Низоми ҷомеа аз тарбияи дуруст бармеояд

№21 (3658) 25.02.2017

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон сол аз сол зиёд мегардад. Умдатарин иқдом дар соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин, аз як тараф, баланд бардоштани мавқеи ҷавонон бошад, аз тарафи дигар, масъулияти аҳли ҷомеаро нисбат ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон зиёд мегардонад. Воқеан истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии ҷавонон яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин таъкид бояд намуд, ки ахлоқи пасти иддае аз наврасону ҷавонон боиси нигаронӣ гардидааст.  Дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзеи онҳо калимаҳои фаҳшро зиёд истифода менамоянд, ки боиси ташвиши ҷиддист. Ҳатто зимни суҳбат алфози қабеҳро ҳамчун сухани маъмулӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир, барои баланд гардидани маърифати наврасон ва масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон Ҳукумати мамлакат консепсияву барномаҳои зиёдеро қабул кард. Дар ҳамин радиф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ амал мекунад. Афсӯс, ки ҳанӯз талаботи он аз ҷониби падару модарон ба таври бояду шояд  иҷро намегардад.

Бино ба иттилои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, дар соли 2016 — ум 21 ҳазору 756 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 693-тои он аз тарафи ноболиғон сурат гирифтааст. Онҳо ба дуздӣ, бадахлоқӣ, авбошӣ, роҳзанӣ даст задаанд.

Ба ақидаи равоншиносону ҷомеашиносон аксари кӯдакони ҷинояткору оворагард дар оилаҳое ба воя мерасанд, ки  муҳити солим надоранд. Ҳамон гунае, ки инсон аз давраи таваллуд то дами марг ба ғизо ниёз дорад, ба меҳру муҳаббат ва шафқату навозиш низ муҳтоҷ аст ва аз ин нуқтаи назар инсонро мавҷуди биоиҷтимоӣ  мегӯянд.

Яке аз омилҳои дигари даст задани наврасон ба амалҳои ғайриахлоқию ҷинояткорӣ  истифодаи аз ҳад зиёд ва бемавриди интернет ба ҳисоб меравад. Дуруст аст, ки ҷаҳони имрӯзаро бидуни интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст, аммо маърифати истифодаи онро  низ бояд омӯхт. Бархе аз ҷавонон дар сомонаҳои интернетӣ, ки бадахлоқӣ, терроризму ифротгаройиро таблиғ мекунанд,  соатҳо вақти пурқимати худро мегузаронанд. Равоншиносон бар ин назаранд, ки агар ба инсон амалеро пайваста таблиғ кунанду ба намоиш гузоранд, хоҳ — нохоҳ ба он пайравӣ менамояд.

Албатта, ҳеҷ падару модар намехоҳад фарзандаш бадахлоқиро ихтиёр намояд. Аммо вақте падар ба писараш пул дода, барои носу сигор равон мекунаду мегӯяд, ки ту аз ин мавод истифода набар, ҳатман ин кӯдак дар оянда гуфтаи падарро не, балки амали ӯро такрор мекунад.

Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки низоми ҷомеа аз тарбияи дуруст бармеояд. Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати Тоҷикистон ба баланд бардош­тани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар шароити тараққиёти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат вазифаи на танҳо мактабу оила, балки ҳар яки мост.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»