Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаи танқидии «Бемасъулиятӣ»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 20 августи соли 2013 №104 (3089) оид ба иштирок надоштани намояндаи шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар озмуни вилоятии «Муаллими сол» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, озмуни «Муаллими сол» дар моҳи марти соли 2013 нахуст дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, даври умуминоҳиявии он рӯзи 4 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маориф доир гардид. Мувофиқи баҳогузории шартҳои озмуни «Муаллими сол» дар даври ноҳиявӣ ғолибият насиби муаллими фанни биологияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 Қарақулов Ислом гардид.

Ҳамин тариқ, ғолиби озмун Қарақулов Ислом имконият пайдо кард, ки дар даври вилоятии озмун, ки дар ноҳияи Восеъ доир мегардад, иштирок намояд.

Мутаассифона, субҳи барвақти рӯзи баргузории озмуни вилоятии «Муаллими сол» тағои Қароқулов Ислом вафот кард. Азбаски номбурда ягона шахси наздики марҳум Қ.Сафаров буд, барои дафн ва дигар корҳои ба маросими ҷаноза дахлдошта банд гашта, дар озмуни вилоятии «Муаллими сол» иштирок карда натавонист.

Масъулони вобастаи ноҳиявии озмуни мазкур, ки мебоист ҳолатҳо ва ҳодисаҳои ба ин монандро қаблан пешбинӣ намуда, шахси ҷойи дуюм ишғолкардаро ҳамчун захира тайёр ва ба озмуни вилоятӣ фавран равон мекарданд, бинобар беэътиноӣ аз уҳдаи иҷрои ин вазифа набаромаданд.

Ҳамаи ашхоси вобастаи озмун аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон мавриди ҷазои интизомӣ қарор гирифтанд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолатҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Т. Маҳмадёров, мудири шуъбаи маорифи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ