Боргоҳе, ки дар он илму амал тавъаманд

№137 (3122) 29.10.2013

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ  мунтазам чораандешӣ менамояд

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зодаи даврони Шӯравӣ бошад ҳам, вале аксарияти муваффақияту дастовардҳо, боло рафтани обрую нуфуз ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардиданаш  ба замони истиқлолияти давлатӣ рост меояд. Донишгоҳ борҳо аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст ва мутахассисонро аз рӯйи 23 ихтисосу зерихтисос тайёр мекунад. Бо назардошти зарурияти воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон, мутобиқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳи фавқуззикр аввалин шуда миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷараёни таълимро тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монд, ки ҳоло натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Зикр кардан бамаврид аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси донишгоҳ-Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои ҳамешагии устодону профессорон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст. Соли 2007 бо нишони «Сифати Аврупо» ва соли 2009 бо нишони «Муассисаи беҳтарини Аврупо» сазовор гардидани донишгоҳ далели ин гуфтаҳост.

Раёсати донишгоҳ бо дастгирии раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим тадбирҳои мушаххас андешидааст. Фаъолияти муназзами маркази тестии бо сад адад компютери фардии  замонавӣ  ҷиҳозонида, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бонки таълимии донишгоҳ, озмоишгоҳҳои нави илмӣ-таълимии молшиносӣ ва экспертизаи молҳо, технологияи хӯроки омма, ба истифода додани бинои нави таълимӣ гувоҳи ин мебошад. Бинои нави таълимӣ, ки дар ифтитоҳи он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дорои чор толори лексионӣ бо 400 ҷойи нишаст, ду синфхонаи лингофонӣ ва толор барои гузаронидани конференсияҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар маҷмуъ, донишгоҳ дорои 140 синфхона, ҳафт лабораторияи  таълимӣ ва 15 кабинети методӣ буда, дар онҳо 4924 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Дар донишгоҳ ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад соли 1996 шуъбаи аспирантура таъсис ёфт. Аз моҳи марти соли 2010 дар донишгоҳ Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз нав ба фаъолият шуруъ намуд ва дар ин давра якчанд нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Шуъбаи магистратураи донишгоҳ дар ду бахш – рӯзона ва ғоибона фаъолият менамояд, ки дар онҳо 65 нафар магистр таҳсил менамояд. Донишгоҳ бо давлатҳои хориҷӣ,  аз ҷумла ҷумҳуриҳои Исломии  Эрон ва Афғонистон равобити илмӣ дошта, зиёда аз 40 нафар магистрҳои донишгоҳ шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ моҳи феврали соли 2010 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳуқуқ барои донишҷӯёни ихтисоси 0606-Иқтисодиёти ҷаҳон гурӯҳи махсуси таҳсил бо забони англисӣ ташкил шуд.

Дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муассисаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди «Маркази технологияи пешқадами таълим» ва «Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маркази рушди туризм», бахшҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионӣ  фаъолият менамоянд. Донишгоҳ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  «Бунёди Сорос», «Темпус», «Фонди Евразия», «Еразмус-Мундус» робитаҳои хуб дорад. Ҳоло донишгоҳ  дар иҷрои ду лоиҳаи байналмилалӣ: «CANQA» ва «Персиус», ки аз ҷониби «Темпус» маблағгузорӣ мешаванд, фаъолона саҳмгузор аст.

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи байнидонишгоҳӣ ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён ва хатмкардаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур зинаҳои гуногуни таҳсилро дар хориҷи кишвар гузашта, ба Ватан бармегарданд ва барои саҳм гузоштан дар ободонии диёр ҷидду ҷаҳд мекунанд. Дар вохӯрие, ки  чанде  пеш роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рӯзноманигорон баргузор намуд, ин нукта аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарипов зикр шуд.

Номбурда зимни сухани ифтитоҳиаш зикр кард, ки дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар асоси таҷрибаи  пешқадами байналмилалии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз вазифаҳои муҳим ва асосии донишгоҳ мебошад.

Мулоқоти мазкур таҳти унвони «Таҷрибаи омӯхташуда ва таассурот аз таҳсил дар мактабҳои олии хориҷи кишвар»-ро дар бар мегирифт. Бино ба гуфти профессор Мумин Шарипов, ҳамасола даҳҳо нафар хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои такмили ихтисос ва таҳсил дар зинаҳои гуногуни таҳсил (аспирантура, магистратура, докторантура) ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Боиси хурсандист,  ки онҳо пас аз хатми донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргашта, фаъолияти худро идома медиҳанд. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки айни ҳол Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо зиёда аз 60 муассисаи таҳсилоти олии кишвари хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва бештар аз сад нафар муҳассилини донишгоҳ дар дигар давлатҳо таҳсили худро дар зинаҳои гуногун идома медиҳанд.

Баъдан рӯзноманигорон бо саволу пурсиш ба  устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки муҳтавояшон чӣ гуна муаррифӣ намудани Тоҷикистон аз ҷониби донишҷӯён дар хориҷи кишвар буд. Аз суҳбати устодони ин муассисаи таълимӣ маълум шуд, ҳар яки эшон кӯшидаанд, ки барои муаррифии кишвари азизи мо дар давлатҳои дигар кореро анҷом диҳанд. Масалан, як нафар аз устодони донишгоҳ Абдуҳалим Ҳомидов, ки дар Ҷумҳурии Беларус такмили малака намудааст, гуфт: «Ҳангоме ки дар ин кишвар шаби «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид, гурӯҳи донишҷӯёни Тоҷикистон дар қатори сенздаҳ давлати дигар дар он чорабинӣ ширкат варзида, расму оин ва таомҳои миллии тоҷикиро пешкаш намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуд».

Ғайр аз ин, барои муаррифии кишвар дар нашрияи донишгоҳ мақола таҳти унвони «Наврӯз- ҷашни миллии тоҷикон» нашр гардид. Ҳамин гуна чанд нафари дигар  хотира ва таассуроти бардоштаашонро баён намуда, изҳор доштанд, ки дар дигар давлатҳо кӯшидаанд ном ва шарафи кишвари азизамон- Тоҷикистонро баланд бардоранд.

Дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад ва тӯли ин солҳо бо зиёда аз 60 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба имзо намуда, дар самтҳои гуногун бо онҳо  ҳамкорӣ мекунад.

Дар доираи  созишномаҳо вохӯрию мулоқот, суҳбатҳои судманд ва конфронсу семинарҳои муштарак бо иштироки роҳбарону кормандон, профессорону докторон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии кишварҳои гуногун баргузор мегарданд. Масалан, дар натиҷаи сафари кории намояндагони донишгоҳи Линеуси Шветсия ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон як лоиҳа дар мавриди ҳамкории дутарафаи кафедраҳои математика ва технологияи иттилоотии ҳар ду донишгоҳ омода гардид, ки аз тарафи барномаи назди ҳукумати Шветсия бо номи Линеус Палма дастгирӣ ёфт. Дар доираи лоиҳаи мазкур устодони ҷавони кафедраҳои номбурда моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи Линеус сафар хоҳанд кард.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ташрифи директори фонди Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Москва профессор Ким Хо Кил, сафири Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хироюки Имахаши, профессорони Донишгоҳи миллии фанҳои сиёсии Ҷумҳурии Ҷопон, профессорони коллеҷи Ню–Ҷерси ва коллеҷи Вашингтони ИМА аз рӯйдодҳои муҳими сол маҳсуб меёбад. Меҳмонон бо раванди таълим дар донишгоҳ ва базаи моддӣ-техникии он шинос шуда, бо роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Рушди табодули донишҷӯён, магистрҳо ва устодон барои  тақвият ва густариш бахшидани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи мусбати донишгоҳҳои хориҷи кишвар, таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои инноватсионии муштарак мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба он ноил шудаанд, ки фаъолияти донишгоҳ бемайлон ривоҷ ёфта, сатҳи таълим ҳамвора боло равад.

Далер МЕРГАНОВ, Шариф Атобуллоев, «Садои мардум»