Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд

№145 (3939) 01.12.2018

Чанде пеш дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ширкат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ зикр кард, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон иқдоми наҷибе  пеш гирифта мешавад. Таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ  аз ҷумлаи ҳамин гуна иқдомоти Роҳбари давлат аст.

Мавриди зикр аст, ки ҳар сол хонандагону донишҷӯёни вилояти Суғд дар озмуну олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Ғолибияти 95 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсуси вилоят дар озмуни бонуфузи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода аз нақши шоистаи ҷавонон дар ҷомеаи муосир, дастгириҳои беназири Пешвои миллат ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои соҳавӣ ҳарф зад.

Дар интиҳои ҷамъомад раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.

М.МАҚСУДОВ, «Садои мардум»