Инсоният ҳамеша ба омӯзгор ниёз дошт

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,

Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам.

Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,

Миннатпазир аз ту доим ба рӯзгорам.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ  мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим!

Боқӣ Раҳимзода

Ин  мисраъҳо, ки аз дили  шоири маҳбуби мо устод Боқӣ Раҳимзода садо додаанд, ҳамагӣ як шаммаи хурдест дар васфи  омӯзгор. Вале ситоиши муаллим ва заҳмату хизматҳои ҳамешагии  ӯ дар ҳамаи давру замон аз  тарафи бузургон эътироф ва васф мешуд.

Гуфтан ҷоиз  аст,  ки дар яке аз мулоқотҳои худ бо ҷавонон соли 2005  Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буд, ки «Маориф омили муҳимтарини  наҷоти миллат ва таҳкими  давлат аст». Албатта,  дар  ин иқтибос аз мафҳуми маориф, пеш аз  ҳама, армияи  чандинҳазораи  омӯзгорон пеши назар меояд. Пас, хулосаи  образноку дақиқ  ин, ки  калиди  наҷоти  миллат  ва қувваи  давлат дар  дасти  омӯзгорон  аст. Яъне,  вобаста  ба  онҳо  аст, ки чӣ гуна шогирдон ё  худ  мутахассисонро  барои  халқу Ватан тайёр  мекунанд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки  Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон чунин  нуктаро дар аксари суханрониҳояшон таъкид  менамоянд. Хоса, чунин гуфтаҳои Президент, ки ба муносибати  рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ҳар  фарди боақлу заковат  ва  сокини  воқеии Тоҷикистонро бетараф  гузошта  наметавонад: «Яке  аз  роҳҳои мусоидат ба таҳкими  давлату давлатдории  миллӣ дар зеҳну  шуури мардум  ташаккул додани тафаккури  давлатӣ, тарбияи ҷавонон  дар  руҳияи  ифтихор аз  давлатдории  миллӣ, ватандӯстиву  ватанпарастӣ   ва  муосидат ба рушди илму  маориф дар кишвар  мебошад, ки бояд  дар  қалби ҳар сокини Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину  мазҳаб  ва  мавқеи сиёсиву иҷтимоии ӯ, ҷой гирифта бошад».

Ин нуктаи басо хирадмандонаву ғамхоронаи Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, зиёиён ва маҳз омӯзгоронро водор  месозад, ки сари ҳар қадам  баҳри ба амал татбиқ намуданаш ҷаҳд  намоем.

Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон,  воқеан  ҳам,  дар  оянда  ба  уҳдаи ҷавонон  гузоштани  давлату давлатдориро пешбинӣ намуда, зимни суханрониаш бахшида ба Рӯзи дониш дар  бинои нави Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (1 сентябри соли 2013) чунин муроҷиат намудааст: «Ба шумо, фарзандони азизам – ояндаи миллати тоҷик ва  давлати тоҷикон- бори  дигар  муроҷиат менамоям, ки омӯзеду огоҳ бошед,  соҳибмаърифату донишманд бошед, нисбат ба сарнавишти давлату  миллати  худ  бетафовут  набошед ва худро барои  масъулияти бузург,  яъне  соҳибӣ  кардани давлати  соҳибистиқлол  ва  миллати  куҳанбунёди  хеш  омода  намоед».

Муроҷиати  мазкури Президент  на фақат  ба  ҷавонон,  ҳамзамон, аз  мо, омӯзгорон,  масъулияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд, зеро  таълиму  тарбияи  насли  наврас  аз  илму маърифат ва  маҳорату малакаи  сафарбаркунандагии мо вобастагии қавӣ дорад. Аз ин лиҳоз мо,  омӯзгорон,  бояд дорои  хислатҳои  пешоҳангию ҳидоятгарона ва ҳамеша  дар пайи баланд  бардоштани  савияи  дониш ва  маҳорату  малакаи  пешаи худ бошем. Дар ин радиф мебояд таҷрибаи пешқадаму пешбарандаи мактабу омӯзгорони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақилро дар  фаъолияти омӯзгориамон мавриди  истифода  қарор диҳем. Зеро, таъкиди зерини Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони соҳаи маориф  (20 августи соли 1995) – «Баланд  бардоштани  обру ва  эътибори  омӯзгор  ва мактабу маориф аз бисёр  ҷиҳат  ба худи  устодону омӯзгорон  вобаста аст», имрӯз ва минбаъд ҳам мо, омӯзгоронро, ҳидоят  ба  он  мекунад, ки бояд  ҳамеша  бо  тайёриҳои  пухта  баҳри баланд  бардоштани сифати дарсҳоямон  кӯшиш  ба  харҷ  диҳем. Тавре ки  шоири насиҳатгӯ, мутафаккири бузурги тоҷик Саъдии Шеърозӣ  фармудааст:

 

Дарси  муаллим  ар  бувад

замзамаи  муҳаббате,

Ҷумла  ба  мактаб  оварад

тифли  гурезпойро.

 

Ҳамзамон  хотирнишон  бояд  кард, ки  Президенти  кишвар  зимни суханрониаш  дар  ҳузури  намояндагони  зиёиёни  мамлакат  (18 марти соли 2005)  марбут  ба  масъалаҳои  мактабу  маориф ба  ҷавонон,  ки  дар оянда,  сарфи  назар  аз он  ки  омӯзгор  мешаванд  ва  ё  аз  пайи  касби  дигаре  мераванд,  борҳо  таъкид  кардааст,  ки  «дар  баробари  омӯзиш  ва  аз  худ  кардани  илму  техникаи  муосир  ба  омӯзиши таърихи  пуршараф,  забони  модарӣ  ва  фарҳанги  ғании  халқамон  бояд бештар машғул  шаванд». Дар ин иқтибос чанд нукта, ҳамчун омилҳои намоишдиҳандаи  маърифати  шахс,  ки,   пеш  аз  ҳама, бояд  дар омӯзгорон ташаккул  ёфта  бошад,  таъкид  гардидаанд.  Яке  аз  онҳо  хубу аъло донистани  забони  модарӣ  аст. Зеро  омӯзгор дар сурате мавзуи  дарсро ба  шогирдон  хуб  фаҳмонда  метавонад,  ки  баробари  донишу  маҳорати  касбӣ  забони модариашро ба  дараҷаи аъло донад.

Дигар ин ки дар нуктаи  мазкури  Президент омӯхтани илму  техникаи муосир ба  ҷавонон  тавсия  карда  мешавад.  Дар  ин  бобат  гуфтан ҷоиз аст, ки  раҳнамо  ё  худ ҳидоятгари ҷавонон дар ҷодаи илм, пеш аз ҳама, омӯзгорон мебошанд.  Дар ҳар  кадоми  мо  бояд  сифатҳои  ақлу  хиради олимона ҳам  ташаккул  ёфта бошад, зеро  дар ҳадисҳои  Пайғамбар «илм  болотар  аз  ибодат дониста» шуда (Панҷсад  ҳадис. – М.1991, 94 с.), таъкид  гардидааст, ки: «Талаби  илм  барои  ҳар  мусулмон  ва  зани мусулмон фарз аст» (Ҳамон  ҷо, с.15).  Дар  ин  бобат  дар  ҳадисҳои Пайғамбар  боз  ҳам  омадааст: «Ҳар  кӣ  ду қадам  дар  роҳи  таҳсили  илм  бардорад  ва ду  соат дар  ҳузури  олим бинишинад  ва  ду  калима аз  ӯ бишнавад, Худояш ду биҳишт ато кунад, ҳар як ду баробари дунё…» (Ҳамон ҷо, с.50).

Оре, ба ҳақиқати нуктаҳои фавқ, ки дар иртибот ба мақому  манзалати  омӯзгор дар ҷамъият  тибқи рӯйи коғаз овардани далелҳо аз  гуфтаҳои ашхоси маъруф баррасӣ гардид, итминон ҳаст, ки касе шак нахоҳад овард. Агар ба он ҳама боз суханони руҳафзо ва илҳомбахши ба тозагӣ гуфтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки низ дар ҳаққи омӯзгорон бахшида  ба  Рӯзи дониш (1 сентябри соли 2013) аз лаҳни ӯ садо доданд, ёдовар шавем, имони комил аст, ки онро хонандаи муҳтарам мақтаи руҳафзо ва ҳам илҳомбахши навиштаҳои фавқ қабул хоҳад кард: «Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту  дорад».

Идатон муборак, омӯзгорони  арҷманд!

Саидбой ШЕРБОЕВ, доктори илми педагогика,

профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон