Камоли одамӣ дар илм бошад…

№90 (4196) 25.07.2020

МардакДар таърихи башарият ҳар як миллатро бо фарзандони содиқу номдораш мешиносанд. Зеро онҳо ҳаёту фаъолият ва ҳастиро барои некуаҳволии мардум, пешрафту ободии Ватан мебахшанд. Дар баробари сиёсатмадорон, аҳли зиёву олимон низ аз ҷумлаи чунин ашхосанд. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиёну олимон ва аҳли эҷодро «ҳамчун хазинаи тиллоии миллат» арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд: «зиёӣ ин шуълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд».

Бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ зиёиёну олимон бо кору эҷод ва ихтироот ба рушду инкишофи давлат ва ташаккули тафаккури созандаи ҷомеа мусоидат менамоянд. Тавассути заҳмати беғаразона ва таҳқиқоту омӯзишҳои пайваста онҳо ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои нави тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд.

Бешак, заҳмати аҳли зиё дар рушду такомули пояи давлатдорӣ ва болоравии эътибори миллат беназир аст. Дар ин хусус Муҳаммад Иқбол фармудаанд:

Илму давлат назми кори миллат аст,

Илму давлат эътибори миллат аст.

Олими шинохтаи соҳаи кишоварзӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, академик Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ аз зумраи чунин шахсон аст. Ӯро метавон бунёдгузори мактаби илмӣ ва таълимии соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон ҳисобид. Вай 9 июни соли 1950 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омада, аз овони наврасӣ дар дил меҳри Ватан ва хидмат кардан ба халқро мепарварид. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёна, соли 1967 ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) шомил шуда, онро соли 1972 бомуваффақият ба анҷом расонид. Баъди хатми донишгоҳ, ҳамчун мутахассиси лаёқатманд ба корҳои илмӣ ҷалб гардид ва фаъолияти меҳнатиро дар Институти таҳқиқотию илмии чорводории Тоҷикистон ба ҳайси озмоишгар оғоз кард. Завқи беандоза ба омӯзишу таҳқиқоти илмӣ ӯро ба фатҳи қуллаҳои нав наздик менамуд. Соли 1983 аспирантураи Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Москваро ба итмом расонид. Баъдан, дар вазифаҳои ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳу шуъба, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон фаъолиятро идома дод. Савияи баланди касбӣ, қобилияти хуби таҳқиқу таҳлилгарӣ ва ташкилотчигӣ боис гардид, ки ӯ ба вазифаҳои масъулиятнок таъин шуда, аз соли 1998 то 2008 дар вазифаҳои котиби илмӣ, сардори Раёсати илмию ташкилии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикис­тон ва аз соли 2008 то 2017 дар вазифаи саркотиби илмӣ фаъолият намояд. Аз соли 2018 то ҳол вазифаи мушовири президенти АИКТ — ро ба уҳда дорад. Чун тарбияи мутахассисону олимони ҷавонро вазифаи муқаддас мешуморад, ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикис­тон ба номи Ш. Шоҳтемур низ ба донишҷӯён сабақ меомӯзад.

Мавриди қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ парандапарварӣ соҳаи афзалиятноки кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Фаъолияти илмии Комилзода Д. Қ. асосан бахши селексия, технология ва хӯрондани парандаҳои кишоварзиро фаро мегирад. Соли 1996 оид ба усулҳои сердаромад намудани истеҳсоли тухм дар шароити Тоҷикистон, рисолаи докториро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дифоъ намудааст. Бо ташаббусу роҳбарии ӯ бори аввал дар Институти чорводорӣ аввал озмоишгоҳ ва сипас шуъбаи илмӣ доир ба парандапарварӣ, дар назди факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ихтисоси «зоотехник-парандапарвар», таъсис ёфтааст.

Омӯзиш, таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани таҷрибаву технологияи пешқадами соҳаи парандапарварӣ дар меҳвари таҳқиқоти ин олими пурмаҳсул қарор дорад. Дар натиҷаи таҳқиқоти бисёрсола ва муҷтамавӣ бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ 3 дурагаи мурғони сертухм офарида шуда, 5 дурагаи сермаҳсули мурғон, мурғобию мурғи марҷон ва 3 зоти бедона муайян гардида, дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ татбиқ ёфтаанд.

Бо роҳнамоии олим инчунин технологияи парвариши чӯҷаҳои мурғу мурғобӣ, реҷаҳои нигоҳдории мурғони сертухм ва беҳтар намудани сифати тухми онҳо тарҳрезӣ гардидааст. Бори аввал хӯрокиҳои ғайрианъанавии серсафедаи маҳаллӣ аз зироатҳои ғалладонагӣ (чойҷуворӣ, третикале) ва иловаҳои маъдандор (бентонит, палигорскит ва оҳаксанг) омӯхта шуда, меъёрҳои ҷоизи истифодаи онҳо дар вояи хӯроки чӯҷаю мурғон ва бедонаҳо таҳия шуд, ки хоҷагидорон истифода менамоянд. Ҳоло бо роҳбарии ӯ таҳқиқот оид ба муайян намудани зотҳои сермаҳсули кабк ва технологияи парвариши он, меъёри фоидабахши истифодаи орди кирмаки пилла дар ғизои бедонаҳо идома дорад.

Баҳои ниҳоӣ ва боздеҳи кори муҳаққиқ аз рӯи татбиқи ихтироот дар ҳаёт ва истеҳсолот муайян мегардад. Натиҷаи корҳои илмии академик Д. Комилзода ҳоло дар корхонаву хоҷагиҳои парандапарварӣ, деҳқонию шахсии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар амал васеъ татбиқ гардида, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо, бештар гардидани истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва ҳалли масъалаи амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд. Бо донишу малака ва таҷрибаи андӯхта барои фаъолияти муназзами КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» ҳамеша кумаки машваратию амалӣ мерасонад.

Дар ин радиф, бо ташаббус ва иштироки бевоситааш «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2007-2015» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» (2010), «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тухми озуқавии мурғ» (2014) таҳия шудаанд.

Академик Д. Комилзода ҳамчун мутахассиси варзида дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳавӣ, дар таҳияи бархе аз қарору қонунҳои соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намудааст, аз ҷумла, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» (2013, 2018), «Дар бораи чарогоҳҳо» (2019), «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» (2012), ки онҳо ба тасвиб расидаанд ва муваффақона татбиқ шуда истодаанд.

Натиҷаи фаъолияти илмию эҷодии олим дар 270 асари илмӣ, аз он ҷумла 14 китобу рисола, 26 тавсиянома ва дас­турамали таълимию методӣ, 15 таклифи беҳсозию навоварӣ дарҷ гардидаанд. Таҳти роҳбарии илмии ин олими муваффақ 11 номзаду доктор, инчунин магистрантҳо дифои рисола намудаанд. Ҳоло 7 рисолаи илмии аспиранту докторант ва унвонҷӯйҳо барои дифоъ омода аст. Ӯ дар тайёр намудани зиёда аз 1480 мутахассис дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур саҳмгузор мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки академик Д. Комилзода аз ҷумлаи олимони соҳибэҳтиром на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Ӯ аввалин доктори илм ва академики соҳаи парандапарварӣ доир ба таҳия ва такмили технологияи саноатии истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Аъзои Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ, муовини раиси Шӯрои экспертӣ оид ба илмҳои кишоварзӣ ва байтории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ҳайси раиси бахши илми кишоварзии Шӯрои ҳамгунсозии ислоҳоти Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои назорати илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик дар корҳои фарҳангию ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Соли 2001 узви вобастаи АИКТ ва соли 2015 академики АИКТ интихоб гардидааст.

Заҳматҳои олим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута қадрдонӣ шудаанд. Барои дастовардҳои илмӣ ва татбиқи васеи онҳо дар истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони соҳавӣ бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нишони фахрӣ» — и Ҷамъияти «Дониш», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик С. Умаров, унвони «Олими беҳтарини илми кишоварзӣ», Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ифтихорномаҳои вазоратҳои кишоварзӣ ва маорифи ҶТ, АИ ҶТ, АИКТ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии итифоқи касабаи Комплекси агросаноатии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар зиндагӣ сазовори иззату эҳтиром шудан барои ҳар шахси бедордил эътибору шараф аст. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ гуфтаанд:

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Оре, ҳаёт ва фаъолияти академик Д. Комилзода шоистаи таҳсин ва ибрати ҳама, махсусан олимону муҳаққиқони ҷавон, мебошад. Инсондӯстию хоксорӣ аз фазилатҳои хоси ӯянд.

Айни замон ӯ дар камолоти эҷодӣ қарор дошта, дар рушди илми соҳаи кишоварзӣ ва тайёр кардани мутахассисон ҳиссаи арзанда мегузорад. 

Рустам ЛАТИФЗОДА,

Фазлиддин ИКРОМОВ,

Зуфар ИСМОИЛЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон