Баррасии паём дар миёни маорифчиён

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб мегардад. Дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ перомуни рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу  сифати таҳсилот,  тайёр кардани кадрҳои ин соҳа мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода андешаҳояшро чунин изҳор дошт:

-Мутобиқ ба дастурҳое, ки Сарвари давлат дар Паём оид ба рушди маориф ва сифати таҳсилот доданд, нақшаи чорабиниҳои  шуъбаи маорифи ноҳия таҳия ва ба директорони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ дастрас гардид. Зимни вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои  таҳсилотӣ оид ба ҷалби занону духтарони соҳибмаълумот, навовару эҷодкор ба вазифаҳои  роҳбарии соҳаи маорифи ноҳия дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Ба гуфтаи номбурда,  матни ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар байни беш аз 170 нафар кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони  муассисаҳои  таҳсилоти умумии ноҳия баррасӣ шуда, ба роҳбарони таълимгоҳҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ гаштани  дастурҳо оид ба рушди соҳа, беҳгардонии сифати  таҳсилот, ҳамкории муассисаҳои таҳсилотӣ  дар тарбияи насли наврас бо падару  модарон, ҷалби пурраи  кӯдакони ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия, ба фарзандхонӣ гирифтани кӯдакони ятим, ғанӣ сохтани базаи таълимии  муассисаҳо ва баланд бардоштани  савияи касбии омӯзгорони фаннӣ пайваста кор бурда шавад.

-Дар бобати сохтану ба истифода додан ва таъмири биноҳо, сохтани синфхонаҳои  иловагӣ, толорҳои варзишӣ низ дастурҳо дода шуданд. Ҳарчанд дар самти рушди соҳаи маориф солҳои охир беҳбудии  зиёд ба мушоҳида  расида, як қатор барномаҳои  давлатӣ қабул гардида бошад ҳам, зарурат пеш омадааст, ки аҳли маориф ҷиҳати рӯз ба рӯз  такмил додани кори   соҳа  ва ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза мутобиқ намудани он бояд пайваста ва бо суръати рӯзафзун кор баранд,- зикр кард Н.Асадзода.

Маорифчиёни ноҳия аз дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри баланд бардоштани  сифати таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон мутобиқ ба талаботи ҷомеаи имрӯза пайгирона саъю талош хоҳанд варзид.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»