Ҳар кӣ роҳ дар талаби илм паймояд…

№6 (3956) 15.01.2019

Илм дар таълимоти мутафаккирони мо мақоми вижа дошта, ҳадаф ва натиҷаи он ҳидояти башар аз торикию нодонию ғафлат ба сӯйи рӯшаниву маърифат мебошад. Аз ин ҷост, ки «илмро нуру ҷаҳлро зулумот» гуфтаанд. Пас, онҳое, ки аз ин неъмати гаронмоя дуруст истифода кардаанду мекунанд, ҳатман аз мартабаи ҷаҳолату разолату ҳабосат наҷот ёфта, оқибат ба ҳақоиқу хубиҳо пайваст мегарданд. Азбаски илм шариф асту шарофати хосеро дорост, мардум чун афродеро аз миёни худ дар илму маърифат дармеёбанд, ба онон эҳтиром намуда, калому гуфторашонро мепазиранд. Маҳз бо тафаккуру андешаи нек, лаҳни пок ва баёни возеҳ инсон метавонад ба камол расад.

Илму ҷаҳл шабеҳи ҷаннату ҷаҳаннаманд ва оне, ки илмро ихтиёр кард, пас, роҳи ҷаннатро пеш гирифт ва касе, ки ҷаҳлро интихоб намуд, пас, омодаи азоби Илоҳӣ бошад. Агар илмро ба сайд шабоҳат диҳем, инсони комил сайёди он аст. Паёмбари Худо (с) чунин фармудаанд: «Илму ҳикмат (молҳои) гумшудаи муъминанд, онро дар ҳар ҷое биёбад, мегирад… Илм агар дар Чин ҳам бошад, онро ба даст биёред».

Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси дигаре ҳам ба ин маънӣ фармудаанд: «Ҳасад бурдан ҷуз ба марде, ки Худо ба ӯ ҳикмати қуръонӣ додааст ва ӯ бо он ҳукм кунад ва онро ба дигарон таълим диҳад, раво нест.

Ҳар фарде, ки майл ба сӯи камолот дорад, бояд ва ҳатман ба илмомӯзӣ шавқу рағбат дошта бошад ва пайваста донишашро сайқал дода, бо донистааш амал кунад. Ҳамчунин, ӯ вазифадор аст, ки илми омӯхтаашро ба дигарон низ таълим диҳад.

Илму амал ду василаи муҳими расидан ба ҳадафҳои инсон аст ва дар ин маврид Расули гиромӣ дар аҳодиси гуҳарбори худ, аз ҷумла, фармудаанд:

«Хайри дунёву охират ҳамроҳи илм аст ва шарафи дунёву охират низ ҳамроҳи илм аст».

«Арҷмандтарини мардум донишмандтарини онҳо ва беқадртарини онон камдоништаринашонанд».

«Дониш — дӯсти мо, мусоҳиби мо, дар биёбони танҳоӣ ва аслиҳа дар муқобили рақибон аст».

«Дар илму дониш хайрхоҳи якдигар бошед, ки хиёнат дар илм аз хиёнат дар мол бадтар аст».

Илм барои олиму аҳли он масъулиятест, ки бояд ҳамеша дар мадди назар бошад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хитоб мекунад, ки илм нокасу бадаслро нашояд:

Илм агар бар дасти ғаддоре фитад,

Оқибат Мансур бар доре равад…

Илму молу мансабу ҷоҳу кирон,

Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

Додани теғ аст дасти роҳзан…

Паёмбари акрам фармуданд, ки: «Ҳар касе роҳеро дар талаби илм паймояд, Худо барои ӯ роҳро ба сӯйи ҷаннат ҳамвор мекунад, фариштагон болҳояшонро барои илмомӯзон боз мекунанд, чун аз кори онҳо хушашон меояд. Тамоми махлуқоти замину осмон ва ҳатто моҳиёни дарё барои толбилмон аз Худо мағфират металабанд. Бартарии олим бар обид мисли бартарии моҳтоб бар дигар ситорагон аст, олимон ворисони Паёмбаронанд, анбиё дирҳаму диёр нагузоштаанд, танҳо илмро ба мерос гузоштаанд. Пас, ҳар кӣ онро гирифта бошад, ҳиссаи бузурге насиби ӯ шуда бошад»

Аз ин ҳадиси шариф чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст:

1) Он кӯшишу ғайрате, ки дар роҳи илмомӯзӣ сарф мешавад, агар дар ҷиҳати маърифат сарф шавад, инсон дар ин замина ба мақсад мерасад. Роҳи илм роҳи биҳишт аст ва он чӣ хуб роҳест. Пайравони ин роҳ ба комёбӣ ноил мегарданд. Ҳамчунин, махлуқоти замину осмон дар ҳаққи илмомӯзон дуо мекунанд ва аз Худо мағфират металабанд.

2) Фарқи олим аз обид ба андозаи фарқи байни моҳу ситорагон аст, зеро олим бо илм атрофашро равшан сохта, роҳи инсонҳоро пурнур мегардонад. Обид бо вуҷуди манзалати боло доштани ибодатҳои нафлӣ танҳо ба худ манфиат мерасонад. Олим бошад, ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиён фоидаовар аст.

3) Олимон ворисони Паёмбаронанд, ки ин ҳам муждаи бузург аст. Паёмбарон ба ҷуз илму ахлоқи наку ҳеҷ меросе боқӣ нагузоштаанд, олимон бо интихоб намудани роҳи илм шарафи ворисии Паёмбаронро ба даст меоранд.

Беҳтарин атову бахшиш баъд аз нубуввати анбиё илм аст. Касоне, ки иродаи дунё мекунанд, бояд илм омӯзанд ва ҳар кӣ иродаи охират дорад, бояд ҳам илм андӯзаду ҳам бо он амал намояд.

Аз Имом Шофеъӣ (р), ки аз аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳисоб меравад, пурсиданд:

- Рағбати шумо ба илм чӣ гуна аст?

Гуфтааст: «Чун бори аввал ҳарферо бишнавам, тамоми аъзои ман майли шунидани онро мекунад ва аз он баҳра мебарам».

Боз аз ӯ пурсиданд, ки ҳирси шумо ба илм чӣ гуна аст?

Гуфтааст: «Монанди ҳирси касе, ки дар пайи ҷамъ овардани анвоъи гуногуни мол аст».

Боз аз ӯ пурсиданд, ки талаби шумо дар илм чӣ гуна аст?

Гуфтааст: «Мисли талаби зане, ки фарзанди худро гум кардааст, ин дар ҳолест, ки ба ғайри он фарзанд каси дигаре надорад».

Бузургон ҳатто ҳар ҳарфи вожаи «илм»-ро дар иртибот бо фазилату шарофати он шарҳ додаанд. Масалан, ҳарфи нахуст — «ъайн» аз ъулв, ъулвият, яъне баландӣ гирифта шудааст. Ҳарфи «лом» аз лутф ва «мим» бошад, аз мурувват аст. Пас, шахси олим бояд аз ин се чиз баҳравар бошад, то ба мартабаи воло расида, соҳиби меҳрубониву мурувват гардад.

Агар инсонҳо манофеи илмро медонистанд, ба ҷуз илм чизи дигареро дунболагирӣ намекарданд, зеро он василаи саодатмандӣ дар ҳар ду олам мебошад.

Воқеан, фазилати таълим ва касби маърифат то ҷое болост, ки онро мисли дигар ашё ба осонӣ наметавон ба даст овард. Агар чунин намебуд, сармоядорони олам онро тавассути молу пул ба даст меоварданд. Хушбахтона, чунин нест ва дар ҳамин аст фазилату мартаба ва манзалати баланди илму таълим.

Сафархон Вализода, муаллими калони кафедраи «Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ»-и Академияи ВКД