Китоби нав

Дар талоши номи нек

№146 (3940) 04.12.2018

Китоби АвзаловИн ҳақиқат дигар ниёз ба исбот надорад, ки ӯ зиндагӣ, донишу хирад ва таҷрибаи рӯзгорашро барои тараққиёти кишвар, ободонӣ ва сулҳу амният бахшидааст. Ҳоло низ, ки синнаш ба 70 мерасад, меҳнат мекунад, заҳмат мекашад, ба хотири имрӯзу ояндаи дурахшони миллат. Дар ин маврид мушкилнописанд аст ва хастагиро эҳсос намекунад.

Муҳим ин аст, ки вақтшинос мебошад. Дар иҷрои корҳои бузург аз худ матонат ва ҷасорат нишон медиҳад. Барояш баёни ҳақикат ва талош ба хотири он дар мавридҳои зарурӣ шараф мебошад.

Ба роҳи тайкардаи ӯ, ки  менигарем, ба осонӣ дармеёбем: ин роҳ ҳаргиз ҳамвор набуд. Медонист, ки «дар сафар аз по нишастан ҳиммати мардона нест».

Раиси ноҳия ҳам буду раиси вилоят низ. Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон дар парлумони кишвар низ фаъолияти чашмрасу  густурда дошт. Дар симои ӯ роҳбари кордон ва инсони мушфиқу ғамхорро диданд. Дар ин хусус зиёд гуфтанд, навиштанд.

Матбуоти даврӣ дар он рӯзгор, яъне солҳои 90-и асри рафта, махсусан дар бораи ҳақталошӣ, адолатхоҳиҳояш бисёр менавишт.

Воқеан, ӯ, Ғайбулло Авзалов, ба ҳама фишорҳо тоб овард ва пирӯзӣ насибаш гардид. Бисту ҳашт сол пештар аз ҳавзаи интихоботии № 171 вакили халқ интихоб шуд. Мисли баъзе аз номзадон ба интихобкунандагонаш ваъда надод, овозҳоро харидорӣ накард.

Оре, ӯ баъдҳо умедҳои интихобкунандагонашро беҳтару бештар аз пиндорашон бароварда тавонист. Мардум, аз он ки дар интихоб хато накарда буданд, шукр менамуданд.

Дар хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ бо ҷасорат саҳм гирифт. Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ин ҳама шахсияти ӯро комилтар гардонид. Чун раиси вилояти Хатлон дар ободию пешрафташ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Дар бораи кору рӯзгори пурсамараш шахсиятҳои маъруфи кишвар навиштанду гуфтанд.

Акбар Мирзоев, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: «Фаъолтарин депутат ба шумор мерафт. Кушоду равшан фикрашро баён мекард, камбудиҳоро ошкоро ба зери танқид мегирифт. Таклифҳои бамаврид мекард».

Мӯсо Баротов, собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ӯ (Ғайбулло Авзалов – А. Р.) дар вазифаҳои котиби якуми Комитети партиявии ноҳияи Восеъ, раиси колхози ба номи Ғ. Сафарзодаи ноҳияи Восеъ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, директори генералии Иттиҳодияи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло ноҳияи Дӯстӣ), раиси вилояти Хатлон самаранок фаъолият намуда, бо кордониву принсипнокӣ, масъулиятшиносиву  фидокорӣ, мустаҳкам кардани интизоми давлатӣ ва дӯстии халқҳо ном бароварда, сазовори обрӯю эҳтироми меҳнаткашони ҷумҳурӣ гардидааст».

Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон: «Аз рӯзҳои аввали кор дар суҳбатҳои телефонӣ, баргузории иҷлосияи вакилони халқ, маҷлису машваратҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят боварӣ ҳосил кардам, ки ӯ роҳбари ниҳоят сахтгиру серталаб аст. Нисбат ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ беандоза масъулияти баланд дорад. Соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро хуб медонад. Ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Тобу тоқати камбудиҳоро дар кор надорад. Вале дар баробари ин шахси донишманд ва ҳалиму ғамхор аст».

Воқеан, таълифи на як китоб, балки чанд китоб дар бораи шахсиятҳои  маъруфу маҳбуб арзанда мебошад. Мутолиаи онҳо дарси ибрат маҳсуб мешаванд.

Нашри китоби «Дар талоши номи нек» ин ҳақиқатро бори дигар тасдиқ менамояд. Муаллиф Азиз Авзалзода, ки ба зиндагӣ ва кори Ғайбулло Авзалов аз наздик ошноӣ дорад, тавонистааст фаъолияти гуногунҷанбаву пурсамар ва рӯзгори неки ӯро ба қалам диҳад. Ҳамчунин, дар китоби мазкур мулоҳизаву андешаҳои дӯстон, ҳамкорон, шахсиятҳои барҷаста ва маъруфи  кишвар дар бораи Ғайбулло Авзалов ҷой дода шудаанд. Қимати китобро  суратҳои таърихӣ, хосса лаҳзаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст.

Абдулқодири Раҳим, адиб