Акси садо

Масъулон рӯзнома намехонанд, вагарна…

№18 (3968) 14.02.2019

Масъулин намехонандТаҳти ин унвон дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 19 январи соли 2019 мақолаи таҳлилие чоп шуд, ки диққати мо — хонандагонро ҷалб кард.

 Тавре аз матлаб бармеояд, қисми зиёди соҳибмансабон ба муроҷиати шаҳрвандон, ки дар нашрияи «Садои мардум» дарҷ мешавад, вокуниш нишон намедиҳанд, талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро сарфи назар мекунанд, бетаваҷҷуҳӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои дар воситаҳои ахбори омма нашргардида бояд баррасӣ ва ба онҳо ҷавоб гардонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро талаб карда, таъкид намуданд:

«Тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.

Бинобар ин, ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».

Ба эътибор гирифтан лозим аст, ки на ҳар як шаҳрванд имкони бо ­масъулони мақомот, ташкилоту муассисаҳо вохӯрда, арзи дил кардан дорад. Аз ин хотир, саҳифаи рӯзнома воситаи хуб, қуллай ва шаффофи муроҷиат мебошад.

Маълум аст, ки на ҳама дархосту муроҷиат ҳалли мусбат меёбад, вале то он вақте ки ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ дода нашавад, қонеъ нахоҳад шуд.

Умед дорем, ки вазифагузориҳои Сарвари мамлакат ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» такони ҷиддӣ мебахшад ва соли 2019 шаҳрвандон ба саволҳои беҷавобмонда ҷавоб мегиранд.

Анвар УБАЙДУЛЛОЕВ,  нафақахӯр, сокини деҳоти «Ашт»-и ноҳияи Ашт

 Р.S. Номаи Анвар Убайдуллоев далели он аст, ки агар баъзе масъулон рӯзнома нахонанд ҳам, мардум мехонад.

Ӯ мактуби дигаре низ ирсол намудааст ва дар он андешаашро оид ба мақолаи «Оё ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонем?», ки дар шумораи 151- и рӯзнома аз 10 ноябри соли 2018 ба табъ расид, баён доштааст ва мепурсад, ки чаро то ҳанӯз аз ҷониби масъулин ба идораи «Садои мардум» ҷавоб нарасидааст?

Шояд пас аз ин ишора масъулон аз хоб бедор шаванд ва вокуниш нишон диҳанд.