«Чароғи давра»- китоби ихлосу эътиқод

№149 (3943) 15.12.2018

Садриддин ХасанзодаСадриддин Ҳасанзода муаллифи қиссаву очерк, ҳикояву мақолаҳои илмӣ – публитсистии зиёдест. «Кабки рав», «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Сарбози ҳақиқат» номгӯи нотамоми асарҳои ӯст.

Ӯ адиб ва рӯзноманигори пуркор аст. Дидаву шунида ва мушоҳидаҳояшро ба риштаи тасвир мекашад, аз ҳаёти одамони наҷиб ва қаҳрамонии онҳо қиссаву очерку ҳикоя менависад. Ҳамчунин, дар офаридани асарҳои таърихӣ низ заҳмат кашидааст.

Чанде пеш ҶДММ «Нашриёти Бухоро» китоби нави ӯ «Чароғи давра»-ро аз чоп баровард. Он 863 саҳифаро дар бар гирифта, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шудааст. «Чароғи давра» аслан қисса андар қисса буда, дар жанри публитсистӣ — бадеӣ эҷод гаштааст. Он аз рӯзгори Султони Кабир ва ҳамсафони ӯ Файзалӣ Саид, Султони Абдулҳай, Ёраҳмади Неъмат, Маҳмади Ғоиб, Одинаи Амиршоҳ, Назари Саид, Шарифи Исмоил, Зарифи Талбак… ва Авазхон Кабиров ривоят мекунад. Нависанда кӯшидааст ҳаёти инсонҳои заҳматкашу номдорро дар давраҳои гуногун ва кору пайкори онҳоро насл ба насл тасвир намояд.

Нависанда бо ихлосу эътиқод аз зиндагии пурбору бобаракати онҳое менависад, ки хонаи ободи худро дар кӯҳистон тарк карда, ба таҳдашт меоянд, заминҳои асрҳои аср бекорхобидаро кишт намуда, ба ҷаннати рӯи замин табдил медиҳанд. Онҳо сахттарин азобҳоро таҳаммул менамоянд, муттакою мададгори ҳамдигар мешаванд, як бурида нонро бо ҳам мехӯранд ва давронсозӣ мекунанд. Яке аз ҳамин гуна мардон Султони Кабир аст. Султоне, ки дарси одамгариро аз падари устояш ва одамони он давр  омӯхта буд. Ӯ муаллимӣ мекард, олуфта буд. Одамон ҳавасашро мехӯрданд. Дар ин бора Садриддин Ҳасанзода менависад: «Ҷавонони деҳот ба олуфтагию озодагии ӯ тақлид карданро дӯст медош­танд, дӯстони зиёд ҳар бегоҳ давраш ҷамъ меомаданд. Осори Саъдию Ҳофиз, Бедилу Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигар адибони машҳурро пайваста меомӯхт, мусаввадаҳо тартиб медод, ба шогирдон қиссаҳо мекард, шеърҳо мехонд».

Ҳунар, истеъдод, кордонӣ, ҳақталошӣ, бовиҷдонӣ барин хислатҳои ҳамидаи Султони Кабир дар асар барҷаста ифода меёбад, ки оқибат ӯро ба мақомҳои мудири маориф, котиби дуюми Ҳизби коммунист, котиби аввали Ҳизби коммунист мерасонад.

Наслҳо меоянду мераванд, ҷои онҳоро дигарон пур мекунанд, ҳамонҳое, ки идомадиҳандаи кору пайкори бобову аҷдоди худ ҳастанд. Ин нуктаро суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саҳифаи аввали китоб чун эпилог оварда шудааст, тасдиқ мекунад: «Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале бойигарии асосии он фарзандони бонангу номус ва бофарҳангаш мебошанд».

Нависанда ҳам симои ҳамин гуна фарзандонро дар асар ба риштаи тасвир мекашад. Авазхон Кабиров, Шералӣ Салимов, Султон Мирзошоев, Ғайбулло Афзалов, Ғафурзода Мӯсо Зариф, Қурбон Мирзоалиев, Султон Валиев ва дигарон аз ҷумлаи мардоне ҳастанд, ки саҳми худро дар ободии ҷомеа гузоштаанд ва зиндагиашон ибратомӯз аст. Хоса яке аз қаҳрамонони марказии асар Авазхон Кабиров, ки ободиҳову бунёдкориҳои назаррасе дар ҷомеа анҷом додааст.

Нависанда кӯшидааст дар асар аз боварҳо, мақолҳо, суннатҳои мардумӣ низ истифода барад, ки онро хонданиву ҷолиб созад. Содадиливу покизагии мардумро нишон диҳад. Ҳақиқати зиндагии одамони одӣ дар боварҳояшон нуҳуфтааст. «… Рагу пайванди ин ҷонвар ҳама шифобахшанд. Масалан, агар хоҳӣ, кӯдак ба осонӣ дандон барорад, дандони аспро дар танаш овезон мекунӣ, думашро дар хона овезӣ, пашаҳо мегурезанд, сумашро таги фарш хобонӣ, муш фирор мекунад, наълашро дар сутун овезӣ, балоҳо рафъ мешаванд, як чакра хуни асп гӯшдардро шифо мебахшад». Ин гуна мисолҳо дар асар зиёданд.

Хулоса, китоби «Чароғи давра» ба доираи васеи хонандагон пешниҳод карда мешавад ва он саршор аз ғояҳои ватандӯстиву бунёдкорӣ аст.

ВОРИС, «Садои мардум»