Фирдавсӣ. Рӯҳи миллӣ зери фишори мутаассибон

№39 (3676) 13.04.2017

19191731_Shakiba_www.ward2u.comБа гуфтору кирдору аз пешу пас

Зи ман ҳеҷ нохуб нашнид кас.

                                        Фирдавсӣ

Ҳамлаи аҳли таассуб, саҳеҳтараш мутаассибони мазҳабӣ, ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ бо гузаштаи дур, яъне замони худи ӯ ва  Маҳмуди Ғазнавӣ, ки дар рӯзгори мо ба шакли дигар, дар симои охундҳову бегонапарастон зоҳир мешавад, иртибот мегирад. Ба қавли муаллифи «Чаҳор мақола»- Низомии Арӯзӣ, «пас, «Шоҳнома» Алии Дайлам дар ҳафт муҷаллад навишт ва Фирдавсӣ Бӯдулафро баргирифт ва рӯй ба ҳазрат ниҳод, ба Ғазнин ва ба поймардии хоҷаи бузург Аҳмад Ҳасани Котиб арза кард ва қабул афтод. Ва султон Маҳмуд аз хоҷа миннатҳо дошт. Аммо хоҷаи бузург мунозион дошт, ки пайваста хоки тахлит дар қадаҳи ҷоҳи ӯ ҳамеандохтанд. Маҳмуд бо он ҷамоат тадбир кард, ки Фирдавсиро чӣ диҳем? Гуфтанд: «Панҷоҳ ҳазор дирам ва ин худ бисёр бошад, ки ӯ марде рофизӣ аст ва мӯътазилимазҳаб ва ин байт бар эътизоли ӯ далел кунад, ки ӯ гуфт:

 Ба бинандагон Офаринандаро

Набинӣ, маранҷон ду бинандаро.

Ва бар рафзи ӯ ин байтҳо далел аст, ки ӯ гуфт:

Агар хулд хоҳӣ ба дигар сарой,

Ба назди набиву васӣ гир ҷой.

Гарат з-ин бад ояд, гуноҳи ман аст,

Чунин дону ин роҳ роҳи ман аст.

Бар ин зодаму ҳам бар ин бигзарам,

Яқин дон, ки хоки пайи  ҳайдарам

Ва султон Маҳмуд марде мутаассиб буд, дар ӯ ин тахлит бигирифт ва масмуъ афтод. Чун бист ҳазор дирам ба Фирдавсӣ расид, ранҷур шуд ва ба гармоба рафт ва баромад, фуққоӣ бихӯрд ва он сим миёни ҳаммомиву фуққоӣ қисм фармуд».

Ин муаллиф дар мавриди марги Фирдавсӣ дар ҷойи дигар чунин менависад: «Ҷанозаи Фирдавсӣ ба дарвозаи Разон берун ҳамебурданд. Дар он ҳол музаккире буд дар Табарон, таассуб карду гуфт: «Ман раҳо накунам то ҷанозаи ӯ дар гӯристони мусулмонон баранд, ки ӯ рофизӣ буд». Ва ҳарчанд мардумон бигуфтанд, бо он донишманд дарнагирифт. Даруни дарвоза боғе буд, мулки Фирдавсӣ. Ӯро дар он боғ дафн карданд. Имрӯз ҳам дар он ҷост…». Аммо ин ривоятро Қазвинӣ (ваф.682 ҳ.қ.) дар «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-аъбод» овардааст: «Рӯзе Шайх Қутбиддин (устоди Ғазолӣ) бо ҳамроҳонаш ба қабри Фирдавсӣ мегузашт. Яке аз ҳамроҳон ба вай гуфт: «Ба зиёрати қабри Фирдавсӣ биравем». Шайх  ба ӯ посух дод: «Вайро раҳо кун, чӣ умри худ дар мадҳи маҷусон сарф кардааст».

Хушбахтона, на ҳамаи мардум дунболи гуфтори аҳли таассуб, ба вижа мазҳабиён ва фирдавсиситезон, бадхоҳони миллат, бостонзудоён, подшоҳону ҳокимони иртиҷоию истилогару бегона ва фатвои фақеҳону рӯҳониёни мутаассиби диниву хурофӣ  рафтанд, балки ба ин ё он навъ аз Фирдавсӣ тамҷид намуданд, шоҳномахонӣ карданд, номашро ба некӣ ёд намуданд, мазорашро зиёрат карданд. Ҳатто бархе аз салотину умаро, ҳокимони истилогару бегонатабор шеъри Фирдавсӣ дар лаб ба майдони ҷанг рафтанд ва сарафрозона ҳалок шуданд, шарбати маргро чашиданд. Онҳо, ба қавли Шиблии Нӯъмонӣ, «дар майдони ҷанг ба ҷои раҷаз «Шоҳнома» мехонданд. Туғрал — охирин султони Салҷуқӣ дар майдони ҷанг машғули пайкор буд ва ӯ то вақте ки ҷон дод, ин ашъори «Шоҳнома» аз забонаш ҷорӣ будааст:

Ман он гурзи якзахм бардоштам,

Сипаҳро ҳамон ҷой бигзоштам.

Чунон бирхурӯшидам аз пушти зин,

Ки чун осиё шуд парешон замин».

Хулоса, душманони миллат, шоирони маддоҳи дарбор, аҳли таассуб, хилофатгароён, бегонапарастону аҳли хурофот ва соири бадхоҳони фарҳангу тамаддуну адаби ориёиён ҳамеша ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ тохтаанд, аммо натавонистаанд аз шуҳрату нуфузи он ва муаллифаш бикоҳанд. Агарчӣ ӯро ба бадмазҳабӣ муттаҳам кардаанд, қаҳрамонону паҳлавононашро паст задаанд, шоҳону амирони бегона, аз ҷумла Маҳмуди ғосибро аз онҳо бартар гузоштаанд, «Шоҳнома»-ро саропо дурӯғу афсона хондаанд, дар муқобили «Шоҳнома» «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома», «Маҳмуднома» навиштаанд, аммо пеши роҳи шоҳномахониро гирифта натавонистанд. Мардум ҳар оина  «Шоҳнома» мехонданд.

Бад-ин маънӣ муаллифи «Шеър-ул-аҷам»  чунин нигошта: «Бояд донист, ки барои қабули оми «Шоҳнома» дар ин аср (асри нуфузи диёнати ислом) мавонеи зиёде дар кор будааст. Муқаддам бар ҳама ин ки тамоми китоб корномаи милали ғайриисломӣ буда… Бад-ин ҷиҳат дар ҷомеи мазҳабӣ ҳисси адами ризоят нисбат ба китоб пайдо шуда ва умуман аз ӯ норозӣ буданд. Чунонки ҳамон вақт китобе дар ҷавоби «Шоҳнома» ба исми «Умарнома» таълиф гардид, ки муаллифи он дар дебоча дар баёни сабаби таълифи китоб менависад, ки чун Фирдавсӣ як силсила афсонаҳои Аҷамро ҷамъ карда ва китобе бо исми «Шоҳнома» интишор додааст, лиҳозо, ман ин китобро дар ҳолати халифаи дувум менависам, то таваҷҷуҳи мардумро аз хондани «Шоҳнома» мунсариф сохта ва ба мутолиаи ин китоб машғул созам…, вале бо вуҷуди ҳамаи инҳо, натиҷа ин шуд, ки аз Хуросон гирифта, то Бағдод, аз тамоми дару девор садои «Шоҳнома» баланд будааст».

Оид ба суханони иҳонатомези Ғазолӣ, ки ӯро ба мадҳи маҷус муттаҳам сохта буд,  дар ривояти Қазвинӣ чунин омадааст, ки устод Ғазолӣ ҳамон шаб Фирдавсиро ба хоб дид ва Фирдавсӣ ба забони «Қуръон» ба ӯ гуфт: «Бигӯ, агар шумо молик шавед, хазинаҳои Парвардигори  маро он гоҳ имсок кунед аз тарси нафха кардан ва бошад одаме танггиранда». Воқеан, ин ривоят бозтобдиҳандаи ҳаққонияти  Фирдавсӣ ва амали ӯст, ки фақеҳи Тӯсро ба зону менишонад. Ва Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» ин ривоятро оварда: «Чунин гӯянд, ки Шайх Абулқосими Гургонӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, бар Фирдавсӣ намоз накард, ки ӯ мадҳи маҷус гуфта. Он шаб дар хоб дид, ки Фирдавсиро дар биҳишти адн дараҷоти олӣ аст. Аз ӯ суол кард, ки ин дараҷа ба чӣ ёфтӣ? Гуфт: «Бад-он як байт, ки дар тавҳид гуфтам ва он ин аст:

Ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ,

Надонам, чиӣ, ҳар чӣ ҳастӣ, туӣ.»

Албатта, дар ин боб ривоятҳои дигар низ мавҷуданд, ки аҳли қаламу мазҳаб иттиҳоми номусулмонии Фирдавсиро, ки бар ӯ баста буданд, рад менамоянд ва ҳар оина мекӯшанд, ки Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯро аз шарри бадхоҳон ва душманони миллат эмин бидоранд. Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки ҳар гоҳ мутаассибе, бадхоҳе, душмане, бадбине ба Фирдавсӣ иттиҳом карда, ба «Шоҳнома» тохта бошад, охируламр ноком баромадааст, зеро дӯстдорони  каломи шоир ба онҳо ҷавоби зарурӣ додаанд. Тавре ки дар асри мо   сухансанҷони мунсиф ва  ҳаводорони  шоир ба  Аҳмади Шомлу,  ки ба Фирдавсӣ дар нигориши достони Заҳҳок эрод гирифта буд, ҷавоби дандоншикан доданд. Ё Броуни инглис, ки ҳунари шоирии Фирдавсиро зери суол бурда буд, ба эътирози шадиди  Шиблии Нӯъмонӣ рӯ ба рӯ гардид. Ӯ бо ин байт ба вай ҷавоби сазовор гуфт:

Ҳарифи ковиши мижгони хунрезаш наӣ зоҳид,

Ба даст овар раги ҷоневу наштарро тамошо кун.

Ҷамолиддин САИДЗОДА,

ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон