«Садбарги зарин» — армуғон ба дӯстдорони адаб

№134 (3928) 08.11.2018

Садбарги ЗарринКонстантин Паустовский яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти рус мебошад. Дар Тоҷикистон ӯро аз рӯи асари машҳураш «Садбарги зарин» мешиносанд, ки онро Бахтиёр Муртазо ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ин китоб бори аввал соли 1983 аз тариқи нашриё­ти «Ирфон» чоп шуд.

Чанде пеш асар бори дуюм аз нашр баромад. Тарҷумони китоб Бахтиёр Муртазо дар оғози асар менависад: «Баъди сиву чор соли чопи аввали он ба забони тоҷикӣ нашриёти «Адиб» чопи дубораи онро салоҳ донистааст, ки боиси мамнунист. Мувофиқи талаботи замон тарҷумаро аз нав таҳриру тасҳеҳ намуда, боберо, ки аз нашри аввал бо сабабе афтода буд, илова кардам».

Константин Георгиевич Паус­товский дар «Садбарги зарин» назокату мушкилиҳои кори нависандагиро ба қалам оварда, як силсила симоҳои барҷастаи адабиёт ва санъатро моҳирона чеҳранигорӣ кардааст. Дар ин бора шоир Рустам Ваҳҳобзода дар сарсухани китоб менависад: «Константин Паустовский ба хонанда танҳо коргоҳ ва дастгоҳи эҷодии худро нишон намедиҳад, балки аз ин коргоҳ нақбҳое зада шудааст, ки моро ба коргоҳи эҷодии дигар нависандагон ҳидоят мекунад. Дар ин сайри маънавӣ ду чизи шигифтангез аст. Яке вусъати ошноии нависанда бо адабиёти ҷаҳон ва дигаре хайрхоҳӣ ва боз ҳам дарёдилии ӯ нисбат ба шахсият ва осори ҳампешагони муваффақи худ».

Ин нависандаи бузург чеҳраҳои адибони ҳамзамони худ ва онҳое, ки дар замонҳои гуногун зистаанд ва аз худ осори гаронбаҳоеро боқӣ гузош­таанд, тавре муаррифӣ мекунад, ки дар ёди мо нақши фаромӯшнашуданӣ мебандад. Пушкин, Лев Толстой, Гогол, Блок, Лермонтов, Чехов, Горкий, Фет, Бунин, Алексей Толстой, Пришвин, Грин, Андерсен, Балзак, Ҷек Лондон, Диккенс, Мопасан, Марк Твен, Ҳюго… номи мухтасари онҳоест, ки нависанда бо нигоҳ ва ифодаи хос дар бораашон менависад.

Моҳиятан асари мазкур роҳнамо маҳсуб шуда, хондани он барои равшанфикрону ҷавонони эҷодкор муфид аст.

Ворис, «Садои мардум»