«Писари мансабдор»

№47 (3997) 27.04.2019

Писари мансабдорЧанде пеш бо ин ном китоби нави адиби сермаҳсул Хайруллоҳи Раҷабиён тавассути ҶДММ «Табъу нашр» ба табъ расид, ки ҳикоёти хурд, латифа ва ёддоштҳои муаллифро дар бар мегирад. Рӯйдоду ҳодисаҳои овардашуда, маҳсули дидаю шунидаҳои муаллиф ва воқеию табиианд. Нависанда дар доираи имкону тавон дар нақлу ҳикояҳои «Писари мансабдор», «Мурдан манъ», «Раҳмат ба дузд», «Носатро кашидан гир!», «Саломи америкоӣ», «… Аз хондан чӣ фоида?», «Тарсончакҳо», «Мактаби мусулмонон» ҳамаҷониба кӯшидааст, ки ҳарисӣ, худписандию такаббур, палидию сифлагӣ, фориғболию ҷоҳилӣ барин хислатҳои зишт ва камбудиҳои ҷомеаро зери мазаммат қарор диҳад. Таассуроти ӯ аз зиёрати Каъба, андешаю хулосаҳо бобати табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз дар муқоиса бо табиати мамолики Араб садо медиҳанд, ки беҳтарин ҳидоят ба насли ҷавони тоҷик дар мавриди қадршиносии сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»