Рӯзадорӣ ғолибияти рӯҳ бар нафс аст

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

DSC_0516Моҳи мубораки Рамазон дар арафаи анҷомёбист. Дар бораи оини рӯзадорӣ ва аҳамияти он суҳбате доштем бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода. 

- Рӯзадорӣ дар рӯзгори инсоният чӣ ҷойгоҳ дорад?

- Рӯза доштан дар фарҳангу адёни гуногун ҷойгоҳи хос дошта, воҷиб шудани он дар динҳои илоҳӣ бо фитрати камолгароии инсон ҳамоҳанг аст. Инсон ҳамеша дар пайи такомулу афзудани неру ҷиҳати расидан ба арзишҳои баланди бовару эътиқод ва худоҷӯӣ талош дошт. Пайравони динҳои ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки рӯзадорӣ дар замири инсонҳо ифодагари ғолибияти рӯҳ бар нафс мебошад. Рӯзаи ҳақиқӣ ҳамон аст, ки шахс ҳангоми риояи он муртакиби корҳои зишту бад нашавад ва бо дасту дили пок худро вақфи хидмати Худованд гардонад. Ба ғайр аз ислом, дар динҳои яҳудият, масеҳият, буддоӣ ва ҳиндуӣ рӯза аз ҷумлаи заруриёти динӣ буда, василаи риёзати рӯҳию баданӣ ва обутоб додани ҷисму ҷон дониста мешудааст. Аммо баъзе донишмандон таърихи пайдоиши рӯзадориро аз замони фуруд омадани Одами Абулбашар ба замин муаррифӣ кардаанд. Ривоятҳои дигар пайдоиши онро баробари аз биҳишт берун омадани одам ва дар замин маскун шудани ӯ оғозшуда меҳисобанд.

 - Дар дини мубини ислом моҳи Рамазон моҳи шариф ва пурбаракат маҳсуб мешавад. Хоҳишмандам роҷеъ ба ҷанбаҳои ин моҳ мухтасар маълумот диҳед.

- Дар фарҳанги рӯзадорӣ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро тарзи мукаммали парҳезкорӣ донистаанд, зеро он рукни чаҳорум мебошад. Рӯза дар ин дин бар ҳар марду зани мусулмон, ки барои анҷом доданаш тавон дорад, фарз дониста шудааст. Дар фарҳанги мусулмонӣ рӯзадорӣ ва фарзияти он дар моҳи Рамазон аз оятҳои «Қуръон» ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад. Илова бар ин, дар китобҳои фиқҳии мазҳабҳои гуногун ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он бо тамоми ҷузъиёт ва тафсилоти зарурӣ дарҷ ёфтааст. Миллати тоҷик дар ҳар давру замон фаризаву воҷиботи диниро адо намуда, муқаддасоти онро арҷгузорӣ мекард, зеро бовару эътиқоди динӣ бо фарҳанги миллии мо сахт омезиш доранд. Масалан, одоби рӯзадорӣ дар фарҳанги мо тӯли садсолаҳо ҳамчун коди генетикии нуҳуфта ҷойгузин шудааст, аксари мардум онро аз лиҳози покизагию парҳезкорӣ риоя мекунанд ва ба имтиҳони илоҳӣ будани ин рукни ислом сидқан боварӣ доранд. Риоя кардан ё накардани ин рукн ҳеҷ гоҳ асос барои  таҳқир ва таънаву маломат намудани дигарон набуду нест.

-Одоби рӯзадорӣ ба фарҳанги миллӣ чӣ гуна ворид гардид?

- Маънои истилоҳӣ ва иҷтимоии ин фаризаи ислом бо вожаҳои рӯза, Рамазон, савм ва сиём дар осори илмии мансуб ба таълимоти фиқҳи ҳанафии мовароуннаҳрӣ, тавассути тарҷумаи «Тафсир» ва «Таърих»-и Табарӣ ва намунаҳои барҷастаи назму насри замони Сомониён ҷойгузини фарҳанги динию эътиқодӣ ва моддию маънавии тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои маскуни минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр шудааст. Фарҳанги рӯзадорӣ ҳикмату фазилатҳои зиёдеро дар худ таҷассум додааст. Рӯза чунин маъно дорад, ки  рӯзадор даст ба корҳои ношоиста намезанад, зеро худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ҳикмати баланди дарёфти ризои Худовандро низ ифода мекунад.  Рӯза доштанро, ҳамчунин василаи бахшиши гуноҳ донистаанд. Аз ин мавқеъ, тибқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ, тоҷикони мусулмон ҳамин фазилатҳоро ба эътибор гирифта, дар рӯзҳои он аз рӯи имону эҳтисоб ва бо ҳусни ният рӯза медоранд, саъй мекунанд, ки бо мардум хушмуомила бошанд, кори хубу савоберо анҷом диҳанд, ба ниёзмандон дасти ёрӣ расонанд ва дар дастрасӣ ба молҳои ниёзи аввалиндараҷа бародарию баробариро ҳаддалимкон риоя кунанд.

Аз рӯйи арзишҳои фарҳанги рӯзадорӣ дар ин моҳ дурӯғ гуфтан дуруст нест. Дар ҳадисе омадааст, ки «ҳар кӣ гуфтани дурӯғ ва кор бастан ба онро тарк накунад, пас Худоро ҳам ҳоҷате нест, ки он шахс хӯрдану нӯшиданашро тарк кунад». Таъкиди мазкур аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад, зеро таъиноти иҷтимоии рӯзадорӣ дар тақвияти ирода, парҳезкорӣ, ростқавлӣ ва дурӣ ҷустани инсонҳо аз корҳои бад зоҳир мегардад.

Аз забони Пайғамбар (с) дар тақвияти ин гуфтаҳо ҳадиси қудсие омадааст: «Худо гуфтааст: «Ҳама амалҳои фарзанди одам барои худаш аст – ба ғайр аз рӯза, ки барои ман аст ва подоши онро ман медиҳам».

- Дар миёни мардуми мусулмон ва муқаррароти фиқҳи ҳанафӣ дар иртибот ба фазилатҳои моҳи Рамазон мафҳуми шаби Қадр ва шабзиндадорӣ роиҷ аст.

- Тафсилоти ин шаб дар сураи алоҳидае бо номи «Қадр» баён гардидааст. Масалан, дар Масҷиду-л-Ҳаром дар даҳаи охири моҳи Рамазон намози иловагие дар дили шаб бо номи «Қиёму-л-лайл» (истодагарии шаб) адо карда мешавад. Аммо тибқи далолати тафсирҳои гуногуни «Қуръон» ва сарчашмаҳои муътамади мазҳаби ҳанафӣ гӯё шаби Қадр фариштагон ва Ҷибриили Амин (Рӯҳ) бо амри Худо фуруд меоянд. Дар ин шаб тамоми қазову қадари яксолаи ояндаи мардум, ки ризқу рӯзӣ, аҷал, ҳаводиси рӯзгор ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтулиззати осмони дунё ба амри Худо фуруд оварда мешавад. Ба хотири дастёб шудан ба мағфирату меҳрубонии Парвардигор ва тинҷию оромии марзу буми аҷдодӣ мусулмонон он шаб шабзиндадорӣ мекунанд.

- Ҳикмати ба се даҳа тақсим кардани  моҳи шарифи Рамазон дар чӣ зоҳир мешавад?

- Дар матни ҳадисе аз Салмони Форсӣ омадааст: «Ва он моҳест, ки оғозаш раҳмат (меҳрубонӣ), миёнааш мағфират (омурзиш) ва анҷомаш итқун мина-н-нор (раҳоӣ аз оташи дӯзах) аст». Тибқи таснифоти ин ҳадис ва шарҳу тавзеҳи пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар даҳаи якуми Рамазон раҳмату меҳрубонии Парвардигори олам ба бандагони мусулмон арзонӣ дошта мешавад; маҳсулоти хӯрданию ошомидании рӯзадоронро Худо дар ин даҳа ончунон муяссар мегардонад, ки рӯзадорон дар ҳайрат мемонанд; афзудани файзу баракат ва хайру саховат дар ин даҳа низ аз нишонаҳои лутфу карам ва меҳрубонии илоҳист. Ҳикмати асосӣ дар ин даҳа иборат аз он аст, ки ҳеҷ рӯзадоре дар анҷумани мусулмонон бе ифтор намемонад. Фазилати бузурги даҳаи дуюм дар мафҳуми мағфират ифода ёфтааст, ки омурзиши гуноҳҳо, бахшидани ҳамдигар, талаби омурзиши волидайну фавтидагон ва иҷобати дуоҳо дар ҳаққи гузаштагонро дар худ ғунҷоиш додааст. Рамазон арзишҳои воло ва ҳикматҳои баланде дорад, ки тавассути он рӯзадор на танҳо барои замиру равон ва ботину зоҳир аз ҳама гуна зиштию бадӣ покӣ талаб мекунад, балки аз баракати ин моҳ ҷӯёи мағфирати худовандӣ нахуст барои волидайн, ҳамчунин хешовандону пайвандон ҳам мешавад. Фазилати даҳаи сеюмро, ки айни ҳол идома дорад, дар он донистаанд, ки дар рӯзи 27-уми Рамазон, ки бо номи Лайлатулқадр маъруф аст.

Дар муайян намудани вежагиҳои ин моҳ нақши фақеҳи бузург Абӯҳафси Кабир ал-Бухорӣ бисёр бузург аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар заминаи мазмуну муҳтавои ҳадиси ривоятшуда аз Салмони Форсӣ шояд баргузории намози таровеҳро дар Аморати Бухоро ва Бухорои Шарқӣ ба се даҳа табақабандӣ карда бошанд. Одатан дар даврони дури асримиёнагӣ ҳангоми баргузории намози таровеҳ дар фарҳанги тоҷиктаборони Варорӯд нисбат ба тафаккуру тасаввури дар ҷойи ибодат чизе тановул кардан кароҳият доштанд ва бо қироати тасбеҳ баланд бардоштани рӯҳияи маънавиро авлотар медонистанд. Ҷолиб он аст, ки дар муҳити фарҳангӣ ва динию мазҳабии мо ҳаргиз ба масъалаи рӯзадор будан ё набудани одамон аз мавқеи ҷаҳолату таассуб рафтор намекарданд ва чизе дар ин бобат дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳам зикр нашудааст. Шиори маъруфи орифонаи пайравони тариқати нақшбандия «дил ба ёру даст ба кор» буд. Яъне, тавозуни маънавиёти худоҷӯёна ва корҳои ризқофарию бунёдкорӣ бояд дар зиндагии ҳаррӯза риоя шавад. Шаҳрвандони кишвар низ дар ин масъала ихтиёри комил доранд ва фазои мусоиди озодии виҷдон ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро кафолат медиҳад. Ҳамин анъана то имрӯз идома ёфта истодааст, ки шаҳрвандони кишвар, бахусус ходимони дин бояд баҳри бе каму кост ҳифз намудани он масъулият эҳсос намоянд.

- Дар бораи садақаи фитр мехос­там чанд сухан гӯед…

-Тибқи муқаррароти фиқҳи ҳанафӣ, фазилати дигари рӯзадорӣ боз дар он зоҳир шудааст, ки моҳи Рамазон дар хайр кардани тавонмандон ба ниёзмандон такони бузурге ворид мекард.

Садақаи фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки кадоме аз садақаҳо беҳтар мебошад. Дар ин бора таъкид шудааст: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд садақаи фитрашро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон диҳад ва зарур аст, ки ҳикмати додани садақаи фитр ҷиҳати ба шахсони мус­таҳақ расонидани он риоя гардад, то ки таъиноти иҷтимоии ин амал ба даст ояд: якум, тавассути додани садақаи фитр мусулмонон нисбат ба фақирону бенавоён ғамхорӣ изҳор менамоянд, то андозае ниёзмандӣ ва муҳтоҷии онҳоро коҳиш медиҳад ва барояшон имконияте фароҳам меоваранд, то ки иди Фитрро баробари мусулмонони дигар бо хушию хурсандӣ ҷашн гиранд; дуюм, ин амал дар замири муъминон ахлоқи баланд ва фазилатҳои неку, ба мисли караму саховатмандӣ ва меҳру ҳамдардиро тақвият мебахшад; сеюм, аз мавқеи эътиқодоти динӣ садақаи фитр каффорати гуноҳ ва тақсиротест, ки дар вақти рӯза содир шудаанд, зеро ҳар гуна амали хайр хатоҳои қаблиро ҷуброн мекунад; чаҳорум, садақаи фитр шукрона ба даргоҳи Худои мутаол барои он аст, ки ба мо тавфиқи ба тамомӣ анҷом додани рӯза ва ибодати моҳи шарифи Рамазонро муяссар гардонид. Агар садақаи фитр таъиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусулмонони кишвар мусоидат мекунад.

Дар доираи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои рӯзадорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар супориш доданд, ки дар масъалаи кумак расонидан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва анҷом додани корҳои ободонӣ суннати пойдори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро пайгирӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда барои анҷом додани  ҷузъиёти фаризаи моҳи шарифи Рамазон ва маҷмӯи корҳои хайриявӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зеботар гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани аҷдодӣ тамоми шароит фароҳам шудааст, ки аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин шаҳодат медиҳад.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»