Китоби Хайём бо «Титаник» ғарқ шуда буд

№37 (3987) 04.04.2019

a1f8ec438f1b3ef6bacf9e703d2f1818_ce_1703x891x0x0_cropped_960x600Ғарқ шудани «Титаник», ки 14 апрели соли 1912 рух дода буд, дар таърих ҳамчун фоҷиаи бузург сабт гардидааст.

Созмондиҳандагони «Титаник» аз кашфиёти хеш  ба ваҷд омаданд ва онро ғарқнашаванда гуфтанд. Тарроҳи ин киштии бузург Томас Андрюс дар ҳама ҷамъомадҳо бо боварии қатъӣ изҳор мекард: «Ман ҳама чизро дар бораи киштӣ медонам, вай зебост ва бехатар аст. Ин киштӣ ҳеҷ гоҳ ғарқ нахоҳад шуд…».  Аммо…

Киштии боҳашамати мавриди назар соли 1912 дар шаҳри Белфести Ирландияи Шимолӣ бунёд гардида, вазнаш қариб 60000 тонна, дарозиаш 268 метр, бараш 28 ва баландиаш 32 метр буд.  Дар тезгардӣ ҳам он  солҳо беҳамто ба ҳисоб рафта, суръати ҳаракаташ дар як соат 46 километр буд.  Дар сохтани ин киштӣ 15 ҳазор нафар иштирок карда, маблағи зиёде, ки барои бунёди ин киштии бузург сарф гардид, бояд дар муҳлати кӯтоҳ ҷуброн мешуд. Даҳуми апрели соли 1912 киштӣ аз шаҳри Саусэмп­тони Англия ба сӯи шаҳри Корки Ирландия роҳ пеш  гирифт. Дар ин «Кохи бузурги шиновар» сарнишинону мутахассисон ва беш аз 2 ҳазор мусофир ба айшу ишрат машғул буданд ва ҳеҷ гумон надоштанд, ки фоҷиа онҳоро дар пеш аст.

Дар робита ба мавзӯъ аз суҳбат бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (солҳои 2000-2005),  адабиётшинос, шодравон Усмон Назир мехоҳам ёдовар шавам. Зимни суҳбат, вақте сухан аз боби фоҷиаи «Титаник» рафт, номбурда гуфт, ки оё шумо медонед, ки ҳамроҳи он киштӣ китоби Ҳаким Умари Хайём низ ба коми уқёнус рафт? Барои тақвияти суханонаш аз матлаби рӯзноманигори суриягӣ Хонӣ-ал Хайр, ки дар рӯзномаи «Аш-шаъаб» ба нашр расида буд, иқтибос овард: «Моҳи апрели соли 1912 киштии азими «Титаник», ки тибқи гуфти бунёдгараш ғарқнопазир буд, дар нахустин сафараш ба қитъаи нави Америка, дар натиҷаи бархӯрд ба кӯҳи яхин дар уқёнуси Атлантика ғарқ гардида, боиси ҳалокати 1513 нафар гардид. Солҳои дароз тадқиқотчиён дар ҳамдастӣ бо ғаввосони далер дар пайи  пайдо кардани киштии бузург буданд. Соли 1986 ба гурӯҳи тадқиқотчиёни франсавию амрикоӣ муяссар шуд, ки ҷои ғарқшавии киштиро муайян кунанд. Дар ин сол бисёр дороиҳое, ки дар киштӣ буданд, берун оварда шуд. Аз байни ганҷҳои бебаҳо нусхаи нодири рубоиёти шоири маъруф Умари Хайём низ ёфт шуд…».

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»