Аз равобити байналмилалӣ то фаъолияти илмӣ

№156 (4262) 29.12.2020

Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода

РЕКТОР ДМТ-2- Чанде пеш роҷеъ ба ДМТ ду хабари тоза шунидем: Миёни котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ректори ДМТ ноиби Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид…

- Моҳи октябри соли ҷорӣ роҳбари нозирони Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар ташриф оварданд. Дар ҳайати ин гурӯҳ котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ИДМ Дмитрий Кобидский низ буд. Ӯ 8 октябр аз Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон боздид кард ва миёни Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Он ҳамкориҳои гуногунҷанбаи муштарак, аз ҷумла, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии моделӣ, додани хулоса ба лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани семинару симпозиум ва конференсияҳои илмӣ-амалиро дар бар мегирад.

Дмитрий Кобидский ба фаъолияти илмӣ ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ манфиатовар хоҳад буд. Табиист, ки мо низ баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Шӯрои зикршуда ҳавасмандем.

Роҷеъ ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё қайд кардан бамаврид аст, ки он соли 2013 бо намояндагии 29 муассисаи таҳсилоти олии касбии Арманистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Муғулистон ва Малайзия таъсис ёфтааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассис баромад менамояд. Фаъолияти он ба таҳияи барномаҳои таълимии муштарак, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон дар ҳама зинаи таҳсил, табодули таҷрибаи идоракунӣ, ворид намудани технологияҳои нав дар ҷараёни таҳсил, коркард ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар муассисаҳои олии аъзо равона шудааст.

Анҷумани Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё дар ду сол як маротиба доир гардида, президент ва ноиби он аз тарафи иштирокдорон аз тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб мешаванд. 25 сентябри соли равон дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия анҷумани ин ниҳод ба таври онлайн баргузор гардид, ки дар он намояндагони 76 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз нуҳ давлати қитъаи Осиё иштирок карданд. Дар он дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баҳои баланд гирифта, маро ноиби президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб карданд. Канат Содиқов — ректори Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Юсуф Баласегин, президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад.

Бо дастгирии ДМТ 11 донишгоҳи Тоҷикистон, 4 донишгоҳи Афғонистон, 4 донишгоҳи Ӯзбекистон, чанд донишгоҳҳои Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон, дар маҷмӯъ, 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шомили ассотсиатсия гардидаанд.

- Роҷеъ ба ҳамкориҳои ДМТ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ ва таҳсили донишҷӯёни бурунмарзӣ маълумот медодед.

- Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар робита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ботадриҷ рушд карда истодааст. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои асосии фаъолият мебошад.

Паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 то ҳадде ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ боис гардид. Новобаста аз ин, дар доираи имкониятҳо ҳамкориро тавсеа меёбанд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 286 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ), муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2020 бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

- Таълиму тадрис чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

- Раванди таълим зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, таваҷҷуҳи хоса ба пурра ҷамъбаст намудани сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистона, дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани фаъолияти Комиссияи аттестатсионии хатм ва назорати давомоти донишҷӯён равона шуд.

Дар 118 кафедраи донишгоҳ 1585 омӯзгор, аз ҷумла, 12 академик ва 13 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 181 доктори илм, 546 номзади илм ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1272 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ фаъолият менамоянд. 727 омӯзгори унвони илмидошта доимӣ фаъолият доранд, ки дар умум 57 фоизро ташкил медиҳанд.

Шумораи донишҷӯён 24850 нафарро ташкил дода, донишгоҳ дорои 19 бинои таълимӣ буда, барои як басти таълимӣ 12168 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Аз рӯи 120 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр 84 ихтисос дар зинаи магистратура ва 103 ихтисос доктор РhD, мутахассис омода гардида, таҳсил бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади таъмини раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ 2477 компютер, 117 тахтаи электронӣ, 176 видеопроектор, 543 принтер, 42 сервер, 8 ноотбук мавриди истифода қарор доранд.

Донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавие, ки давраи аввали сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаро дар вақти муайяншуда супориданд, ба гирифтани стипендия мушарраф гардиданд. Аз миқдори умумии донишҷӯён, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ба 2951 кас стипендия муқаррар шуд. Теъдоди донишҷӯёне, ки стипендияҳои номӣ мегиранд, 42 нафарро ташкил медиҳад.

- Дар баробари донишандӯзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ низ муҳим аст. Дар ин ҷода чӣ корҳо анҷом ёфтанд?

- Бо мақсади иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ» гурӯҳи таҳлилӣ-иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки 14 омӯзгори ботаҷриба шомили он мебошанд. Онҳо вазифадор шудаанд, ки бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба созандагӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, роҳ надодан ба пайдоиши зуҳуроти бегонапарастӣ, пешгирии гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро дар матбуоти даврӣ мақола ба тасвиб расонанд.

- Дар бораи фаъолияти илмии устодону донишҷӯён низ каме маълумот диҳед.

- Дар конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «5500-солагии Саразми бостонӣ» ва «700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ» 3426 маърӯза, аз ҷумла, 1282 маърӯзаи устодону кормандон дар 96 бахш ва 2054 маърӯзаи магистрантону донишҷӯён дар 164 бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар нуҳ моҳи соли 2020 22 чорабинии илмии сатҳи гуногун, аз ҷумла, 2 конференсияи байналмилалӣ, 13 конференсия, семинар ва суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Кормандони Институти илмӣ – тадқиқотии ДМТ аз рӯи 28 мавзӯи илмӣ, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, пажӯҳишро идома медиҳанд. Дар ин давра аз ҷониби онҳо беш аз 50 мақола, 11 дастури методӣ, 6 монография ва 60 фишурдаи маърӯзаҳо ба чоп расид. Нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии факултетҳои донишгоҳ барои соли 2020 фарогири 32 самт, 88 масъала ва 111 мавзӯъ мебошад.

То ба ҳол дар шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии донишгоҳ 110 аспирант, 12 докторант, 270 унвонҷӯ, 152 докторанти Ph.D ва 1022 магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли равон 102 довталаб ба ҳайси унвонҷӯ, як нафар ба ҳайси докторанти анъанавӣ ва як шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз қабул гардиданд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафт Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, 14 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду Шӯрои байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият менамоянд.

Дар ин давра дар Шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия 32 рисолаи номзадӣ, шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ 12 рисолаи докторӣ, 48 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи доктор PhD дифоъ шуд.

- Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҷамъбаст гардид, аз Донишгоҳи миллӣ ҳам иштирок карданд?

- Озмуни зикршуда, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол боз баргузор мегардад, ба рушди маориф ва илм, бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамояд. Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ аз рӯйи чор номинатсия иштирок намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд. Озмуни имсола аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошт. Номинатсияҳо ба се гурӯҳ – миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳама зинаи таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид.

Хушбахтона, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо соҳиб гаштани 11 ҷой миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»