Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиятпарварӣ ва роҳнамоӣ ба фатҳи қуллаҳои нав меҳвари Паём аст

№28 (3822) 03.03.2018

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар Паём, ки ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои рушди устувор аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад, роҳ ва усулҳои амалишавии онҳо бо далелҳои асос­нок нишон дода шудааст. Махсусан, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» ҳар як сокини кишварро ба он водор месозад, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои бештар камари ҳиммат бандад.

Ин ҳуҷҷат барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар, баландбардории неруи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва сифати зиндагии мардум тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷамъона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли пурраи аҳолӣ ва соҳибкорӣ омили таҳрикбахш маҳсуб мешавад. Дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ оид ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва корхонаҳои муштарак таъкид гардид.

Дар Паём махсус қайд шуд, ки кишвар барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ, сохт­мони иншооти табобатию санаторӣ, муассисаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ дорад. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, либосҳои миллӣ, иқтидори табиӣ-иқтисодӣ, сайёҳию куҳнавардӣ имкониятҳои сармоягузориро ба иқтисодиёти кишвар афзун менамояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии тат­биқкунандаи иқтисодиёти сабз ба ҳисоб меравад. Амалӣ гаштани чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба таъмини амнияти озуқаворӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза созгор буда, дар истифодаи оқилона ва самараноки замину об саҳми бориз хоҳад гузошт. Барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани ин иқдомот Сарвари давлат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Пешвои миллат соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишварро таҳлил намуда, ёдрас карданд, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, суръати воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ 11,2 маротиба афзуда, соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва соли 2017 ба 19,6 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки 35,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Бо мақсади боз ҳам сода ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки оид ба такмилдиҳии низоми андоз ва андозситонӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои маъмурикунонии он корро пурзӯр намояд. Махсусан, иқдоми Пешвои миллат, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз 1 январи соли равон озод намудани фурӯши чунин молу маҳсулот аз пардохти ҳама намуди андоз ба беҳшавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ҳангоми таҳлили соҳаи бонкдорӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя ба он оварда расонд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёбад. Бо мақсади таъмини рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки 80 миллион сомониро ташкил медод, минбаъд 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар маҷмӯъ, раиятпарварӣ ва роҳнамоӣ ба фатҳи қуллаҳои нав меҳвари Паёми Президенти мамлакатро ташкил медиҳад ва моро мебояд дар татбиқи он беш аз пеш фаъолу ташаб­бускор бошем.

Эмомалӣ Шералиев,

декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон