Ашъоре бо бӯи нони гарм

№66 (4172) 04.06.2020

IMGАдабиёти тоҷик тӯли солҳо ба тамаддуни башарият осори гаронбаҳо зам кардааст. Ангуштшумор адибонеро метавон дарёфт, ки осори мондагор дошта бошанд. Хуш ба ҳоли эҷодгаре, ки миёни ҷомеа маҳбубу шарафманд бимонад.

Эҷодиёти шоири ваҳдатоину ватанпарвар Ҷумъа Қувват дар назми муосир бо вежагиҳои махсус умри пурбаракаташро ҳусни маънӣ мебахшад. Шеъри ӯ ба муҳити солими хонавода ва тарбияти волидони пандомӯз пайвандӣ дорад. Айёми наврасӣ болои пуштаҳои сабзу махмалгуни канори деҳаи хушманзари Дегаӣ бо ҳамсолон бозида, гоҳи дигар бар-бари талу пуштаҳо дар ҳавои суруди «Ман доғ»-и гандумдаравҳо хӯша чида, бо шамими атрогини гулу майсаҳои кӯҳистон ба камол расидааст.

Яке аз рӯзҳои соли 80-уми асри рафта, бо иқдоми роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили «Адибони ҷавон» аз тариқи Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон» мустақиман пахш гашт. Садри маҳфил шоири ширинсухан ва базлагӯ Боқӣ Раҳимзода буд. Дар миёни чанд навқалам чакидаҳои хомаи Ҷумъаи озодагуфтор низ баррасӣ шуд. Ҳар навбат устод Мирзо Турсунзода аз аввал то охир маҳфилро бодиққат наззора карда, бо шунидани мисраъ ё шеъри тоза тифлона меболид. Ҳамон шомгоҳӣ аз телевизор ироаи шеъри «Нони гандум» аз ҷониби муаллифи ҷавон диққати устодро ба худ кашиду ба дафтари хотира исми Ҷумъа Қувватро сабт намуд.

Фардои он рӯз сарпарасти адибон Мирзо Турсунзода ба Боқии маҳфилоро фармудааст, ки шеъри дар мавзӯи муқаддас доштани нон шунидаашро барои шумораи навбатии маҷаллаи «Садои Шарқ» омодаи чоп созанд. Ҳамин тавр, шоир Ҷумъа Қувват бо шеъри «Нони гандум» ба майдони адабиёт омад.

Ҳидояти Мирзо Турсунзода боис шуд, ки шоири ҷавон дар ҷодаи пурзаҳмат миён маҳкамтар баста, шеър нигошт ва аз суханварон бо камоли эҳтиром фотеҳа гирифт.

Дарвоқеъ, тасвири нони гандумӣ аз нигоҳи Ҷумъа Қувват чунон дилкашу муассир ва шоирона пеши рӯ меояд, ки воқеан, ҳам ба дилу ҳам ба забон иқрор мекунед: «Нон бувад чун ҷони одам». Ташбеҳоти дар баҳорон сар кашидани сабзаи  гандум ба нӯги ханҷар, хӯшаи он ба гесӯи духтар, донааш ба ахтар, сафедии орди гандум ба шири поки модар, кулчаашро ба рӯи дилбар монанд кардану парастиши нону хӯшаҳои пурдони гандум аз маҳорати баланди шоирӣ башорат медиҳад.  Ҳамин шеър дар баъзе аз китобҳои дарсии макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Дар шеъри «Худованди Замин-Одам» руҷӯи шоир баҳри муқаддас ва ҳифз доштани дони гандум жарфтар меравад. Замоне гӯё ҳазрати Одам ҳамнишини ҳурон, сокини биҳишт буд. Аз рӯи ваъдаи Парвардигор як умр дар худ мезист, агар ӯ донаи гандумро намечашид. Чун аҳд бишикаст, аз фирдавси барин хориҷ шуду бар замин омад. Яъне эй, одам, замини покро аз ҷангу хунрезӣ ҳифз намо, ки Бобои азизи мо тарки ризвон карду ҳамнишини инсон шуд.  Ҳотамиҳои ҷумла муъминин ва муслимин аз файзи қадамҳои ӯст. Василаи ранҷу машаққати афзун одам ба шарафмандии Худованди замин расид.

Шоир лаҳзаи рӯи роҳ афтодани пораи нон ва фарроше бо хок якҷо рӯфтани онро дида, сахт барошуфта, хаёле рӯзҳои вазнини ҷангро ба ёд меоварад. «Аё фаррош!» — хитоб мезанад ӯ дар шеъри «Ҳурмати нон». — Магар намедонӣ, ки мардум замони ҷанг рӯзҳо рӯи нонро намедиданд, вале бо чашмони сер тиру тӯпу шамшер ба даст гирифта, адӯро дар хонааш маҳв сохтанд. Акнун ба ҳурмати деҳқони ризқофарин пораи нони сафедро пеш-пеши ҷорӯб нарӯб, хам шуда онро аз замин бардор! Балки зарраҳои нони афтодаро бо дастону миҷгон барчин, ҳамчуноне бобои деҳқон резачинӣ мекунад. Бо ин роҳ ӯ одамонро даъват менамояд, ки ба қадри ҳар зарра нон расанд.

Шеърҳои дигари ӯ аз ин силсила, ба монанди «Дарав», «Ёди кӯдакӣ», «Дасти деҳқон», «Ҳамбастагии бобарор», «Деҳқони даври ҷанг», «Вафо», «Дарахти гандум» ба хотири  мусобиқа бо маъшуқаи даравгар, қиссаи Бобо Нисор аз боби нон-фавти подшоҳи мағрур ва қаҳтсол омадан ба кишвари ӯ, бузургии деҳқон, сӯхтани хоки пок аз теғи Чингизу Сикандар бо ҷафоҳои дигар, дар ҳифзи ғаллазори ҷамъиятӣ худро ба коми оташ андохтани Талбаки Лола, бо дастони пурэъҷози одам заминро саросар сабзондану дар гӯшаву канораш боғҳо бунёд кардан ва шукӯҳ бахшидани замин тасвир шудаанд. Байти «Магар он дам ки ҳангоми дарав будам ба паҳлуят, Дарав кардӣ, ту гандумзори дил бо доси абрӯят?» («Дарав») чӣ андоза самимӣ ва устодона иншо шудааст. Чунин мисраъҳои хотирмон дар силсилаи «Нони гандум» хеле зиёд ба чашм мерасанд.

Солҳои ҷанги таҳмилӣ шоир ба даргириҳо бетараф наистод ва рисолати хешро ба ҷой овард. Ӯ мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват карда, силсилашеър­ҳои «Ваҳдат, эй мардум, ки вақти ваҳдат аст»-ро иншо намуд. Баъдтар гулчини силсила дар шакли маҷмӯаи алоҳида бо номи «Ваҳдатистон» (Душанбе, «Адиб», 2010) аз чоп баромад. Муаллиф ҳароина ҷангро маҳкум намуда, аз тантанаи сулҳ меболад. Шеъри «Қаҳрамони Ваҳдат аст» ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ бахшида шудааст. Барои намуна:

Шукри Ҳақ, шаҳбози дил дар ошёни Ваҳдат аст,

Раҳбари мо раҳнамое бар ҷаҳони Ваҳдат аст.

Ҷумла олам дар раҳи Ваҳдат агар чун тан бувад,

Тоҷикистон, то ҷаҳон боқист, ҷони Ваҳдат аст.

Ҷумъа Қувват ба маънии тамом шоири ваҳдатоину ватандорест. Ӯ ба ҳар пора замин ва дору дарахти диёр муҳаббат баставу резасангу зарраи хокашро аз лаълу ёқуту хирвор, кӯшку аҳромҳои мулки бегона бартар мешуморад. Дастовардҳои мардуми шарифро нодида нагирифта, ворисонашро ба пойдории давлат талқин менамояд. Аз ин ҷост, ки дар шеъри «Ваҳдати тоҷикон»  менигорад: ҳини ташаккули давлати миллӣ фаро расидаву моро мебояд дар раҳаш ҷонсупор бошем. О ваҳ, пурдард мегӯяд, ки дар ҳимояти Ватан як пероҳан ба бар бикунему бар дифояш то охир содиқ бимонем, агар не, ба ҷояш кафан бипӯшем. Ин беҳтарин ватания барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Чунон ки:

Шуд кунун вақти таъмири Ватан,

Дар раҳаш ҷонфишонему душманфикан.

Бо Ватан гар набошӣ ба як пираҳан,

Пираҳанро бадар кун, ба бар кун кафан.

Аксар шеърҳои ба мавзӯи ваҳдат бахшидаи ӯ аз ҷониби устодони санъати тоҷик Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Мурод, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муминова, Луҳира Муминова ва чанде дигар дар оҳангҳои марғуб сароида шудаанд. Ин далолат бар он аст, ки кайҳо боз ҳамчун шоири халқ эътироф гашта, ҷойгоҳи муносиб пайдо кардааст. Вале ҳанӯз аз комгории эҷодӣ қаноатманд набуда, паи таълифи ашъори тоза хома меронад.

Ашъори шоир дар ҳама ҳолат ҷанбаи миллӣ касб намуда, мутолиагарро ба дӯст доштани ҳар пора хоки Ватан, пос доштани азизони дил, нобиғаҳои адабиёт даъват мекунад. Шеъри «Ёди садри шоирон ояд ҳаме», бемуболиға, ин нуктаро матраҳ месозад. Тарзи гӯйишу тасвири лаҳазоти таърихӣ дар мисраъҳои равону гӯшнавози Ҷумъа Қувват сатр ба сатр оҳанги мутантан пайдо мекунад. «Осмонӣ буд суруди Рӯдакӣ, Ғулғулаш аз осмон ояд ҳаме» аз истеъдоди фитрӣ доштани шоири бедордил башорат медиҳад.

Ҳамакнун, шоири тавонманд аз фарзандони фарзонаи миллат ёд меоварад. Ӯ дар бедорӣ ва ташаккули миллати тоҷик нақши устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсумро густарда мешуморад. «Фирдавсикалом»-и ӯ маҳз ба ин нукта ишора мекунад:

Ҳикмати Синову Афлотун гирифт,

Аз Курӯш ӯ нусхаи қонун гирифт.

Шамъҳо сӯзанд дар қандили ӯ,

Оқилу одил буд Исмоили ӯ.

Шавкату шони Хуросони кабир,

Ҳаст дар таърихи олам беназир.     

Тоҷиконро дод ӯ ному нишон,

«Тоҷикон»-аш кард як қутби замон.

Миллатам дорад ҳазорон эҳтиром,

Бо чунин фарзанди фирдавсикалом.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, дар аввалсухани китоби «Ҳамсанги гавҳар» (Душанбе, 2005)-и шоир нигошта буд: «Нону об асоси зиндагии башаранд. Ҷумъа Қувват дар ҷавонӣ ба ситоиши нон пардохта, муваффақият ба даст оварда буд. Инак, ӯ дар даврони камолоти эҷодӣ ба мавзӯи ситоиши об рӯ овардааст».

«Достони об» аз таърихи Дарбанди бос­тон ҳикоят мекунад. Аз харобаҳои ин шаҳр қубурҳои сафолини обгузарро пайдо карданд. Мантиқан мебарояд, ки дар аҳди бостон ҳам ниёкон ба тозагии об таваҷҷуҳ доштаанд. Оғози достон хонандаро ба гузаштаи дур мебарад, ки он мавзеъ қасри шоҳи Дарбанд ном дошт. Он макони мардони сарафрозу гурдофаридзодагон буд, ки Сикандару Чингизу муғул ба қасри муҳташам наздик омада наметавонис­танд. Вале субҳгоҳе ба ҳангоми гузар шоҳи мулк мебинад, ки чашма хушкидаву себаргаҳо пажмарида, гулҳо сияҳпӯшанд ва сунбул беҳуш афтодааст. Аз ин ҳоли ногувор шоҳ ба даргоҳи илоҳӣ гиребони тавба медорад, ки аз дастони банда чӣ ношукрие бигзашта бошад? Охир бе об мулк харобу дарахтон хазон мешаванд! Об аст, ки донаҳои гандум сабзиш ёфта, хӯша мебандад ва рӯзгор таровиши тоза мегирад. Об аст, ки боғу роғҳо сабзу муаттар гашта, мардум ба осудаҳолӣ мерасанд.

Аз ноомади кор шоҳ ба мардуми диёр нидо мекунад, ки ҳар кӣ ба мулкаш об муҳайё созад, ҳар чӣ бихоҳад, инъомаш мебахшад. Зулол ном писари кулоле пайғомро шунида, ба хотири ишқи Зулола — духтари шоҳи қасри Дарбанд ба имдод бармехезад. «Ё ишқ, бишав ту дастгирам, То дасти Зулоларо бигирам». Ошиқи меҳанпараст аз баҳри ризои ёр сӯи кӯҳсор шитофт. Дид, ки аз таги шах оби чашмаи булӯр аз новаи курӯш ба поин мерезад. Ончунон хушҳол гашт, ки аз сафол нова месозад ва матлабашро ба падараш гуфт. Бо ёрии ҳамдиёрон ба василаи ҳашар як ҳафта ҷӯй канда, ба саҳни қаср об омад. Гулу себаргаву ёсамин аз нав сабз  ва мардум болидаррӯҳ гаштанд. Субҳи нахуст шоҳ ба лаби чашма омада, намози бомдодӣ гузорид.

Шоҳ Фозил дар паймон устувор монд ва рӯ ба издиҳоми одамон гуфт, ки марди кулол пеш ояд ва ҳар чӣ мехоҳад, талабад. Писари кулол наздик омад ва аз кулоливу обу хок лаб кушод. Алқисса, аз шоҳ Зулоларо хост ва падар ба амри Ҳақ розӣ шуд. Ошиқон Зулол ва Зулола ба мурод расида, шаҳди васл мечашанд.

Ҷойи хушҳолист, ки ашъори Ҷумъа Қувват бо шевоӣ ва сабки хос ба гуфти Турсунзодаи бузургвор «аз танӯри дил чу оташпорае» берун ҷаҳида, гӯшаеро сабзу муаттар медорад, ба дилҳо равшанӣ бахшида, дардмандону ранҷуронро ба ояндаи нек умедвор мегардонад. Шеъри ӯ ҷое ҳам тоҷи минбар асту ҳам овезаи муҷаллои дилбар. Шоир аз ранҷи деҳқони хокпош мегӯяд, нахлистони тавҳид ва дарди дили халқро меситояд, ғаму дардро аз дили беморон мезудояд.

Ҳофизаи таърихӣ ашъори шоирро ғаноӣ бахшида, ба рӯҳи бузурги гузаштагон мепечад. Барҳақ, аз «Офтоби оламафрӯзи Аҷам» сухан ронда, аз Яшти вафо-сурудаҳои «Авасто» ёд оварда, халқро ба вафою садоқатмандӣ ва покию озодагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ба ин монанд, дар ашъори вай идҳои Наврӯз, Меҳргон, , ривоятҳои халқӣ, Одаму Ҳавво, Ҷоми Ҷам, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар падидаҳои таърихӣ тавъам омадаанд. Яъне, ӯ шоири баркамол буда, ба ҳар мавзӯе даст бизанад, хоҳ миллӣ ва хоҳ умумибашарӣ, хоҳ лирикӣ ва хоҳ иҷтимоию ахлоқӣ осори ҷолибу хотирмон рӯи сафҳа меоварад.

Мегӯянд, ки ҳар як ҳодисае, ки дар ҷаҳон рух медиҳад, нахуст аз дили шоир мегузарад. Муддатест, ки аз вабои коронавирус башариятро ғаму ғусса фаро гирифтааст. Шоир аз талафи бани Одам ҳамвора ранҷ кашида, бо оҳанги муроҷиат мегӯяд:

Дар мулки сафо софии дарёра бигирем,

Аз накҳати гул лаззати дунёра бигирем.

Созед раҳо, аҳли замин, каштали ҳамро,

То каштали вируси карунора бигирем.

Хидматҳои шоир дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди адабиёти тоҷик аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ордени «Шараф», медали «Хизмати шоиста» ва медали тиллои Кумитаи Сулҳ қадрмандӣ гардидааст.

Дар остонаи 70-умин солгарди умр ба шоири маъруф Ҷумъа Қувват тандурустӣ, умри дарози пурбаракат ва парвози баланди эҷодиро таманно мекунем.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,

адиб