Агар зиндагии шоиста хоҳем…

№45 (3995) 23.04.2019

viber image 2019-04-17 , 14.54.16Таҳсилоти фарогир ё инклюзивӣ. Имрӯз аҳли ҷаҳон дар натиҷаи таҷрибаи ҳосилнамуда бар он ақидаанд, ки бояд ҳар як кишвар пешрафт намуда, вазифаи худро иҷро кунад. Яъне, он «раванди мақсадноки таълим ва иҷтимоишавии шахсони талаботи махсуси таълимидошта ва имкониятҳои саломатиашон маҳдудро дар фазои ягонаи таълимӣ бо муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қобилият таъмин намояд».

Кишварҳои пешрафта дар ин кор ба муваффақият ноил гардидаанд, кишварҳои рӯ ба рушд амалҳоеро барои беҳгардонии муҳити таҳсилоти шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд иҷро мекунанд, бархе дар ин ҷода қадамҳои аввалин мегузоранд. Аммо муҳим он аст, ки ҳама фаҳмидаанд: таҳсилоти наврасону ҷавонон ва калонсолони талаботи махсуси таълимидошта бо баҳисобгирии вазъи саломатӣ бояд дар муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзии маъмулӣ, бо муҳассилине, ки чунин мушкилотро надоранд, ҷараён гирад. Зеро чунин шеваи кор барои ҳампайвандии гурӯҳи осебпазир бо ҳаёти ҷомеа, баҳри соҳиби шуғл гардидан самаранок мусоидат мекунад.

Ва ин хуб аст. Чаро?

Саводнокиву таҳсилоти босифат аз омилҳои муҳими коҳиши қашшоқиву камбизоатӣ, зиндагии шоистаи инсонҳост. Ва агар зиндагии шоиста хоҳем, таҳсилоти босифату фарогир низ бояд дошта бошем.

Аз ин сабаб, дар 17 «Ҳадафи рушди устувор барои солҳои 2016-2030», ки соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чун барномаи ҷаҳонӣ ба тасвиб расид, таҳсилоти босифату фарогир Ҳадафи чорум нишон дода шудааст. Вазифаи он иборат аз таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва мусоидат барои имконоти омӯзиш дар ҳаёт барои ҳама аст. Новобаста аз миллат, кишвари зист, табақаи баромад ва имкониятҳои саломатӣ. Мавриди зикр аст, ки ин ҳуҷҷат – муайянкунандаи вазифаи давлатҳои аъзои СММ дар соҳаи рушди устувор то соли 2030, аз ҷониби давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Дар кишвари мо се ҳуҷҷати стратегии марбут ба ноилгардӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор қабул гардида, аз соли 2016 тибқи онҳо амал карда мешавад. Яке аз онҳо «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» мебошад. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки соли 2017 қабул шудааст.

Ҳадафи 4-уми ҲРУ аз 10 банд иборат аст. Он ба масъалаҳои мубрами таҳсилот бахшида шуда, вазифаи давлатҳоро барои ҳалли онҳо муайян намудааст. Дар ду банд масъалаи таҳсилоту касбомӯзии шахсони маъюб инъикос ёфтаанд. Яъне, таъсис ва такомули кори муассисаҳои таълимие, ки эҳтиёҷи хоси маъюбонро ба назар гирифта бошанд, барои ҳама таъмин намудани муҳити таълими самаранок, озод аз монеаҳои иҷтимоӣ, таъмин намудани дастрасии баробар ба таҳсилот ва тайёрии касбию техникии сатҳҳои мавҷуда барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус, маъюбон.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои кӯдакони имконияти саломатиашон маҳдуд, ҷиҳати баробар бо кӯдакони сиҳат гирифтани таълим дар муассисаҳои мактабиву томактабии умумӣ «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияти саломатиашон маҳдуд барои солҳои 2011-2015» қабул гардид.

Зарурати дар муассисаҳои давлатии таълимӣ ҳамроҳи муҳассилини дигар бо таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифтани шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд дар лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар баррасист, низ таъкид гардидааст. Тавре ки муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, яке аз таҳиягарони лоиҳа, номзади илмҳои педагогӣ Нурулло Оқилзода иттилоъ дод, дар лоиҳа ба таҳсилоти фарогир фасли алоҳида бахшида шудааст. Ин аввалин иқдомест, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ мавзӯи таҳсилоти фарогир густурда, яъне дар фасли калони алоҳида, иборат аз чанд боб ва қариб 30 модда инъикос меёбад.

Нурулло Оқилзода гуфт, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон масъалаи шуғл аз мушкилоти ҳалталаб аст ва кафолати ҳуқуқӣ барои касбомӯзии наврасону ҷавонон ва калонсолон, аз тариқи квота бо кор таъмин намудани онҳо, ки ин ҳам дар лоиҳа таъкид шудааст, воқеан, беш аз ҳарвақта зарур аст.

Гуфтанист, айни замон ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар, ки дар соҳаи таҳсилот пурра ё қисман кор мебаранд, низ лоиҳаҳоеро оид ба таҳсилоти босифату фарогир амалӣ месозанд. Аз ҷумла, барои афзун намудани иттилоънокии ҷомеа оид ба Ҳадафи 4 – уми ҲРУ баргузор намудани 6 суҳбати мизи гирд дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, корфармоён, фаъолони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди Ҳадафи 4-уми Ҳадафҳои рушди устувор бо таваҷҷуҳ ба ҷавонони маъюб аст.

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ТҶ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва ТҶ «Лигаи занони маъюб «Иштирок» татбиқ мешавад. Ҳадаф аз он саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоӣ, раванди ташаккулёбии сиёсати таҳсилоти касбии фарогир дар Тоҷикистон тавассути пурқувват намудани ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ва шабакаҳои онҳо, инчунин пешбурди ҳамкории онҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба манфиати гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Вазифаи лоиҳа, аз ҷумла, муайян намудани ниёзҳои омӯзишии ҷавонон, имкониятҳои таълимӣ ва ҷои кори мавҷудбуда, ҷойҳои эҳтимолӣ барои шуғли ҷавонон аст. Татбиқи лоиҳа ба беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии омӯзиши касбию ғайрирасмии босифат, фароҳам овардани муҳити беҳтар дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати омӯзиши касбии фарогир барои ҷавонони маъюб мусоидат мекунад.

Талъат НИГОР, журналист