Эҳёи ҳунари бобоӣ

Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Дарвоз аз ҷумлаи минтақаҳои хушманзари кӯҳистони кишвар маҳсуб ёфта, мардуми он аз қадим ба касбу ҳунари гуногун машғул буданд. Шароити ҷуғрофӣ, иқлимӣ ва иҷтимоии деҳоти Дарвози кӯҳан зарурати рушду ривоҷи касбу ҳунарҳои гуногунро тақозо менамуд. Шароити сангини кӯҳистон, мушкилоти рафтуомад ва вазъи иҷтимоии деҳот барои ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар ҳар як деҳ мусоидат мекард.  Аз ин рӯ, дар тамоми деҳаҳои Дарвоз ҳунармандону косибон, аз ҷумла оҳангарон, заргарон, сангиосиётарошон, матоъбофон, табақтарошон, кафшдӯзон, деворгарон, дуредгарон ва ғайра фаъолият мекарданд.  Агар дар деҳоти баландкӯҳи  Хост, Хоб, Рубот, Ушхарв, Хек, Зев, Бровг, Висхарв, Вастан бештар ба касби чӯбтарошиву намадрезӣ (бинобар сабаби фаровонии ашёи мавриди ниёз) шуғл варзида бошанд, дар деҳоти Қалъаи Хум, Хумбивалӣ, Зингу Умарак, Ёгеду Шкев ва Кеврону Ҷорф бештар ба касбҳои оҳангарӣ, дуредгарӣ, сангиосиётарошӣ, кафшдӯзӣ, заргарӣ ва матоъбофӣ таваҷҷуҳ доштанд. Баъзе касбу ҳунарҳо, монанди оҳангарӣ,  сангиосиётарошӣ, дуредгарӣ ва кафшдӯзӣ,  бо назардошти зарурати иҷтимоии мардуми маҳал дар тамоми деҳаҳо хуб равнақ ёфта буд.

Дар ин замина сулолаҳои ҳунармандони хонаводагӣ касбу ҳунари волои худро аз насл ба насл  сайқал дода, ному ҳунари хешро машҳур намуданд. Мардум имрӯз низ аз ҳунари нотакрору эъҷозофарини устоҳои оҳангар Устосано аз деҳаи Ёгед, Устосафар ва Устошарифу Устоҷӯра аз деҳаи Хумбивалӣ, Устонеъмон аз Қалъаи Хум, Устошариф аз Кеврон, Шарифи заргар аз Қалъаи Хум, табақтарош – Қаландар (Хост),  дуредгарон- Муҳаммадсоиб (Анҷирак) ва Умархуҷа (Қалъаи Хум), сангиосиётарошон — Бобои Кенҷа (Зев) ва Устомардик (Шкев), намадрезон — Бобои Ашур ва Шарифи Шоҳ (Хек)  ва дигарон ба некӣ ёд мекунанд.

Ҳаводиси гуногуни садсолаи охир, тағйироти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, вазифагузорӣ ва иҷрои ҳадафҳои иқтисодиёти нақшавӣ дар даврони  шӯравӣ то андозае боиси коҳиш ёфтан ва ҳатто аз байн рафтани ҳунарҳои мардумӣ гардид. Таъминоти мутамаркази маводи ниёзи мардум, талаботи иқтисодиёти кишвар бо ашёи хоми мушаххас (пилла, тамоку, пашм, пӯст ва ғайра) мӯҷиби манъи кишти пахта дар Дарвоз ва дар ин замина сабаби аз байн рафтани ҳунари ресандагӣ ва матоъбофӣ, ки ҳунари хоси занону духтарони дарвозӣ буд, гардид.

Хушбахтона, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мардум ба хотири эҳёи ҳунарҳои бобоӣ, зинда гардонидани рӯҳи ҳунармандони гузашта ва эҳтироми ҳунари волои онҳо дубора рӯ ба ин касбу кор оварданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин даврони дастовардҳои бузурги технологӣ, пешрафти босуръати ҳунарҳои гуногуни техникӣ ва санъат анҷоми ин иқдомот на ба хотири ташвиқу таблиғи бозгашт ба сатҳу дараҷаи ҳунарҳои содаи бобоӣ, балки сирф ба хотири аҷргузорӣ дар баробари он мардони бузург – ҳунармандони замони худ мебошаду бас.

Гарчанде дар ҳар як деҳаи Дарвоз теъдоди муайяни устову ҳунармандон фаъолият доштанд, як иддаи онҳо чун гули сари сабади аҳли ҳунари минтақа ва ҳаққи устодӣ доштанашон нисбати дигарон дар тамоми қаламрави Дарвоз маълуму маъруф буданд. Чаҳорчӯбаи мақолаи мазкур имкон намедиҳад, ки масъалаи мазкур муфассал ва ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Мехоҳам танҳо дар бораи ду хонаводаи ҳунарманд, ки солиёни дароз соҳибэҳтиром буданд ва имрӯз низ ҳунари онҳо тавассути фарзандону шогирдонашон пойдор аст, сухане чанд рӯйи коғаз биёрам.

Сафаров Ҷӯра, маъруф ба Устоҷӯра (рӯҳашон шод бод), соли 1913 дар деҳаи Хумбивалии ноҳияи Дарвози имрӯза дар оилаи устои оҳангар Бобои Сафар ба дунё омад. Устосафар касби оҳангарӣ ва заргариро ба фарзанди худ  Ҷӯраи хурдакак омӯхт ва ӯ аз даврони кӯдакӣ шефтаи ин касби воло гашта, ҳамарӯза баҳри сайқал додани маҳорати касбии худ кӯшиш ба харҷ дод. Ҳангоми 10-сола будани Ҷӯра падараш – Устосафар ба Бухоро рафт ва фаъолияти оҳангархонаашон ба дӯши Ҷӯраи хурдсол афтод. Устоҷӯра ба сохтани досу аррадос, каланду каноҷ, каланду новак (пешплуг ё мелех), корд ва дигар асбобҳои рӯзгор машғул гашта, қути лоямути худу бародарони хурдсолашро таъмин намуд. Бо мурури замон дар ноҳия аз ҷумлаи оҳангарони машҳур гашта, маҳсули меҳнаташ дар чандин намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ сазовори баҳои баланд ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардид.

Ҳаёти осоиштаро Ҷанги Бузурги Ватанӣ халалдор сохт ва Устоҷӯраи ҷавон дар қатори ҳазорҳо ҷавонон баҳри ҳифзи Ватан ба муқобили фашистони Германия ба фронт рафт. Барои шуҷоат ва мардонагиву далерӣ бо якчанд ордену медал сарфароз гардид.

Соли 1945, баъди ғалаба бар фашизм, ба зодгоҳ баргашта, аввал дар идораи ҳифзи саломатии ноҳия фаъолият намуд, вале дасту дилаш ба касби дӯстдоштааш – оҳангарӣ кашол буд. Дар назди комбинати хизмати маишии ноҳияи Қалъаи Хум сехи оҳангарӣ кушода, бо ҳамроҳи усто Қурбонмуҳаммад (рӯҳашон шод бод) фаъолияти худро оғоз кард. Ҳамзамон Устоҷӯра ба касби заргарӣ низ шуғл варзида, гӯшвор, гарданбанд, ангуштарин ва дигар зиннатҳои занонаро аз тиллову нуқра месохт. То имрӯз масолеҳи нуқрагин ё тиллогини сохтаи бобои Устоҷӯра дар Дарвоз боиси ифтихор аст ва аз тарафи молшиносон қадр карда мешавад.

Баъди ба нафақа баромадан бобои Устоҷӯра коргоҳи (оҳангархона) бобоии худро аз нав эҳё сохт ва фарзандону наберагони худро бо нозукиҳои ин ҳунари воло ошно намуд. Ҳоло низ оташи коргоҳи бобои Устоҷӯра аланга зада, садои путку сандони он бо садои ҷонбахши рӯди зарнисори Хумбов ҷӯр гашта, аз ояндаи неку пурбаракати ин оилаи ҳунармандон дарак медиҳад.

-Идомадиҳандаи дигари ҳунари бобоӣ Орзу Давлатов мебошад. Солҳои бачагиамон чандин бор ҳамроҳи ӯ ба коргоҳи оҳангарии падараш, тағои Қурбонмуҳаммад даромада, аз кору бори усто завқ мебурдем. Чанд сол пеш ман озими Дарвоз гаштам ва дар маркази ноҳия – деҳаи Қалъаи Хум садои путку болғаи оҳангариро шунида, аз ҳамроҳонам суол намудам. Маълум шуд, ки дӯсти даврони бачагиам Орзу дар маркази ноҳия устохонаи оҳангарӣ кушодааст ва ин садои шинос аз корхонаи ӯ меояд. Мавсуф зимни суҳбат чунин иброз дошт:

-Гузаштагони мо касби оҳангариро аз солҳои сиюми асри XX оғоз намудаанд. Амакам Мирзо дар назди устоҳои оҳангари деҳаи Ёгед нозукиҳои ин касбро аз худ намудааст. Мутаассифона, устодони ӯ -оилаи Саноевҳо бештар ба паҳлавониву майдондорӣ дар Дарвозу дигар манотиқи кишвар машғул гашта, аз касби бобоии худ каме дур шудаанд. Соли 1941 амакам Мирзо ба ҷанг рафта барнагашт. Падарам Қурбонмуҳаммад ин касбро давом дод. Коргоҳи бобоӣ аввал дар деҳаи Умарак буд ва мардуми деҳоти гирду атроф аз маҳсулоти омоданамудаи мо васеъ истифода мебурданд. Касе аспашро наъл мекард, дигаре асбоби рӯзгорро тез мекард, сеюмӣ ашёи зарурии рӯзгор мефармуд. Хуллас, хонадони мо доимо серодам буд. Падарам аввал дар хона, баъдан дар сехи оҳангарии маркази ноҳия бо ҳамроҳии Устоҷӯра фаъолият кардааст.  Баъди ба нафақа баромадан аз нав коргоҳи бобоии худро дар деҳаи Зинг эҳё намуда, ба шуғли дӯстдоштааш пардохта, то охири умр аз пушти ҳамин касб нон хӯрд. Ман низ баъд аз кор (он вақтҳо дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекардам) ҳунари оҳангариро аз падарам меомӯхтам ва барои шиносу хешовандон хизматрасонӣ мекардам. Соли 2000 дар маркази ноҳия корхонаи шахсии худро кушода, ба мардуми ноҳия, вилоят ва тавассути бозори наздисарҳадии Рузвай ба мардуми вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ хизмат мерасонам. Ният дорам, ки бо дастрас намудани маблағи кофӣ, корхонаи худро бо асбобу дастгоҳҳои муосир   таҷҳизонида, ба мардуми худ сазоворона хидмат намоям.

Ҳамин тавр, ба шарофати истиқлолият ва сулҳу оромӣ касбу ҳунари бобоӣ дар кӯҳистон эҳё гардида, вобаста ба талаботи имрӯз рушду нумуъ меёбад ва ҳунармандони мардумӣ дар пешрафту тараққии кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

Амирҷон ВАЗИРОВ, омӯзгори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон