Ҷавонон — иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа

№38 (3675) 11.04.2017

Таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонӣ, риояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва мустақилона, бо ҳисси масъулият ширкат карданашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар ин замина, як қатор санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 2015, №526 «Дар бораи таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи Низомномаи он», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 13 марти соли 1992), «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 15 июли соли 2004), қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Дар бораи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул гардидаанд, ки ҷалби ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ вусъат бахшида, ширкати фаъолонаи онҳоро дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмин намуданд.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Боиси хушнудӣ ва сарбаландиву ифтихори мост, ки Пешвои миллат ҷавононро неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат медонанд ва бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки  соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Дар иртибот ба ин, 13-уми январи соли 2017 таҳти №812 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани соли 2017 — Соли ҷавонон ба имзо расид.

Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мо — ҷавононро водор менамояд, ки баҳри шукуфоии меҳани азизамон бо саъю талоши бештар меҳнат карда, дар ҳифзи Ватан, амнияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сазовори эътимоди Пешвои миллат гардем.

Фирӯз Сайнозимзода,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон