Робитаҳои байнипарлумонӣ

Низоми дуалии таҳсил. Ҷорӣ намудани он ба манфиати кор хоҳад буд

№82 (4032) 09.07.2019

11Бо мақсади омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи кумаки техникӣ ба вазорати мазкур аз ҳисоби намояндагони парламент, вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисон ва олимони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ба он Нурулло Оқилзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қуд­ратулло Баҳронзода — мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон низ шомил мебошанд.

Бо мақсади омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ ва аврупоӣ дар соҳаи маориф, такмили қонунгузории соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон чанде пеш гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Булғория сафари корӣ дошт.

Омодагӣ ба сафарро аз омӯзиши таъриху фарҳанги куҳани мардуми булғор оғоз намудем. Ман, ки 33 сол қабл, ҳангоми донишҷӯйи курси дуюм будан, ба ин кишвари афсонавӣ сафар намуда будам, мушоҳида кардам, ки тайи ин муддат дар ин кишвар навгониҳои қобили мулоҳиза рӯи кор омадаанд. Мардуми Булғористон ба таъриху тамаддун арҷ мегузоранд, ҳар саҳифаи рӯзгорашон ибратомӯз аст. Сирри музаффарияташон низ дар ҳамин аст. Дар шаҳри Пловдив иттифоқ афтод, ки дар меҳмонхонаи 33 сол муқаддам истодаамон боз иқомат кунам ва амфитеатри таърихиеро, ки таъмир шуда буд, бинам. Шаҳри таърихии шимоли кишвар — Велико Терново низ зеботар гаштааст. Плевен — шаҳри сайёҳӣ хеле рушд намуда, ба шаҳри саноатӣ табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Булғория дар қисмати ҷанубу шарқи Аврупо ҷойгир буда, аҳолиаш 7101859 нафар, масоҳаташ 110993 км2 мебошад. Он кишвари саноатӣ буда, бо рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ иқтидори иқтисодиашро боло мебарад.

Яке аз сабабҳои рушди иқтисодиёти мамлакат зоҳир намудани таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи маориф мебошад. Низоми таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш дар ин кишвар ба низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мо монанд аст.

Вохӯрӣ ва мулоқоти аввалини мо бо роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Булғория баргузор шуд. Мизбонон ба низоми фаъолияти таҳсилоти касбӣ ва калонсолон, ҳамчунин, қонунгузории соҳа дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Вохӯрии дигар дар Агентии миллии таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Булғория бо раиси он, хонум Емиляна Димитрова сурат гирифт. Дар ҷараёни он бо қонунгузории соҳа шиносоӣ пайдо намудем. Бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули Агентии миллӣ суҳбати гирди миз баргузор гардид, ки дар он оид ба низоми таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш маълумоти муфассал дода шуд.

Сипас, гурӯҳи корӣ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти омӯзгорон ва омодасозии кадрҳо аз Мактаби (гимназияи) миллии тиҷоратии шаҳри Пловдив дидан намуд. Дар он директори Мактаби миллии тиҷоратии шаҳри Пловдив оид ба фаъолият, сиёсати кадрӣ вобаста ба интихоб, рушди кадрҳои омӯзгорӣ, тартиб ва механизми интихоби омӯзгорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар таълимгоҳи мазкур, ки таърихи 109 — сола дорад, кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёт, бонкдорӣ, андоз, идоракунӣ, экология, тиҷорат, идоракунии судӣ тайёр карда мешаванд. Ба 1300 нафар муҳассили он 74 омӯзгор сабақ меомӯзанд.

Шаҳри Бургас минтақаи сайёҳӣ мебошад ва дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир шудааст. Яке аз мавзеъҳои тамошобоби он соҳили баҳри Сиёҳ аст, ки дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Соҳаи маориф дар он рушд намудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ мутахассисони баландихтисос дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон омода карда мешаванд, зеро, дар баробари мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, сатҳи касбии кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонии дараҷаи аъло боиси ҷалби ҳар чӣ зиёдтари сайёҳон мегардад.

Дар Гимназияи касбӣ оид ба сайёҳии шаҳри Бургас бо роҳбарият ва ҳайати омӯзгорон ва фаъолияти онҳо, аз ҷумла, бо курсҳои омодакунӣ оид ба маркетинг, гурӯҳҳои мақсаднок, шабакаҳо ва мушоракат, инчунин, бо лоиҳаҳо, омор, нақшаҳо, дарсҳо, тавсияҳо ва фаъолияти молиявии муассиса шинос шудем.

Таҳсилоти дуалӣ низ дар ин шаҳр дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Гурӯҳи корӣ бо ҳадафи омӯзиши масъала бо фаъолияти Ширкати метал­­лургии шаҳри Бургас оид ба истеҳсоли кабелҳои интиқоли ҷараёни қувваи барқи баландшиддат шинос шуд. Дар он ҷо бо масъулин ва омӯзгорон ҳамоиши машваратӣ доир гардид, ки тарзи омодакунии мутахассисонро бо низоми дуалии таҳсилот муаррифӣ намуданд. Таҳсилоти дуалӣ дар як вақт таҳсил ва корро дар бар мегирад. Маълум гардид, ки омода намудани мутахассисон дар низоми дуалии таҳсил натиҷаи хуб ба бор овардааст, зеро назария ва амалия бо ҳам тавъам мебошад ва хуб мебуд чунин таҷриба дар кишвари мо ҳам роҳандозӣ шавад.

Пас аз ин дар шаҳри Плевен бо фаъолият, таълим ва дастовардҳои Маркази таҳсилоти касбии Булғория — Олмон оид ба сохтмон шинос гардидем.

Сипас, ба шаҳри София баргашта, омӯзишро дар Вазорати маориф, Ассотсиатсияи саноати Булғория ва Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мус­тақили Ҷумҳурии Булғория идома додем.

Дар Ассотсиатсияи саноати Булғория аъзои гурӯҳи корӣ бо низоми кори он дар самти шарикии иҷтимоӣ, сатҳи ҳамкориҳои миллӣ ва аврупоӣ, нақши шарикони иҷтимоӣ дар ташаккули сиёсати миллӣ оид ба таҳсилоти касбӣ ва таълим, ташкили чорабиниҳо вобаста ба таҳсилоти касбӣ ва таълим бо шарикони иҷтимоӣ шинос шуданд.

Вохӯрии ниҳоӣ дар Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Булғория баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои таълимии назди конфедератсия иштирок доштанд. Бояд қайд намуд, ки конфедератсия коллеҷҳои касбӣ ва муассисаи тадқиқотӣ дошта, ба тайёркунии касбҳо диққати ҳамаҷониба медиҳад. Агар дар муассисаҳои таълимӣ, ки бо фаъолияташон шинос шудем, то 3 нафар ҳар сол аз расмиёти валидатсия гузаранд, пас дар ин муассисаҳо ин нишондод то 10 маротиба зиёдтар аст. Сабабаш гарон будани ин расмиёт (то 600 евро) дар кишвар ва тӯлонӣ будани марҳилаҳои он аст. Конфедератсия бошад, ин амалиётро дар муассисаҳои тобеаш арзонтар ва ё ройгон мегузаронад.

Дар маҷмӯъ, сафар бо таассуроти неку хотирмон ба охир расид. Таҷрибаи аз он ҳосилшуда ҳатман дар раванди фаъолият истифода хоҳад гашт.

Нурулло ОҚИЛЗОДА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон