони муассисаҳои илмию фарҳангӣ барои равнақи бештари сиёсати илмӣ-фарҳангии кишвар ва тарбияи мукаммали насли солиму ояндасоз, меросбари сазовори давлатдории навин фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоянд. Мардуми кишвар, бахусус, ҷавононро низ лозим аст, ки аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, ба китобу китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ рӯ оваранд ва баҳри ободиву сарсаб­зии Ватан саъю талош намоянд.

- Хоҳишмандам ҳадаф ва нуктаҳои асосии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»- ро тавзеҳ диҳед.

- Озмун аз рӯи чор номинатсия — аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ, аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон дар чор давр гузаронида мешавад. Ҳадаф баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъо­лгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳама зинаи таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, дарки ҳувияти миллӣ, эҳёи тамаддуну фарҳанги миллӣ ва меҳру алоқа миёни насл­ҳои имрӯзу гузашта мебошад.

Вақте бо низомномаи озмун ошно мешавем, дармеёбем, ки номинатсияҳои он бо дарназардошти аҳамияти давраҳову жанрҳои гуногуни адабӣ баҳри худогоҳии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири прагматикӣ интихоб шудаанд. Рӯ овардан ба осори классикон бар ин маъност, ки адибони фарзонаи миллат чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Шамсиддин Шоҳин, Нақибхон Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва ғайра беҳтарин идеалҳои инсонӣ ва марому орзуҳои неки башариро дар баландтарин шаклҳои адабӣ тараннум намудаанд. Аз ин рӯ, мутолиаи ҳамешагии осори ниёкон ва фарзонагони сарзамин барои мардуми фарҳанг­парвар, бавижа, насли ҷавони ояндасоз ва меҳандӯст, муҳим аст.

Таҳқиқу баррасии осори адабиёти ҷаҳон аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва эстетикиву сиёсӣ дошта, хонандаро ба чеҳраҳои бузурги адабиву таърихӣ ошно менамояд, ба ин васила хонанда вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии давраҳои гуногуни халқҳои дигарро меомӯзад, ки ба бедоршавии ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии ӯ мусоидат мекунад. Зеро, ояндаи ҳар миллат марбут ба он аст, ки насли навраси он чӣ гуна тарбият меёбад. Ихтисос додани яке аз номинатсияҳои озмун ба ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ далели он аст, ки дар роҳи дурусти тарбияи насли ҳамаҷиҳата солим қарор дорем.

- Дар ҷомеа камтаваҷҷуҳӣ ба китобу китобхонӣ низ мушоҳида мешавад. Шумо омили аслии инро дар чӣ мебинед?

- Мушкилии асосӣ дар ин ҷода тафаккури на чандон дурусти аксар намояндагони насли калонсол мебошад, ки бо вуҷуди имкониятҳои фаровон, ҳанӯз ҳам ба оммавигардонии пурраи фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа даст наёфтаем. Аксарият танҳо китобхонии кӯдакону наврасон ва ҷавононро таъкид карда, сарфи назар мекунанд, ки агар мехоҳем фарзандон китобхону соҳибмаърифат бошанд, қабл аз ҳама тарбиятгарони онҳо, падарону модарон, омӯзгорон ва дӯстону рафиқонашон бояд китобдӯст бошанд. Тарғиби фарҳанги китобхонӣ тавассути симову садо ва дигар ВАО аҳамияти муҳим дорад, вале намунаи зинда дар мисоли падару модар, бародару хоҳар ва дӯсту рафиқ таъсири бештарро дорост ва хурсандиовар аст, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ…» маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии фарҳанги мутолиа равона гардидааст. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги китоб ва мутолиаи анъанавӣ дар ташаккули тафаккури инсон, бояд ин ҳақиқати замонро низ қабул кунем, ки мавҷудияти воситаҳои фаровони техникии иттилоърасонӣ, монанди сомонаҳои гуногуни интернетӣ, рӯзномаву маҷалла ва китобҳои электронӣ бо фарогирии доираи ниҳоят васеи маълумоти марбут ба соҳаҳои гуногуни илму ҳаёт ба фарҳанги китобхонии мардум бетаъсир намонда, аз ҳар як хонанда дар масъалаи интихоби сарчашмаи иттилоотӣ малакаву маҳорат, дақиқкорӣ ва бархӯрди мақсаднокро тақозо менамояд.

Ҷиҳати равнақи бештари фарҳанги мутолиа дар ҷомеа, ҳамчунин ба унвони тадбири бисёр хушоянд ва таҷрибашуда метавон аз анъанаи неки тақдими китоб ба якдигар ёдовар шуд ва беҳуда нест, ки дар сатҳи ҷаҳон 14 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии тақдими китоб таҷлил мешавад. Дар ин рӯз одамон ба наздикону пайвандон ва азизон китоб ҳадя мекунанд. Татбиқи васеи ин амал миёни аҳли ҷомеа низ бисёр ибратомӯз ва коромад хоҳад буд.

Тавре аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дигар иқдомҳои Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати фарҳангӣ бармеояд, тарғиби китобу китобдорӣ на танҳо вазифаи китобдорон, балки дигар ашхоси касбу кори гуногун низ мебошад.

- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз мутасаддиёни озмун аст, чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Воқеан, басо рамзист, ки даври чорум – ниҳоии озмун то 20-уми декабри соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани он Ситоди озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ташкил шуда, барои раҳнамоии довталабон мунтазам фаъолият мекунад. Ҳамчунин, толори махсуси баргузории даври ниҳоии озмун ва толори ҳакамон таъсис дода шуда, дар даромадгоҳи асосии бино навиштаҷоту овезаҳои таблиғотию роҳнамоӣ насб гардидааст. Кормандони Китобхонаи миллӣ ба довталабон ҳар рӯз ҳамаҷиҳата кумак мерасонанд.

Барои осону мукаммал ва дар кӯтоҳтарин муддат дастраси дов­талабон гардонидани асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан дар озмун тавсия шудаанд, дар Китобхонаи миллӣ толори махсус ҷудо карда шуда, китобҳои тавсиядода дар толори фалсафа ва ҳуқуқ ҷамъоварӣ гардидаанд. Нусхаҳои электронии китобҳои тавсиявӣ омода гардида, дар ҳомилҳо (дискҳо)-и электронӣ ва хотираи компютерҳо барои истифода ҷой дода шудаанд. Бовар дорам, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ…» минбари бузурги хирадафрӯзӣ ва баргузории он такони ҷиддие дар фарҳанги китобхонии мардум гардида, мағзҳои хуфтаро бедор, зеҳнҳои шахшударо фаъол мегардонад ва чеҳраҳои нави суханвару сухандон, муаррифи арзишҳои миллию фарҳангӣ дарёфт ва ҳамин тавр, пояҳои ғоявии Истиқлолияти давлатӣ устувор мегардад.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»