Огоҳӣ аз таърих нишонаи худогоҳии миллист

№140 (3934) 20.11.2018

DSCN2234Нигоҳдорӣ ва тарғиби осори таърихию фарҳангӣ рисолати осорхонаҳо буда, дар тарбия ва ташаккули шуур, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонону наврасон аҳамияти калон дорад.

Масоили марбут ба тавсеаи фаъолияти осорхонаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фарҳанг» (1997) васеъ инъикос ёфтааст. қонуни мазкур барои сифатан беҳтар намудани ҳифзу нигоҳдории осори таърихӣ ва фарҳангӣ, мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани онҳо равона шудааст.

Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 1960 бо ташаббуси яке аз собиқадорони соҳа Аҳмад Раҳимзода ва дастгирии Вазорати маорифи РСС Тоҷикис­тон ташкил шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин осорхона то соли 1996 ҳамчун муассисаи алоҳида ва аз моҳи майи соли 1996 ҳамчун шуъба дар назди Институти тадқиқоти педагогӣ амал мекард. Пас аз таъсисиёбии Академияи илмҳои педагогӣ, яъне, аз соли 2002, осорхона ба зерсохтори Академияи илмҳои педагогӣ табдил дода шуд.

Дар ин ҷо ба таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад ва барои бо нигораҳои зарурӣ пурра намудан кормандони илмӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд.

Дар ин муддат ҳуҷҷатҳои зиёди нодир ва аксҳоеро, ки тараққиёти соҳаи маорифро инъикос менамоянд, гирд оварда шудаанд.

Ҳар сол ба тамошои осорхона ҳазорҳо нафар ташриф меоранд, ки як қисми онҳо меҳмонони хориҷӣ мебошанд.

Дар баробари ин, дар осорхона вохӯрӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ, конфронсу семинарҳо баргузор мегарданд.

Ёдрас кардан бамаврид аст, ки Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикис­тон аввалин осорхонаи соҳавӣ дар Осиёи Миёна мебошад.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба арзишҳои таърихӣ иброз намудаанд: «Омӯхтани таърихи халқамон танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушду такомули таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад».

Айни замон дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бисёр нигораҳои нодиру ҷолиб гирд оварда шудааст. Амсилаҳои «Мактаби куҳна», «Мадраса», асбобҳои хатнависии асрҳои XVIII- XIX, «фалоқ» — асбоби ҷазодиҳӣ, китобҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Фузулӣ ва ғайра, ки бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудаанд ва аз рӯи онҳо дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро ва Ҳисор дарс мегуфтанд, аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо дастурҳои зиёде бо ҳуруфоти лотинӣ, ки ҳанӯз соли 1930 қабул карда шудаанд, маҳфузанд.

Дар бораи фаъолияти аввалин омӯзгороне, ки барои маҳви бесаводӣ ва барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ мубориза бурдаанд, маводи ҷамъовардашуда, расму ҳуҷҷатҳо маълумот медиҳанд.

Макети қатли аввалин муаллимаҳо дар Ҳоит, ки 1-уми апрели соли 1929 рух додааст, барои тамошобинони осорхона сабақи зиндагӣ аст.

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон махзани илму маърифат аст. ҳар нафаре, ки ба ин ҷо ташриф меорад, бо дидани экспонату нигораҳои он дониши худро оид ба таърихи гузаштагони хеш тақвият мебахшад.

Ҷамолиддин Абдулов, ходими илмии Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон