Илм офтоб асту олим нурпош…

№66 (4016) 11.06.2019

sdfdfМД  «Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурус­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  31 августи соли 2009 ба тасвиб расидаааст. Таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурус­тӣ, ворид намудани дастовардҳои илмӣ ва усулҳои нави ташхису табобат дар тибби амалӣ, сифатан беҳтар намудани неруи кадрӣ ва амсоли ин ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи он муайян карда шудаанд.

Оид ба бурду бохт ва вазъи кунунии кор ва нақшаҳо бо президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи АИТ Алиҷон Ғоибзода суҳбат доштем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Шумо ҳамчун сарвар фаъолияти академияро дар тӯли 10 сол чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Албатта, қаноатмандем, зеро корҳои зиёд ба анҷом расиданд ва раванди онҳо гувоҳ аст, ки ояндаи муассиса дурахшон хоҳад буд. Бузурге фармуда, ки «илм офтоб асту олим нурпош». Кормандон ин рисолатро ҳамеша содиқанд.

Инчунин, фаъолияти академия ва 14 муассисаи илмии зертобеи он дар доираи вазифаҳое, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчунин таъмин намудани иҷрои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи тиб, тайёр намудани кадрҳо  равона мегарданд.

Айни замон, амалишавии 18 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 11 лоиҳаи инноватсионӣ идома дошта, дар иҷрои онҳо 38 доктор ва 132 номзади илми тиб иштирок доранд ва аз ҷониби комиссияи экспертӣ оид ба  баррасии лоиҳаҳои илмӣ рафти амалишавиашон зери назорати доимӣ қарор дорад.

- Яке аз самтҳои асосии кор вобаста ба талабот, ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ бо истифода аз технологияи муосир мебошад. Алҳол дар соҳаи тиб чӣ гуна технологияҳои нав истифода мешаванд?

- Дар зарфи даҳ сол олимон бо истифода аз технологияҳои нав усулҳои нави ташхису табобатро дар марказҳои илмӣ ҷорӣ намуданд. Аз ҷумла, шунтикунонии аорто-коронарӣ дар дили коркардаистода,  стенткунонии шараёнҳои дил ҳангоми сактаи шадиди миокард ва синдроми шадиди коронарӣ, стенткунонии шараёнҳои канорӣ ва ангипластикаи шараёнҳои соқ дар беморони гирифтори попанҷаи диабетӣ,  ҷарроҳии дил дар кӯдакони  навзод бо вазни бадани то 3 кг, бартарафкунии нуқсонҳои модарзодӣ бо усули дохилишараёнӣ бе кушодани қафаси сина,  истифодаи васеи имплантатҳо дар беморони нуқсони устухони ҷоғу рӯй, пайвандсозии гурдаю ҷигар ва мағзи устухон,  омӯзиши бемории гепатоангиопатияи гелиотропӣ (Мирочник-Мансуров), омилҳои генетикии гепатитҳои музмини В, С, D ва амсоли онҳо. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо кормандони Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон бори нахуст дар Осиёи Марказӣ коркарди дастгоҳҳои криоҷарроҳӣ  ва истифодаи онҳо дар табобати зиёда аз 160 бемори ҷигар, ғадуди зери меъда ва дигар узвҳои ковокии шикам, табобати эндоскопии (клипскунонӣ) хунравӣ аз варидҳои меъдаву сурхрӯдаи беморони сиррози ҷигар (269 бемор) ва  стенткунонии роҳҳои пешобрав амалӣ карда шуд.

Инчунин, барои иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба камбудиҳои соҳаи тандурустӣ ҷойдошта табибон зери роҳбарии олимони соҳа тадқиқотҳои илмӣ ва амалиро оид ба васеътар омӯхтани масъалаҳои вобаста ба ВИЧ — сироят, сил, гепатитҳои вирусӣ, солимии модару кӯдак, бемории рагҳои хунгард, диабети қанд, фарбеҳӣ, ташхиси барвақтӣ ва табобати мукаммали бемориҳои саратонӣ ба роҳ  монданд.

- Доир ба ихтирои олимони соҳа чӣ гуфтан мумкин аст?

- Аз ҷониби онҳо зиёда аз 450 ихтирои нав пешниҳод карда шуда, онҳо бо 135 нахус­тпатент ва 296 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 патенти Авру­Осиёӣ ва 4 патенти Федератсияи Россия ҳифз карда шуданд. Бояд иброз намуд, ки 7 фоиз патентҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон ва муассисаҳои хориҷӣ дода шудааст, ки он гувоҳи эътирофи байналмилалӣ доштани патентҳои ватаниро исбот менамояд. Қисми зиёди патентҳо дар амалияи беморхонаҳо ворид  гардиданд.

Чор тан олим соли 2017 дар Форуми занони  ихтироъкори  ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Инчунин, аъзои академия  бо медали тиллои Созмони байналмилалии неруи зеҳнӣ ва ду медали тиллои Маркази миллии патенту иттилоот қадрдонӣ шуданд.

Дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  солӣ ҷорӣ 6 Шӯрои диссертатсионӣ ва дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 3 Шӯрои диссертатсионӣ дар соҳаи тиб фаъолият менамоянд. Яке аз онҳо дар Муассисаи «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон»-и Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми  Федератсияи Россия дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология фаъолият доранд.

- Тайёр намудани кадр­ҳои соҳаи илми тиб чӣ тавр сурат мегирад?

- Соли 2014 президенти академия зимни баррасии парлумонӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ширкат варзида, дар бораи корҳои амалинамуда ҷиҳати татбиқи ҳуҷҷати мазкур баромад намуд. Қайд гардид, ки аввалин шуда олимони соҳаи тандустии кишвар нақшаи тайёр намудани кадрҳои илмиро аз ҳисоби номзадони илмӣ пеш аз муҳлат иҷро намуданд.

Алҳол дар шуъбаи омодасозии кадрҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ зиёда аз 30 нафар аспирант таҳсил доранд. Дар муассисаҳои илмӣ аспирантон ба таҳсил фаро гирифта, назорати онҳо қатъӣ ба роҳ монда шудааст.  Вобаста ба ҷорӣ шудани низоми нави таҳсил, соли ҷорӣ 7 нафар ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)   қабул гардид.

Дар ин бобат ҳамкорӣ ва робитаҳои илмӣ бо сохторҳои гуногуни илмии кишвар, ба монанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ва  хориҷ – Академияи илмҳои  Федератсияи Россия, Эрон, Олмон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Беларус ёрии бевосита мерасонад. Аз ҷумла, соли 2017 байни АИТ ва АИ Федератсияи Россия созишнома оид ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва унвондор дар ФР ва соли 2016 байни АИТ ва Маркази илмию клиникии Ubbo-Emmius-Klinik gGmbh ҷиҳати такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик қарордод баста шуд, ки тибқи он тарафи Олмон уҳдадор шудааст барои бозомӯзии кадрҳои ҷавон ва гузаронидани ҷарроҳии ройгон дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Инчунин, маҷаллаи «Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон» нашр мешавад, ки аз ҷониби КОА ФР эътироф гардида,  ба Феҳристи байналмилалии нашрияҳои илмӣ PILA Cross Red дохил шудааст. Он барои чопи мақолаҳои илмии олимони ҷавон кумак мерасонад.

Дар ҷаласаҳои шӯрои табъу нашри муассиса борҳо монографияҳои олимони ҷавон баррасӣ ва ба нашр тавсия гардидаанд. Аз соли 2015 дар академия мукофоти «Олими ҷавони сол» таъсис дода шуд.

- Омодагӣ ба ҷашни 10 – солагии таъсисёбӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Солҳои 2015-2018 сессияҳои солонаи илмӣ перомуни «Масъалаҳои мубрами гастроэнтерология ва гепатологияи муосир», «90-солагии академик Ҳ. Ҳ. Мансуров», «Технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии дилу рагҳо ва гинекология», «Об ва саломатии инсон» ва «Вазъ ва дурнамои рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ» баргузор гардиданд. Дар рӯзҳои ҷашн сессияи солонаи илмиро дар мавзӯи «Фарбеҳӣ-проблемаи аср» доир карданием, ки дар кори он кормандони муассисаҳои илмӣ, олимони варзидаи кишвар ширкат меварзанд.

Шодмони КАРИМ, рӯзноманигор