Ба истиқболи 400-солагии Сайидои Насафӣ

Аскаралӣ Раҷабов: «Осори Сайидо пурра таҳқиқ нашудааст»

№86 (3880) 12.07.2018

Аскарали РаджабовБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли равон 400 — солагии шоири бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ва 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат чӣ корҳо амалӣ мешаванд? Аҳамияти осори ин ду шахсият чист? Бобати ин ва дигар масъалаҳо бо масъули барномаҳои илмӣ, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, профессор Аскаралӣ Раҷабов суҳбат анҷом додем.

 - Дар пешниҳод ва қабули лоиҳаи таҷлили 400-солагии Сайидои Насафӣ ба ЮНЕСКО мушкил пеш наомад?

- Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО талаботи зиёд дорад. Барои лоиҳа пешниҳод кардан талаботи онро иҷро намудан лозим аст. Дар лоиҳае, ки вобаста ба ҷашни Сайидои Насафӣ пешниҳод шуд, нишон додем, ки дар ҳифзи мероси ғайримоддӣ нақши бориз дорад. Боиси хурсандӣ аст, ки он қабул гардид.

- Кадом вижагиҳои осори Сайидои Насафӣ ва Наҷмиддини Кавкабӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо мусоидат мекунанд?

- Сайидои Насафӣ аз чеҳраҳои бузурги адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XVII мебошад, ки на танҳо дар ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон, Эрон ва Ҳинд эътибори шоиста дошт. Дар таърихи адабиёт ва фарҳанг номбурда яке аз муаллифони жанри шаҳрошӯб ба шумор меравад. Шаҳрошӯб жанрест, ки дар он намояндагони ҳунар ва пешаҳои гуногун ситоиш мешаванд.

Аввалин шоире, ки дар ин жанр зиёд қаламфарсоӣ кардааст, Сайфии Бухороӣ мебошад. Номбурда дар васфи косибон девони ғазалиёти ҳунармандиро тартиб дода буд, лекин Сайидо ин жанрро ба пояи баландтар бардошта, намунаи такмилёфтаи онро ба миён овард. Дар «Шаҳрошӯб» — и Сайидо зиёда аз 226 навъи касб ва ҳунари мардумӣ сифат шудаанд.

Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ низ аз барҷастатарин чеҳраҳоест, ки бо номаш саҳифаи рангин ва ибратомӯзи шеър ва мусиқии классикии тоҷик алоқаманд аст. То Наҷмиддини Кавкабӣ доир ба масоили мусиқии классикӣ, махсусан санъати мақом, рисолаҳои зиёд навишта буданд, лекин бори аввал бо кӯшиши ӯ куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом», тартиб дода шуд. Ин иқдоми Кавкабӣ минбаъд барои таҳияи матни назмиёти «Шашмақом» заминаи устувор гузошта, берун аз ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ густариш ёфт. Ӯ мактаби классикии мусиқӣ, аз ҷумла, анъанаи эҷод, иҷро ва таҳқиқи «Дувоздаҳмақом» — ро дар шакли нав идома дод.

- Чанде пеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хидматӣ доштед…

- Дар ҷараёни ин сафар ду нусхаи «Баҳориёт» — и Сайидоро, ки дар замони шоир нусхабардорӣ шудааст, аз марказҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфтем. Ин бозёфтҳоро бо пешгуфтор ва суратнусхаи хаттотишуда, ки бо қалами яке аз хаттотони машҳури ҳамон давра Муллоғайрати Бухороӣ китобат шудааст, таҳия кардем. Дар як маҷмӯаи шеърӣ, ки аз он ҷо дастрас кардем, зиёда аз 40 ғазали шоир дохил аст. Илова бар ин, нусхаи китобатшудаи маснавии Сайидои Насафӣ дар васфи Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд дарёфт шуд.

- Дар иртибот ба ҷашн­ҳо чӣ корҳои илмӣ амалӣ шуд?

- Таҳқиқоти академии «Наҷмиддини Кавкабӣ: замон, зиндагӣ ва осори ӯ» гузаронида шудаву ду рисола, аз ҷумла «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», ки ба назм навишта шудааст ва «Рисолаи мусиқӣ» то рӯзҳои ҷашн нашр мешаванд.

Дар баробари ин, ду пажӯҳиши дастаҷамъӣ бо иштироки олимони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик сурат гирифт. Дар ин таҳқиқот перомуни замон ва осори Наҷмиддини Кавкабӣ ва Сайидои Насафӣ муҳаққиқон назари хешро иброз намудаанд.

- Оё мероси адабии Сайидо ба пуррагӣ дастрас ва омӯхта шудааст?

- То имрӯз осори Сайидои Насафӣ дар Эрон, Ҳиндустон ва Афғонистон омӯхта нашудааст. Аввалин муҳаққиқе, ки Сайидоро ҳамчун чеҳраи бузург дар таърихи адабиёт нишон додааст, академик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад. Номбурда солҳои панҷоҳуми асри гузашта мақолаи алоҳида ва рисола бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик»- ро навиштааст, ки то солҳои наздик дар пояи он таҳқиқоте ба миён наомада буд.

Ба ифтихори 400 — солагии Сайидои Насафӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев ва Ҷумъабой Ҳамроев пажӯҳиши нави анҷомдодаро ба кумитаи тадорукоти ҷашн пешниҳод карданд, ки моҳиятан идомаи таҳқиқоти академик А. Мирзоев мебошад.

Бояд гуфт, ки нусхаҳои хаттии дар Тоҷикистон мавҷудбудаи осори Сайидо кулли мероси ӯ нест. Масалан, панҷ нусхаи девони ғазалиёти шоир дар Ӯзбекистон ва як нусха дар захираҳои хаттии Санкт — Петербург маҳфуз аст.

Барои пурра тартиб додан ва нашр кардани мероси гаронмояи шоир бояд он нусхаҳоро омӯзем ва куллиёти мукаммали Сайидоро тартиб диҳем. Бидуни омӯхтани сарчашмаҳое, ки берун аз кишвар, махсусан дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуданд, таҳия ва нашри мероси комили Сайидои Насафӣ номумкин аст.

- Магар дар Ӯзбекистон нусхаҳои то ҳол таҳқиқнашуда мавҷуданд?

- Олимон дар замони шӯравӣ омӯзиши нусхаҳои хаттиро фақат дар Тошканд анҷом додаанд. Нусхаҳое, ки дар дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон мавҷуданд, омӯхта нашудаанд. Ҳангоми сафари хизматӣ дар Ӯзбекистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудам. Маълум гардид, ки дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нусхаҳои хаттие мавҷуд аст, ки муҳаққиқон аз онҳо хабар надоранд.

Зимни сафар як рисолаи назмӣ дар бораи хаттотӣ ва як рисола дар бораи санъати сохтани рангҳо ёфт шуд. Чун имсол «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, муҳаққиқон вазифадоранд, ки ин таълифотро таҳқиқ ва дастраси мардум, хусусан косибон, кунанд. Дар рисола технологияи тайёр кардани рангҳо нишон дода шудааст, ки омӯхтан барои ҳунармандон аз манфиат холӣ нест.

- Таҷлили 400 — солагии Сайидо ва 550-солагии Кавкабӣ дар муаррифии беш аз пеши фарҳанги миллӣ чӣ нақш дорад?

- Гуфтан мумкин аст, ки ин ҷашнҳо марҳилаи сифатан навро дар омӯзиш, тарғиб ва густариши фарҳанг дар сатҳи байналмилалӣ оғоз мебахшанд.

Мо — олимон аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ҳастем, зеро ҳар иқдоме аз тарафи олимон пеш гирифта шавад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастгирӣ мекунанд.

Мусоҳиб Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»