Илҳом АМОНЗОДА, ректори ДТТ: «Саноатикунонии босуръат – роҳ ба сӯйи ҷаҳонишавӣ»

№23 (3973) 28.02.2019

«Дар асри XXI пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯйи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огаҳиву дастрасӣ дош­тани аҳолӣ ба техникаву технологияи муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд». (Иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, 23 майи соли 2013)

ректорАгар гӯем, ки ба пешрафту дастовардҳое, ки дар соҳаҳои гуногун ноил гардидем, ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд, муболиға нахоҳад буд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти кишвар ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, хоса соҳаи саноати кишвар,таваҷҷуҳи хос дошта, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) пешниҳод намуданд, ки бо дарназардош­ти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Муҳтавои ин нуктаро метавон меҳвари Паём, омили таҳрикбахш дар пешрафти соҳаи саноат ва муҳимтарин вазифаи дарпешистода баҳри дастёбӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар номид.

Ин ибтикори Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба мо — омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи саноат, ки ҳамқадами замон, дорои заминаи мустаҳками моддӣ — техникӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ — тахассусӣ ва неруи зеҳнӣ ҳастем, нигаронида шудааст. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамқадам бошем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем.

Ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар масъулияти омӯзгорону устодонро, ки бевосита дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи саноат дар бозори меҳнат ҳиссагузоранд, дучанд менамояд. Бегуфтугӯ, татбиқи ин ҳадаф ба рушди соҳаи саноат, хоса саноати хӯрокворӣ, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар аз тамоми имконият самаранок истифода намуда, барои тақвияти иқтидори зеҳнии омӯзгорон фазои солим фароҳам овард ва ин имкон муҳайё кард, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2018 9 омӯзгор рисолаи илмӣ дифоъ намоянд.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорони соҳаи саноати хӯрока ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, соли 2018 ба Донишгоҳи аграрӣ – техникии Қазоқистон 1 омӯзгор ва 4 донишҷӯ барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд. Аз он ҷониб 1 омӯзгор ва 4 донишҷӯ бо мақсади зикршуда ҷалб шуданд. Мубодилаи донишҷӯён ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ дар назар аст.

8 корректДар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар он донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолии кимиёвӣ, лоиҳакашӣ, бунёд ва истифодаи қубурҳои газу нефт касб меомӯзанд.

Роҳбарияти донишгоҳ боварӣ доранд, ки ҳайати устодону профессорон тавассути донишу таҷрибаи аз хориҷу дохили кишвар омӯхта маҳорату малакаи касбӣ, иқтидори кадрии кишварро пурзӯр намуда, ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ бошанд.

«Лоиҳаҳои грантӣ таҳрикбахши рушд»

ХБХаёл БОБОЕВ: - муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ

 - Яке аз самт­ҳои фаъолияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина донишгоҳ бо зиёда аз 78 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартнома ва созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Ин омил имконият медиҳад, ки тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои техникӣ, технологӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ дар хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шавад. Ин ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд, мусоидат мекунад. Бо ин мақсад соли 2018 раёсати донишгоҳ 18 хатмкунандаро барои такмили ихтисос ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Латвия фиристод. Дастовардҳои донишгоҳ дар таҳия ва дарёфти лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ низ назаррас аст. Айни ҳол 4 лоиҳаи грантии байналмилалии Иттиҳоди Аврупо татбиқ гардида, аз ҳисоби маблағи онҳо чанд марказ ва озмоишгоҳ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, Маркази рушди инноватсионии ҷавонон дар доираи лоиҳаи MIND кушода шуд.

Дар заминаи ҳамкорӣ бо «Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон» ду озмоишгоҳ – микробиология ва технологияи коркарди маҳсулоти гӯштӣ, истеҳсоли ҳасиб ва ҳасибчаҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари миллии «Маркази тиҷорати байналмилалӣ», ки аз ҳисоби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, роҳбарияти донишгоҳ таъсиси маркази таълимиро ба нақша гирифтааст, ки дар он тайёр намудани мутахассисони соҳаи дӯзандагӣ ва курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда мешавад. Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи рангубор ва ороишии Кореяи Ҷанубӣ таҳияи лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии илмӣ — тадқиқотиро, ки ба соҳаи саноати рангубор ва ороиши матоъҳои гуногун рабт дорад, ба анҷом расонид. Таъсиси маркази мазкур имкон медиҳад, ки коркарди ашёи хоми соҳаи саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ аз оғоз то ба анҷом бо истифода аз таҷҳизоти марказ ба роҳ монда шавад. Инчунин, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой хуб буда, як гурӯҳ омӯзгорон ба сафари омӯзишӣ – таълимӣ фиристода шуданд.

Инчунин, тасмими ҷиддӣ дорем, ки фаъолиятро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак доир ба техникаи таъиноти саноатӣ ва хӯрокворӣ ҷоннок намоем.

Маркази ҳунарҳои мардумӣ

Дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон «Маркази ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфт. Ҳадаф аз ҷалби духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ – гулдӯзӣ, гулбурӣ, зардӯзӣ, санъати ороиши либос бо кашидадӯзӣ мебошад. Марказ аз ду озмоишгоҳ — нақшбандӣ дар чӯбу табақча ва дӯхтани либосҳои армуғонӣ аз атласу адрас иборат мебошад.

Ифтитоҳи ду маркази Тоҷикистону Корея

Лабораторияи микробиология IMG_20190227_145246Тадбирандешии раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея таъсис ёфта, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.

Таҳким бахшидани заминаи моддӣ – техникӣ ва бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидани донишгоҳ дар навбати аввал ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва вусъат бахшидани корҳои илмию тадқиқотӣ рабт дорад.

13 -уми ноябри соли 2018 бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли У Чол, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея ба фаъолият шурӯъ кард. Он бо дастгирии молиявии Фонди миллии тадқиқотии NRF-и Ҷумҳурии Корея ва саҳмгузории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил гардида, бо 19 компютер, 10 таҷҳизоти озмоишӣ барои гузаронидани машғулият дар самти барномасозӣ ва дигар таҷҳизоти таъиноти озмоишдошта муҷаҳҳаз мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом ба ҷалби омӯзгорон аз Кореяи Ҷанубӣ замина гузошт.

Марказ дар асоси шартномаи тарафайни байни донишгоҳ ва W TIT – (интиқоли технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионии ҷаҳонӣ) фаъолиятро ба роҳ монда, ҳадафи асосии он рушди технологияи иттилоотӣ ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ бо ҷалби донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ба шумор меравад.

Рӯзе, ки барои аҳли  донишгоҳ хотирмон буд

13 апрели соли 2018 дар донишгоҳ «Маркази рушди инноватсионии ҷавонон» аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи MIND-и Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфт, ки он барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён шароит фароҳам оварда, ба ташаккули касбияти онҳо мусоидат мекунад. Марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамон рӯз, инчунин Озмоишгоҳи микробиология кушода шуд, ки бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида аст. Озмоишгоҳ, ки бо кумаки Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон таъсис ёфт, моҳиятан макони ташхиси дақиқ аст. Зеро кафолати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон аз бисёр ҷиҳат ба кори чунин озмоишгоҳҳо вобаста аст. Табиист, ки бе таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи муосир гузаронидани ташхис, алалхусус ташхиси маҳсулоти ғизоӣ, ғайриимкон аст. Ба фаъолият шурӯъ намудани озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки сифати маҳсулот аз ҷиҳати микробиологӣ дақиқ баҳогузорӣ шавад. Аз ҷониби дигар, он барои донишҷӯёни равияи технологияи маҳсулоти хӯрока имконияти бо усулҳои муосири ташхис шинос шудан ва ба сифати маҳсулот баҳо додан шароит фароҳам меорад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»