Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»

Ҳамкориҳо дар соҳаи об густариш меёбанд

№6 (3152) 14.01.2014

1

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои нодири об ва иқдомоти хеш оид ба таъмини дастрасии мардуми ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ машҳур гардидааст. Бинобар ин, кишварҳои зиёди олам мехоҳанд дар ин бобат бо ҷумҳурии мо ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Чанде пеш кормандони Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳои Академияи муҳандисии Тоҷикистон Камол Нуралиев ва Муним Абдусамадов аз ҷумҳуриҳои Литва ва Беларус баргаштанд. Доир ба натиҷаҳои ин сафар хабарнигорамон бо академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ Камол Нуралиев ҳамсуҳбат шуд.

Тавре маълум аст, ҳоло «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015» идома дорад, ки ташаббускори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вобаста ба ҳалли масъалаҳои об ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ мунтазам ривоҷ меёбанд. Вобаста ба «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» кишвари мо чорабиниҳои зиёдеро  амалӣ намуд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи оби Душанбе (20-21 августи соли 2013) хеле бонуфуз ва манфиатбахш буд. Зимни суханронӣ дар оғози ин ҳамоиши бузург Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи об даъват карда, аз ҷумла таъкид намуд: «Ҳамкории пурсамар дар соҳаи об қодир аст, ки омили суръатбахши рушд гардад, набудани он бошад, баръакс метавонад барои вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои шомили ҳавзаҳои умумии об пайомадҳо ва хатарҳои ҷиддӣ эҷод созад».

Дар доираи чунин ҳамкориҳо, мо чанде пеш бо даъвати роҳбарияти Ширкати «Трайдянис»-и Ҷумҳурии Литва дар ин ширкати азим будем,- гуфт дар оғози суҳбат Камол Нуралиев ва корхонаи номбурдаро чунин тавсиф кард:

-Он ширкати лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, васлнамоӣ ва хизматрасонии иншооти обтозакунии обҳои равон ва ҳавзаҳо мебошад, ки соли 1996 таъсис ёфтааст. Ширкати «Трайдянис» дар соҳаи биотехнология ва технологияии обтозакунӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешсаф аст. Трайдянис номи яке аз князҳои машҳури Литва дар қарни XIII мебошад ва дар замони вай давлати литвониҳо тараққӣ карда, аз ҷумла муносиботи тиҷоратӣ бо кишварҳои дигар ривоҷ ёфта буд. Маҳсулоти дар  ин корхона истеҳсолшаванда айни замон дар бисёр кишварҳои дунё талабгори зиёд дорад.  Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Қазоқистон ва Озарбойҷон бо ин корхона ҳамкориҳои илмӣ ва истеҳсолӣ доранд.

Тавре зимни мулоқотҳо бо меҳмонони тоҷик зикр кардид, баъди ташрифи онҳо акнун бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда хоҳад шуд.

Яке аз мақсадҳои асосии Ширкати «Трайдянис» ин мусоидат ба беҳтар шудани сифати муҳити зист, пешгирии ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ, муҳити атроф, хок, ҳимояи олами наботот ва ҳайвонот мебошад. Зарфҳое, ки дар ин ҷо омода мешавад, аз матоъ, ришта, бӯрё ва қатрон (ширеш) таркиб ёфта, дар баробари сабук будан хеле бадошт ҳастанд. Ин зарфҳоро барои нигоҳдории равған, об, нуриҳо, моддаҳои кимиёӣ ва ғайра истифода бурдан мумкин аст. Зарфҳои шишаю пластикии корхонаро ҳамчун иншооти обтозакунӣ, ҳавзҳои зиддисӯхтор ва ҳамчунин барои ҷойгиркунии агрегатҳои насосӣ метавон истифода бурд.

Олимони тоҷик аз шуъбаҳои техникӣ, озмоишгоҳҳо, сехи таҷрибавӣ ва базаи истеҳсолии корхона, ҳамчунин иншооти биологии  обтозакунӣ (барои маҳаллаҳои аз 500 то 5000 нафар аҳолидошта) дидан карданд. Дар корхона се нафар доктори илми техникӣ ва 15 номзади илм кор мекунанд. Дар мавриди истифодаи маҳсулоти корхонаи зикршуда дар кишвари мо Камол Нуралиев чунин иброз дошт:

-Тавре мо дидем, маҳсулоти корхонаи мазкур барои кишвари мо хеле муҳим аст, аз ҷумла истифодаи системаи обтозакунӣ дар ҷойҳое, ки обҳои зеризаминӣ дар қисмати болоии замин ҷойгир аст ва мунтазам баланд мешавад. Чунин минтақаҳо дар кишвари мо дар як қисмати шаҳру ноҳияҳои Исфара (дар ҳудуди таъсири обанбори Торткул), Ҷаббор Расулов ва баъзе ноҳияҳои водии Вахш мавҷуданд. Ҳамчунин бо иншооти дигари биологии обтозакуние шинос шудем, ки барои истифодаи хонаҳои шахсӣ, ки имкони пайвастшавӣ ба системаи иншооти канализатсионии обтозакунии марказиро  надоранд, пешбинӣ шудааст. Чунин системаро дар кишвари мо дар хона ва бӯстонсаройҳои дараҳои Варзобу Ромит ва истироҳатгоҳҳои обанбори Қайроққум метавон мавриди истифода қарор дод. Ин технологияҳо имконият медиҳад, ки оби дарёҳо аз ифлосшавӣ нигоҳ дошта шаванд. Ҳамчунин мо боз бо бисёр техникаю технология ва дастовардҳои илмӣ шинос шудем, ки ба истеҳсолот ҷорӣ намудани он барои кишвари мо  низ зарурият дорад.

Дар ин бобат мо бо мутахассисону олимони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва дигар муассисаю ташкилотҳо суҳбату мулоқотҳо мегузаронем ва дар оянда, Худо хоҳад, боз як имкони ҳамкориҳои манфиатбахш доир ба масъалаҳои об пайдо мешавад.

Аз ҳамсуҳбатам дар бораи дидаю шунидаҳояшон аз Ҷумҳурии Беларус пурсон шудам. Таассуроти эшон дар ин бобат ҳам хеле зиёд буд. Аз ҷумла Камол Нуралиев зикр кард, ки дар Донишкадаи муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус, воқеъ дар шаҳри Гомел, онҳоро гарму ҷӯшон истиқбол карданд.

Дар ин ҷо муаррифии китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, вазъият ва дурнамо» баргузор шуд. Олимону мутахассисони Ҷумҳурии Беларус ба захираҳои бойи гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, тавассути суҳбат бо мо ва шиносоӣ бо китоб дар ин бора маълумоти фаровон ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки муаллифони китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, вазъият ва дурнамо» Камол Нуралиев, Муним Абдусамадов ва Рустам Латипов мебошанд, ки соли 2011 ба забони тоҷикӣ ва соли 2012 ба забони русӣ ҳам чоп шуд. Китоби мазкур аз шаш боб иборат буда, маводҳоро оид ба се иқдомоти глобалии Тоҷикистон, ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад. Дар қисматҳои дигари китоб оид ба масъалаҳои об, захираҳои обӣ, яъне пиряхҳо, дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминӣ, ҳолати мавҷудаи сектори об ва рушди минбаъдаи соҳа маводҳо ҷой дода шудааст. Дар ин китоби пурарзиш оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, ҳодиса ва равандҳои табиии марбут ба об, пешрафти илми мелиоратсия ва гидротехника ва беҳгардонии вазъ тавсияҳо низ дода шудааст, ки аҳамияти асарро дучанд мекунад.

Вақте мақолаи мазкур омода мешуд, иттилоъ гирифтем, ки  ба унвони раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия,  Президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академик Амир Катаев ва директори Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Зайнулобиддин Кобулиев аз номи ректори Донишкадаи муҳандисии Гомели Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус А. А. Украинетс барқияҳо расиданд.  Дар барқияи  унвонии А. Катаев расида, аз ҷумла зикр ёфтааст: «Академикҳо К. Нуралиев ва М. Абдусамадов зимни боздид аз донишкадаи мо рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 барои ҳайати устодону профессорон доир ба масъалаи муҳими глобалии об ва дар ин робита иқдомоти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмазмун хонданд. Ҳамчунин бо хоҳиши мо роҷеъ ба масоили экологии минтақаи кӯли Сарези Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд ва бисёр масъалаҳо бароямон равшан шуд. Ҳангоми дар шаҳри Гомел будани олимони тоҷик – К. Нуралиев ва  М. Абдусамадов якҷоя бо дотсенти донишгоҳи муҳандисии мо  В.В.Копитков як дархост барои ихтироъ дар мавзӯи «Ҳайати оташҳимоякунанда барои конструксияҳои чӯбин» ба имзо расид, ки он ба Раёсати давлатии «Маркази миллии моликияти интелектуалӣ» — и Ҷумҳурии Беларус равона карда мешавад.  Мо миннатдории хешро аз олимони тоҷик баён карда, хостори дар оянда ривоҷи ҳамкориҳои илмӣ ва истеҳсолием».

-Ба роҳ мондани ҳамкориҳои манфиатовар доир ба масоили об бо кишварҳое, ки аз ҷиҳати истеҳсоли техникаю технологияи ҳозирамон пеш рафтааанд, ба ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба об, ҳифзу истифодаи самарабахши захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат менамояд,- гуфт дар поёни суҳбат Камол Нуралиев.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»