Озмун барои дастгирии довталабони лаёқатманд

№90 (4040) 25.07.2019

Барандагони медали тилло1Ҳафтаи гузашта дар Мактаби байналмилалии президентӣ озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра доир гардид, ки дар он 37 довталаб — хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияву литсейҳо иштирок намуданд.

Он аз рӯи се равия – табиӣ-риёзӣ, ҷамъиятию гуманитарӣ ва универсалӣ дар ду давр баргузор гардида, довталабон дар даври аввал иншо навишта, даври дуюм аз шаш фанни таълимӣ имтиҳони тестӣ супориданд.

Дар натиҷа, 3 нафар сазовори медали нуқра ва 20 нафар сазовори медали тилло гардиданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, ки дар чорабинӣ ҳузур дошт, гуфт:

- Бояд теъдоди довталабони медали тилло на 37, балки бештар бошад ва ба омӯзгороне, ки шогирдонро омода кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки вазорат ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол мекунад, ки нишондиҳандаҳои ҳар як иштирокчии озмун ба назар гирифта шавад.

М. УСМОН, «Садои мардум»