Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ…

№4 (3641) 14.01.2017

ГАр сухан навбвтГар  сухан  набвад  чароғи  маҷлиси  ёдоварӣ,

Баъди  хомӯшӣ  зи хотирҳо  фаромӯшем  мо.

Хотираҳо гузаштаю имрӯзаро ба ҳам мепайванданд ва наҷобату некиро дар дилҳо зинда медоранд.

Чун дунболи хотираҳо меравем, умри гузашта пеши назар меояд, саҳфаи китоби зиндагӣ варақгардон мешавад. Ба худ меандешем, ки тӯли умри даргузар бо кӣ ҳамнишину ҳамкор будем? Аз ҳамнишинии хеш чӣ омӯхтем, аз ин ҳамнишиниву ҳамкорӣ чӣ хотира дорем?

Ин ҷо мехоҳам аз устоди зиндаёд Мирзошоҳрух Шамсиев зикри хайр намоям.

Вақте ба ягон шахс «муаллим», -  гуфта муроҷиат менамоед, пеши назар шахсе намудор мегардад, ки ӯ дигаронро меомӯзонад. Дар ҷумҳуриамон омӯзгорон зиёданд, вале омӯзгори ҳақиқиро кам дучор мешавем. Ҳамон шахс омӯзгори ҳақиқӣ аст, ки аз таҳти дил касби хешро дӯст дорад. Шодравон Мирзошоҳрух Шамсиев ба маънои томаш омӯзгор буд. Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ дар мактаби миёнаи рақами 10-и ба номи Камоли Хуҷандии деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ худро чун шахси кордону серталаб нишон дод.

Мирзошоҳрух Шамсиев шогирдони худро дӯст медошт. Нисбат ба тақдири онҳо бетараф набуд. Кӯшиш менамуд, ки ҳар як ҷавон соҳибмаълумот гашта, дар зиндагӣ роҳи худро ёбад ва тавонад, ки дар оянда ба нафъи миллату диёр кори хайреро анҷом диҳад. Аз омадани омӯзгорони ҷавон ба мактаби деҳа хурсанд мешуд. Дар таълиму тарбия ба онҳо ёрии беғаразона мерасонд. Ҳеҷ гоҳ сухани бад намегуфт ва пайваста ба ҳамкорону шогирдон ин шоҳбайтро талқин менамуд:

Қимати  мард  на  ба  симу зар аст,

Қимати мард ба  қадри ҳунар аст.

Натиҷаи меҳнати софдилонаю содиқонааш буд, ки имрӯзҳо шогирдони тарбиянамудааш дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа машъалбардорони илму дониш ва иқтисоду фарҳанг мебошанду бо сари баланд мегӯянд: «Мо шогирдони Мирзошоҳрух Шамсиев мебошем.»

Марҳум Мирзошоҳрух Шамсиев ҳамчун омӯзгори асил шахси ташаббускору ташкилотчӣ низ буд.

Бо ташаббуси ин марди нек барои ободонии деҳа, аз қабили сохтани пулу роҳҳои мошингузар, кандани ҷӯю канал ва ғайра ҳашарҳои оммавӣ ташкил мешуданд. Ҳатто имрӯз мардуми деҳа аз онҳо истифода бурда истодаанд.

Бузургон гуфтаанд: «Аз нек боғ…», ки ҳақ асту рост. Аз ин марди некном боғе ба ёдгор мондааст, ки то ба имрӯз аз меваҳои шаҳдбори он мардуми деҳа ком ширин мекунанд ва дар ҳаққи бунёдкунандаи он дуои хайр менамоянд.

Дар оиладорию тарбияи фарзандон низ шодравон барои аҳли деҳа намуна буд. Фарзандони ӯ то ба имрӯз кори неку номи неки падари бузургвори худро идома медиҳанд.

Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда  шуд ба ишқ,

Сабт аст бар  ҷаридаи  олам давоми  мо.

 Маҳмадраҷаб Раҷабов, омӯзгори МТМУ  №45, деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ