Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70-сола шуд

№136 (3930) 13.11.2018

Ба ин муносибат чанде пеш ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид

1022380426Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок намуданд.

Маҷлиси тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин санаи таърихӣ ба самъи иштирокдорон расонид, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:  «Дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои пурқуввати мамлакат табдил ёфта, онро даҳҳо ҳазор нафар хатм намуданд, ки хизмати ҳар яки онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеаи кишвар арзишманд мебошад…

Итминон дорам, ки олимону устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сидқан талош карда, барои пешрафти Ватани азизамон хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд».

Паёмҳои табрикӣ, инчунин аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигарон ирсол гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ки замоне ректории ин донишгоҳро ба уҳда дошт, дар ҷамъомад гуфт: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун нахустин донишгоҳи ҷумҳурӣ дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ба яке аз марказҳои азими таълимиву илмӣ табдил ёфт.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, 62 фоизи муаллифони китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳои касбӣ, коллеҷҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат устодону донишмандони ДМТ мебошанд. Бештар аз 53,1 фоизи омӯзгорони донишгоҳ дорои унвонҳои илмӣ мебошанд, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто берун аз он мебошад».

Дар Паёми табрикии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба самъи иштирокдорон расонид, чунин омадааст: «Таҳлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит намуд, ки тайи солҳои охир бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар мамлакат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуд. Саҳми Донишгоҳи миллӣ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун басо назаррас мебошад».

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикис­тон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон равияҳои хоси илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, геология, физика, математика, педагогика, фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, шарқшиносӣ, филология, журналистика ва ғайра ташаккул ёфта, шогирдони ин мактабҳо на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар берун аз он низ тавонистанд соҳиби мавқеи шоиста гарданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода қайд кард, ки дар кишварамон хонадоне нест, ки алоқамандие ба Донишгоҳи миллӣ надошта бошад. Ҳафт даҳсоларо паси сар кардани донишгоҳ маънии онро дорад, ки ин таълимгоҳи муҳташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл нақш гузоштааст.

Номбурда аз он ёдовар шуд, ки 24 октябри соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.

… Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».

Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси донишгоҳ саҳми Бобоҷон Ғафуров чашмрас мебошад. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба вазири вақти мактабҳои олии ИҶШС С. Кафтанов муроҷиат карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои ташкили донишгоҳ мусоидат намоянд.

Солҳои аввали таъсисёбӣ донишгоҳ дорои се факултет буд ва дар он 250 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Дар он 24 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд ва 2 ҳазор устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба онҳо дарс мегӯянд.

Ҷамшеди Сабоҳиддин«Садои мардум»