Истеъдоди фавқулодаи тоҷикдухтар

№129 (3766) 02.11.2017

Манижа ТошболтаеваиМанижа Тошболтаеваи 15-сола аз шаҳри Душанбе дар барномаи «Удивительные люди»-и шабакаи телевизионии «Россия 1»  бо нигоҳ суръати мошинро муайян карда, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Барои имтиҳон кардани  ҳунари ғайриодиаш  Манижаро  ба як автодроми шаҳри Маскав бурданд. Вай мебоист суръати мошинро бо нигоҳ муайян мекард. Узви ҳайати ҳакамон Евгений Папанишвили ҳамзамон бо суръатсанҷ (радар) суръати он мошинро чен мекард.

Манижа баъди аз назди онҳо гузаштани мошин гуфт, ки суръаташ 69 километр дар як соат аст. Суръатсанҷи Папанишвили низ рақами 69-ро нишон дод.

Папанишвили ба ин бовар накарда, суръати ду мошини дигарро санҷид.

Суръати мошини дуюмро радар 79 километр дар як соат нишон дод. Манижа каме иштибоҳ карда, суръаташро 76 гуфт. Мошини сеюм бо суръати 145 километр дар як соат аз паҳлуи Манижа ва Папанишвили гузашт. Манижа суръати онро низ дуруст муайян кард.

Манижа Тошболтаева дар синфи 9-уми муассисаи таълимии назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия таҳсил мекунад ва як сол аст, ки дар Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний» низ таълим мегирад.

Барномаи «Удивительные люди»-и шабакаи телевизионии «Россия 1» дар сатҳи байналмилалӣ намоиш дода мешавад. Нафаре, ки дар он пирӯз мешавад, як миллион рубл мукофот мегирад.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»