Китоб барои илоҷи бемориҳо

№85 (3722) 18.07.2017

Ба наздикӣ асари табиб ва нависандаи машҳур Султон Алии Хуросонӣ «Дастур – ул – илоҷ» дастраси хонандагон мегардад. Дар робита ба ин,  аз сардори шуъбаи дастхатҳои  Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Додихудоев  хоҳиш намудем, ки навигарии мазкурро шарҳ диҳад.

- Табиист, ки баргардон ва таҳияи китоби пурарзиш нозукӣ  ва мушкилоти худро дорад. Султон Алии Хуросонӣ ин асарро дар даврони ҳукумати Абӯмансур Кучкончихон маъруф ба Кучумхон (вафоташ соли 936 ҳиҷрии қамарӣ) бо дастури писари ӯ Абулғозӣ Султон Абӯсаид Баҳодурхон соли 933 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1526-и мелодӣ эҷод намудааст.

Ин асар соли 1874 мелодӣ аз тарафи Муҳаммад Азиз валади Мулло Ниёз Муҳаммади Истаравшанӣ дар шаҳри Хуқанд нусхабардорӣ шудааст.

«Дастур-ул-илоҷ» аз муқаддима ва ду мақола иборат мебошад. Дар муқаддимаи китоб оид ба ҳифзи саломатӣ, саломативу беморӣ, тавлиду марг, даврони буҳрон ва ғайра сухан меравад. Мақолаи аввал оид ба бемориҳои махсуси узвҳои муайян фарогири 25 боб буда,  мақолаи дувум оид ба бемориҳои ғайримуайян аз 8 боб иборат мебошад. Муаллиф ду матлабро бо табъи шоирона ва истифода аз истилоҳоти тиббӣ баён кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Султон Алии Хуросонӣ  на танҳо табиб, балки адиби хушбаён ҳам будааст.

Асари мазкур дастоварди бузурги илми тиб буда, донишҷӯён, унвонҷӯён ва таҳқиқотчиёни соҳа метавонанд аз он истифода баранд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»