Дар роҳи илму маориф камолёфта

№18 (3968) 14.02.2019

Ректори ДДТичорати Т (1) копияДар дилу дидаи атрофиён, ҳамкасбону шогирдон маъво гирифтан, ҳамдаму ҳамрози онҳо шудан корест басо мушкил, вале ниҳоят пурифтихор. Барои ба ин мартаба расидан, бешубҳа, заҳмати зиёд ба харҷ бояд дод.  Инсоне, ки хушбахтиро дар хушбахтии дигарон мебинад, пайваста кӯшиш мекунад, ки нафърасон ва ҳамқадами ҷомеа бошаду баҳри пешрафт ва шукуфоӣ софдилонаю содиқона заҳмат кашад ва ҳар як комёбӣ ба ӯ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

 Вақте ба саҳифаҳои кору зиндагии профессор Ҳамидуллохон Фақеров ошно мешавӣ, дармеёбӣ, ки ӯ бо нияту амали нек, ватандӯстӣ ва кордонию масъулиятшиносӣ дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо намудааст.

Ӯ аввалин сабақҳои зиндагӣ ва меҳнатдӯстиро ҳангоми хонандаи мактаби миёна будан аз худ намуда, аз устодон дарси дониш, одобу одамият, фурӯтанию  адолатпешагӣ, некукорию  ватандӯстӣ омӯхтааст. Аз ҳамон овон Ҳамидуллохон бо зеҳни баланд, ҷиддият дар донишомӯзӣ ва ростқавлию меҳнатдӯстӣ намуна аст.

Офаридгор ба вай сифатҳои наҷиби инсонӣ, ба мисли меҳру шафқат, қобилияти хуби зеҳнӣ, тафаккури баланди илмӣ,  қалби  ҳассосу мушфиқ, ҳалимиву хоксорӣ  ҳадя намудааст,  ки дар фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва рафтору гуфтори ҳаррӯза истифода мегардад. Ин сифатҳо ба ӯ имконият додаанд, ки дар ҳар ҷое адои вазифа намудааст, аз иззату икром баҳраёб гардад.

Ба қавли ҳолдонҳо, бисёр хислатҳои ҳамидаи инсониро аз волидайн ба мерос гирифтааст. Аз падар меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, саховатмандӣ ва аз модар ҳалимию меҳрубонӣ, дилсӯзию ғамхорӣ, маърифату донишандӯзиро омӯхтааст.

Ӯ инсони сипосгузор асту аз нафароне, ки бо  фазилатҳои шоистаю хирадмандӣ, меҳнатдӯстию кордонӣ кору зиндагӣ мекунанд, бо меҳру муҳаббат ёдоварӣ мекунад. Дар ин радиф, ҳар боре ки давраи мактабхониро ба ёд меорад, аз муаллимаи аввалинаш, шодравон Робия Норбоева ёдовар мешаваду ӯро намунаи беҳтарин омӯзгори дирӯзу имрӯз мешуморад ва ният дорад, ки таҷрибаи ғании ӯро зимни фаъолият истифода намояд.

Соли 1980 Ҳамидуллохон баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло фаъолияти меҳнатиро ҳамчун ходими хурди илмӣ дар филиали тоҷикистонии  Институти умумииттифоқии  илмӣ – тадқиқотӣ  оид ба омӯзиши талаботи аҳолӣ ва вазъи савдо (ВНИИКС)-и  Вазорати савдои ИҶШС (СССР) оғоз кард ва соли 1982 роҳбарияти институт бо  дарназардошти дониш, қобилият ва майлу рағбат ба илм доштан ӯро барои таҳсил ба аспирантураи Институти илмӣ – тадқиқотии савдо ва хӯроки оммаи Украина (УкрНИИТОП) фиристод. Соли 1989 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ояндабинии рушди  шабакаҳои савдои чакана» ва соли 2004 дар Федератсияи Россия  рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори истеъмолӣ дар шароити иқтисодиёти давраи  гузариш»  дифоъ намуд. Пас аз бозгашт ба Ватан ӯ то соли 1991 фаъолиятро дар филиали  тоҷикистонии Институти умумииттифоқӣ  оид ба омӯзиши талаботи аҳолӣ  ва вазъи  савдо (ВНИИКС) дар вазифаҳои  ходими калони илмӣ ва мудири  шуъбаи  ояндабинӣ  ва таҳқиқоти вазъи савдо идома дод.

Моҳҳои июн — сентябри соли 1987 дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи  атомии «Чернобил» фаъолона иштирок намудааст.

Солҳои 1992 — 2000-ум дар  Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар вазифаҳои ҷонишини декан, декани факултет, ноиби ректор кор карда, аз соли 2000-ум то 2008 вазифаи ректори Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз ноябри соли 2008 то феврали соли 2011 мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марти соли 2011 то августи соли 2012 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз августи соли 2012 то марти соли 2017 сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе адои вазифа кард. Аз марти соли 2017 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҳамидуллохон Фақеров аз ҷумлаи донишмандоне аст, ки мудом дар пайи навҷӯию навоварӣ буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ  кӯшиш менамояд.

Таҷрибаи рӯзгор ӯро хеле таҳаммулпазиру пухтакор намудааст ва  ҳамеша ҳангоми суҳбат, муоширату муносибат ва ҳамоишҳои илмию таълимӣ бомулоҳизаю нуктасанҷона сухан мегӯяд.

Яке аз хислатҳои беҳтарини ӯ ҳамчун роҳбар дар он аст, ки доимо бо меҳрубонӣ ва бо чеҳраи нуронӣ мақсадро мефаҳмонад, вазифа мегузорад ва иҷрои онро  қотеъона талаб менамояд.

Саъю талоши ҳаррӯзааш баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсили донишҷӯён равона гашта, барои ба ин ҳадаф расидан, пеш аз ҳама,  ба бунёди заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимию методии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки профессор Ҳ. Фақеров яке аз пешоҳангони воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ  ва дигар навгониҳо дар соҳаи маориф мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ ДДТТ аз муассисаи таҳсилоти  олии соҳавӣ ба донишгоҳи шинохтаи самти иқтисоду тиҷорати дохилию байналмилалӣ табдил ёфт, дар бозори таҳсилоти ватанӣ ва байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кард. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишгоҳ дар раддабандии мактабҳои олии мамлакат мақоми ифтихориро ишғол намуда, ба панҷгонаи беҳтарин ворид гардидааст.

Кӯшишҳои ҳамешагии вай ва устодон аст, ки дар ду соли охир зиёда аз 50 донишҷӯи донишгоҳ дар мактабҳои олии мамолики  хориҷии  дуру  наздик  ба  таври  мубодила таҳсил намуданд.

Ҳамидуллохон Нуриддинович муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ буда, 7 китоби илмӣ-тадқиқотӣ навиштаанд. Декабри соли 2018 Шӯрои Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ӯро ба узвияти Шӯрои эксперти иқтисодӣ пазируфт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи вайро бо медали ҷашнии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст. Заҳматҳояш бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд.

Ӯ ҳамчун мутахассиси варзида дар хориҷи кишвар низ эътироф пайдо намуда, аз ҷониби Ассамблеяи тоҷирони Аврупо дар шаҳри Оксфорди Англия бо Ҷоизаи байналмилалии Суқрот ва Менеҷери беҳтарин қадрдонӣ шуда,  узви фахрии  Шӯрои  ректорони  муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупо ва профессори фахрии Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Венаи Австрия мебошад.

Мудом шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, расидан ба қадри заҳмати падару модар ва гузаштагон тарбия менамояд. Шогирдони зиёдаш алҳол ба ҳайси доктору номзади илм, роҳбар ва корманди масъул баҳри ободии кишвар софдилона хизмат карда истодаанд.

Умуман, профессор Ҳамидуллохон Фақеров тамоми умрро дар баробари  таълиму тарбия сарфи  накукорӣ ва хайрхоҳӣ низ намудааст. Ба қавли шоир:

Ба сад ном агар мард номовар аст,

Талабгори хайр аз ҳама беҳтар аст.

С. ҲАБИБОВ,

Арбоби илм ва  техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

З. КОДИРОВА,

Қ. ТОЛИБОВ,

номзадҳои илми иқтисодӣ