Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор

№41 (3991) 13.04.2019

dfg Мирзо Шукурзода адиб ва донишманди маъруф аст. Ӯ ҳамеша паи таҳқиқу эҷод аст ва ҳар лаҳзаи умрро босамар истифода мебарад. Академик Камол Айнӣ дар бораи ӯ навишта буд: «Яке аз хизматҳои мондагор ва таърихии М. Шукурзода ба чоп омода намудани «Доират-ул-маориф»-и Осиёи Миёна (чопи Теҳрон, с. 1999) мебошад… Номбурда тоҷиконро ба доираҳои фарҳангии Эрон шинос намуданд. Аз ҷумла хонаводаи мо аз домулло Айнӣ сар карда…».

Мирзо Шукурзода шиновари дарёи шеър низ ҳаст. Осори манзуми ӯ таровати хосе дорад. Ахиран ҶДММ «Илм» маҷмӯаи ашъори ӯро бо исми «Фаввораи андӯҳ» ба нашр расонидааст. Аз он чанд шеърро манзури хонандагон мегардонем.

 Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор,

Тулуъи нуру имонро нигаҳ дор.

Ҳарими ҳикмати «Бӯстон»-и Саъдӣ,

Гули рӯйи «Гулистон»-ро нигаҳ дор.

Зи шохи нахли виҷдон мева аст ӯ,

Худоё, нахли виҷдонро нигаҳ дор.

Паси даҳ қарн сомон ёфт Сомон-ш,

Шукӯҳу фарри Сомонро нигаҳ дор.

Шаҳаншоҳи Хуросон дар Душанбе,

Шаҳаншоҳо, Хуросонро нигаҳ дор.

Ҷунуни шеъри мо аз ҳастии ӯст,

Ту шӯру шавқи мастонро нигаҳ дор.

Шумори хасмаш аз мӯру малах беш,

Алайҳи хасм хосонро нигаҳ дор.

Ба рағми ҳар суханчин, ҳар дағалбоз,

Паёпай шӯри шеронро нигаҳ дор.

Бикан бо чангу дандон пӯст аз хасм,

Ғурури чангу дандонро нигаҳ дор.

Зи барқи теғи буррон сӯз чашмаш,

Ҷилои теғи бурронро нигаҳ дор.

Сипоҳони меҳан, душман бикӯбед,

Сипоҳи Вахшу Хатлонро нигаҳ дор.

Зарафшоно, дилафшон кун ватанро,

Дили дарёи гурдонро нигаҳ дор.

Шукӯҳи Суғду Шумон аз ҳасад дур,

Бадахшони дурахшонро нигаҳ дор.

Давоту дафтари Саъдию Ҷомӣ

Ҳироту Балху Юмгонро нигаҳ дор.

Дуъои аҳли ғурбат мустаҷоб аст,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор.

 

 Шеъри ман

Шеъри ман исёни бисёри ман аст,

Шеъри ман Мансури ман, дори ман аст.

Оташе аз хирмани нори Халил,

Ин Сиёвуш шоҳи дарбори ман аст.

Ҳар ҳиҷое равзани рӯйи Худо,

Торайи нури шаби тори ман аст.

Мисраи гесӯйи ин моҳи мунир,

Ояте аз ҳусни гулзори ман аст.

Дар сукути маргзои шоми ҳаҷр,

Нолайи мурғони кӯҳсори ман аст.

Гар нашӯяд ашки хунполои дил,

Ашки тӯфонхези рухсори ман аст.

Раҳ напӯяд дар ҳарими ҷони дӯст,

Душмани бадкеши ғаддори ман аст.

Бар дили реше наҷӯяд марҳаме,

Хори кулфат дар дили зори ман аст.

Шеъри ман бо ин ҳама ошуфтагӣ,

Бӯалии рӯҳи бедори ман аст.

Юсуфи табъи маро арзон магир,

Ин парасту то абад ёри ман аст.

 

***

Бигуфтамат, ки биё, пеши ман бимону марав,

Чу ҷон сиришта дар ин пираҳан бимону марав.

 

Ҳазор анҷумане наҷми як нигоҳи ту нест,

Чу нур дар дили ин анҷуман бимону марав.

 

Насими кӯи ту пайке ба ҷони мурдайи мост,

Гули биҳишти манӣ, дар чаман бимону марав.

 

Ба пеши лаъли ту кай шиква аз ҷудоиҳост,

Биё, тилисми ҷудоӣ шикан, бимону марав.

 

Фурӯғи зиндагӣ оинадори талъати туст,

Умед з-ин дили танҳо макан, бимону марав.

 

Расид ҷон ба лабам зи ваҳшати шаби ҳаҷр,

Чу Хизр панҷайи ваҳшат шикан, бимону марав.