Библиографи адабиёти кӯдакону наврасон

№40 (3834) 31.03.2018

sdfsdfЯке аз чунин олимони варзида, ки фаъолияти меҳнатии хешро баҳри рушду нумӯи илми библиографияшиносӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси китобдорӣ бахшидааст, Шарифҷон Комилзода мебошад.

Соли 1979, баъди хатми факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, қобилияту истеъдод ва ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳавасманд будани ӯро ба инобат гирифта, барои кор дар кафед­раи библиографияшиносӣ тавсия доданд. То соли 1998 ба ҳайси омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент ва мудири кафед­раи библиографияшиносӣ ифои вазифа намуд.

Соли 1985 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва дохил шуда, онро соли 1988 бомуваффақият хатм кард. Соли 1989 рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогӣ таҳти унвони «Библиографияи тавсиявии адабӣ-бадеӣ ҳамчун воситаи тарбияи интернасионалӣ ва ватандӯстии кӯдакону наврасон» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) сарбаландона дифоъ кард.

Аз ҷумлаи мардони илм­дӯсту бофарҳанги миллат аст, ки анқариб чил соли умри худро сарфи тадрису таҳқиқ карда, мутахассисони баландпояи соҳаи китобдориро тарбия намудааст. Шогирдонаш дар китобхонаҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ ва идораҳои бонуфузи кишвар фаъолияти пурсамар дош­та, номи ӯро боифтихор ба забон мегиранд.

Саҳми номбурда дар таълифи китобу маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва библиографӣ назаррас аст. Ӯ доир ба масоили фарҳангшиносӣ ва илми китобдорӣ беш аз 500 асару мақола ва дастурҳои библиографӣ таълиф намудааст, ки «Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ», «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ. Феҳристи адабиёт», «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ — иттилоотии хонандагон», «Асосҳои донишҳои китобдорӣ- иттилоотӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ», «Наврӯз. Китобнома», «Иҷлосияи сарнавиштсоз. Феҳрис­ти адабиёт», «Об-манбаи ҳаёт. Феҳристи адабиёт» аз ҷумлаи онҳост.

Бояд қайд намуд, ки Шарифҷон Комилзода  зиёда аз 10 сол сарварии  Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон ба номи Абулқосим Фирдавсиро ба уҳда дошт.

Оид ба фаъолияти китобхона як силсила мақолаҳоро, аз қабили «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар 20 соли Истиқлолият», «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон ва истифодабарии он», «Нақш ва мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа», «Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон» чоп намудааст, ки дар онҳо самтҳои гуногуни фаъолияти ин кохи маърифат мавриди таҳқиқ  қарор гирифтааст.

Ҷустуҷӯҳои зиёд, омӯзиши амиқи масъалаҳои гуногун, матолиби бойгонии китобхона имконият дод, ки муҳаққиқ дастури муфиду мукаммалро оид ба фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон таълиф намояд. Дар он ба нақши китобхона дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, дастрасии аснод, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар равандҳои гуногуни фаъолият, такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо ва маркази илмию  методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва ғайра эътибори махсус додааст.

Шарифҷон Комилзода дар таҳияи як қатор барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва таъбу нашр дар солҳои 2007-2010», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст.

Ӯ айни замон директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», узви Ассамблеяи китобхонаҳои АвруОсиё мебошад.

Бо дарназардошти хидматҳои шоиста дар рушди соҳаи китобдорӣ ва тайёр намудани мутахассисони болаёқат Шарифҷон Комилзода бо мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста», унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва як қатор мукофоту ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Гадобег Маҳмудов,

Салима Раҷабова,

муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон