Китобхонаи Конгресси Амрико дар интернет дастнависҳои қадимаи форсиро ҷой дод

№46 (3996) 25.04.2019

IMG_20190424_134338Аз оғози Иди байналмилалии Наврӯз китобхонаи Конгресси ИМА дар сомонаи худ 155 дастнависи қадимаи форсиро ҷой додааст, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар онҳоро  мутолиа мекунанд. Дар миёни дастнависҳои қадима «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, зиндагиномаи Шоҳиҷаҳон (шоҳи форсизабони Ҳиндустон дар асри XVII, муаллифи иншооти таърихии «Тоҷмаҳал»), китобҳои динӣ ва илмӣ бо аксҳои ранга низ ҳастанд.

- Вақте форсӣ мегӯем, бис­ёриҳо танҳо ҳудуди Эрони имрӯзаро пеши назар меоранд. Ҳол он ки забони форсӣ минтақаҳои дигарро низ дар бар мегирад. Дар маҷмӯа дастнависҳои турку ҳиндустониҳо ва сокинони Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, — гуфтааст мутахассиси шуъбаи Африқо ва Шарқи Наздики китобхона Хирад Диноварӣ.

Дар маҷмӯа, инчунин дастнависҳои подполковники артиши Британия дар Ҳиндустон (асри XIX) Ҷеймс Скиннер таҳти унвони «Таърихи пайдоиш ва нишонаҳои фарқкунандаи табақаҳои гуногун дар Ҳиндустон» ҷой дода шудааст. Аз се ду ҳиссаи  китоби мазкур, ки ба забони форсӣ навишта шудааст, маълумот дар бораи қабилаҳо ва анъанаву ҳунарҳои хоси Ҳиндустонро дар бар мегирад.

Қисми зиёди дастнависҳо соли 1930 аз Киркор Минасян ном арт — дилер харидорӣ шудааст. Ҳадаф аз ҷой додан дар сомона муаррифии санъати хаттотию наққошии форсизабонони дунёст.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»