Аз Дирафши Ковиён то Парчами давлатӣ

№141 (4091) 23.11.2019

[000076]Ҳар як миллату халқ дар роҳи тамаддун рамзи зиёдеро офаридааст, ки таърих, сарнавишт ва мазмуну моҳият дошта, таҷассумгари умеду орзуҳои мардум мебошанд.

Рамзу аломатҳо ҳатто дар қадимтарин ёдгории динӣ — фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ, китоби муқаддаси оини Зардушт — «Авесто» инъикос ёфтааст. Дар он чор табақаи иҷтимоии ҷомеаи давра — рӯҳониён бо рангу аломати сафед, ҷанговарон бо рангу аломати сурх ва кишоварзону косибон бо рангу аломати сабз ишора шудаанд.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст, ки онро арабҳои истилогару тамаддунсӯз ба яғмо бурдаанд. Парчами давлатии Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод), ки аз харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт мегардад, ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурху сафеду сабз оро ёфта, дар мобайни он рамзи қадимтарини авастоӣ ва ориёӣ — Уқоби Хуршед тасвир шудааст.

Мутаассифона, парчамҳои давлатҳои минбаъдаи тоҷикон, аз ҷумла, Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903) ва Сомониён (875-999), то замони мо нарасидаанд.

Парчами Аморати Бухоро (1753-1920) аз матои сабзи рӯшан иборат будааст, ки дар паҳлуи дастаи он бо оби тилло суханони «Султон сояи Худост дар рӯи замин» ва дар гӯшаи озоди он калимаи шаҳодат — «Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ, Муҳаммад расули Худост» ба забони арабӣ навишта шудааст.

Парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (23.09.1921-27.10.1924) иборат аз ду порчаи ранги сабз ва сурх будааст, ки дар дохилаш тас­вири тиллоии моҳи ҳилол, ситораи панҷгӯша ва дар гӯшаи болоии он ба забони тоҷикӣ «Ҷ.Ш.Х.Б.» (Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро) сабт шуда аст.

Парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мисли парчамҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ матои саропо сурхранг дошт, ки дар канори чапаш акси досу болға (рамзи муттаҳидии синфи коргару деҳқон), ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» бо ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ сабт гардида буданд.

парчам 1Дар ибтидо Парчами ҶШС Тоҷикис­тон аз матои якранги сурхи дар қисмати болои тарафи чапаш бо ҳарфҳои лотинии зарҳалӣ «RCC Tojikiston» (РСС Тоҷикис­тон) сабтгардида иборат буд. Минбаъд дар кунҷи тарафи чапи он тасвири досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ «RCC Tojikiston» ва «Таджикская ССР» илова гардиданд.

20 марти соли 1953 Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки мутобиқи он, Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон, иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргар, деҳқон ва дӯстиву бародарии халқҳои собиқ ИҶШС-ро ифода мекард.

парчам 2Дар заминаи парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёрӣ, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Вале, бинобар нооромиҳои сиёсӣ, сари вақт рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул нагардиданд.

Танҳо дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар заминаи барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, бо ташаб­бус ва пофишории Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ ­Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистон иборат аз матои росткунҷа буда, дорои се рахи рангаи уфуқӣ мебошад: рахи боло ранги сурх, мобайнӣ ранги сафед ва поёнӣ ранги сабз дорад. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам, бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд.

Ранги сурхи Парчам — рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз — рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Тоҷ рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳафт ситора — рақами муқаддас дар оину суннат ва ҳикмати халқи мо, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонӣ мебошад.

Басо рамзист, ки ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ — Бадахшон, Суғд, Хатлон, Зарафшон ва водиҳои Вахшу Рашт низ ба ҳафт ситора мувофиқат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Бори аввал мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун иди умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.

Инак, даҳ сол мешавад, ки мо — сокинони Тоҷикистон 24 ноябрро ҳамчун Иди умумимиллӣ таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар замири ҳар як шахс эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.

Ифтихори ҳар як фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлуи чапи Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд. Он бо бузургиву ҳашамат назир надорад. Дарозии Парчам 60 ва бараш 30 метр, баландии сутуни он 165 метр мебошад, ки дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳо маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз лиҳози баландӣ ва бузургӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.

коллажТавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад».

- Парчами миллӣ, — таъкид намудаанд Сарвари давлат, — имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши cе ранг — ранги сурх-озодии истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

- Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд, таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар фарде, ки ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо буда, мақсаду мароми неки мардуми соҳибтамаддунамонро дар ҷилои ранг­ҳояш инъикос намудаанд.

Парчами Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқ аст. Парчами миллӣ нишони эҳтиром ба рӯҳи онҳоест, ки барои ному нанг ва марзу буми халқу миллат ҷоннисорӣ намудаанд, бақои забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории фарзандони миллати куҳанбунёдро бар ивази ҷонашон таъмин кардаанд.

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарзанди бонангу номус ҷой дошта бошад, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди кишвар бошад.

Итминони комил дорем, ки ҳар як фарзанди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо меорад, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин мекунад.

Мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҳамеша муқаддас медорад ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда дар фазои ваҳдату якдилӣ сӯи эъмори ҷомеаи адолатпарвар устуворона қадам мегузорад.

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА,

раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон