Ҳамовозӣ

Обро ба воситаи обсабзҳо метавон безарар кард

№121 (3758) 12.10.2017

Eichhornia_crassipes_CМақолаи Сайфиддин Суннатӣ — «Гиёҳе, ки обро бе хароҷот софу безарар мегардонад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 24 августи соли 2017 ба табъ расид, мавриди баррасии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.

Муаллиф дуруст қайд кардааст, ки имрӯз ифлосии оби ҷӯю дарё ва дигар манбаъҳои оби нӯшокӣ боиси ташвиш гаштааст ва пешниҳод намудааст, ки барои тоза намудани оби ғализи саноатӣ, маданӣ-маишӣ ва хоҷагидории ҷумҳурӣ растании «эйхорния» (Eichornia crassipes)-ро истифода барем. Оре, нақши растаниҳо дар сероксиген намудани муҳит ва нисбатан тоза кардани оби ғализ беҳамтост. Ватани эйхорния минтақаҳои тропикии Америкаи Ҷанубӣ ва Марказӣ буда, дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон намерӯяд. Аммо дар замони ҳозира ба таври сунъӣ парвариши онро дар баъзе ҳавзҳои минтақаҳои нисбатан гарми Африқо, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва Европаи Ҷанубӣ мушоҳида намудан мумкин аст.

То ин замон кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо доир ба нақши эйхорния дар тоза кардани оби ғализи саноатӣ ва маданӣ-маишии шаҳри Душанбе таҳқиқот набурдаанд. Аммо дар даҳсолаҳои охир ба муҳаққиқони тоҷик муяссар шуд, ки дар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 2200 намуди обсабзҳоро дарёфт намоянд. Қайд намудан зарур аст, ки обсабзҳо организмҳои автотрофанд ва обро ҷаббида, ба атмосфера оксигенро хориҷ мекунанд. Маҳз ба туфайли растаниҳои ­сабз, пеш аз ҳама, обсабзҳо дар сайёраи Замин оксиген пайдо шуда, барои рушди ояндаи ҳаёт замина гардид. Обсабзҳо ба ифлосии муҳити зист хеле ҳассосанд ва онҳоро метавон ба ҳайси индикатор, яъне нишондиҳандаҳои биологии сифати оби нӯшокӣ истифода намуд.

Саволе ба миён меояд, ки оё ҳавзҳои обтозакунӣ қудрати пурра тоза гардонидани оби ифлосро доранд? Ҷавоб якто аст: ҳангоми убури ҳавзҳои биологӣ оби ифлос ҳамагӣ 40-50 фоиз тоза мешавад. Дар ин бобат солҳои 80- уми қарни пешин ба сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе пешниҳод намуда будем, ки оби ифлос аз ҳавзҳои биологӣ мустақиман ба дарё нарезад. Ё миқдори ин ҳавзҳо зиёд шаванд ва ё хандақҳо кобанд, то об дар онҳо тоза шуда, баъдан ба дарёи Кофарниҳон резад. Вале он вақт он пешниҳод қабул нашуд. Гуфтанд, ки маблағи зиёд масраф мешавад. Пешниҳод бобати тағйир додани маҷрои ҳавз­ҳои биологӣ пеш аз рехтани оби ифлос ба дарёи Кофарниҳон буд ва  барои он маблағи зиёд лозим нест. Вақте ки маҷрои оби ифлоси биологии Гулбуттаро тӯлонитар мегардонем, дар замини санглох тоза шуда, баъд ба дарё мерезад. Солҳои шӯравӣ аз шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 350 ҳазор мукааб­метр оби ифлос мебаромад. Ҳоло ҳаҷми оби ифлос камтар шудааст, аммо мушкилӣ ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Оби дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон (ҳамон оберо, ки 60 дарсади аҳолии Душанбе аз он истеъмол мекунад) хеле ифлос шудаанд. Зеро тарабхонаву ошхонаҳои қад – қади рӯд бояд ҳар яке  партовгоҳ дошта бошад. Афсӯс, ки чунин нест ва мардум партовро ба дарё меафкананд.

Куҷост тозагию, оростагӣ ва маърифати бойи ниёгон, ки барои мо мерос  гузоштаанд ва оламиён аз он баҳра бурдаанд?

Ҳикмат ҲИСОРИЕВ,

сарходими илмии Институти

ботаника, физиология ва генетикаи

растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон