Ба ифтихори 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ: «Танқиди адабӣ муносибати оқилонаву объективонаро талаб дорад»

№46 (3840) 14.04.2018

artlib_gallery-492894-oТаърих ба зиммаи устод Садриддин Айнӣ масъулияти зиёде гузошт. Ӯ  ба ҳама тарафи ҳаёти маданӣ-адабии мардуми тоҷик амиқ назар андохта, ба рӯйдодҳои фарҳангии мамлакат зуд эътино карданро вазифаи муқаддас медонист. Инчунин, ӯ ақидаҳои адабӣ — эстетикии хешро аз ҳуҷумҳои пай дар пайи ҳарифони мафкуравӣ ҳифз намуда, ба нависандагони ҷавони камтаҷриба дарси балоғат ва маҳорати адабӣ омӯзонад.

Садриддин Айнӣ дар як силсила асар, мақола, баромад ва мактубҳояш, аз ҷумла, дар «Намунаи адабиёти тоҷик», «Ҷавоб ба мунаққиди беном», «Ҷавоб ё ки мубоҳиса», «Ҷавоби ман», «Эзоҳ», «Қайдҳои адабӣ», «Ҷавоб ба мунаққиди китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил», баромад дар маҷлиси машваратии мунаққидони Тоҷикистон (29. IV. 1952), мактуби аз 23 октябри соли 1946 ­ба ­А. Деҳотӣ навишта, муносибати худ­ро ба нақди адабӣ иброз дош­та, қонунияти инкишофи танқиди адабии тоҷикро дар марҳалаи нави таърихӣ муайян намуд.

Вазифаи танқиди адабии замони нав, ба қавли устод Айнӣ, ҳусну қубҳи асарҳои таълифшударо ба риояи ҳатмии қонунияти мантиқӣ ва таърихӣ таҳлил намуда, ба хонанда ва муаллифи асар ёрии беғаразона расондан аст. «Нақди адабии советӣ ҳеҷ вақт ба танқиди куҳнаи буржуазӣ монанд набуд. Дар мо ҳамеша ҳам ба комёбиҳои ба дастдаровардаи нависанда ва ҳам ба норасоиҳое, ки дар ин ё он асар ҷо дорад, диққат дода мешавад».

Сарҳади танқид бисёр васеъ аст. Он бояд ба ҳама соҳаи ҳаёти илмӣ-адабӣ дахолат карда, проблемаҳои муҳимтарини рӯзро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва бо ҳамин ба баробар инкишоф ёфтани бахшҳои гуногуни маърифати инсонӣ мусоидат намояд.

Солҳои аввали баъдиҷангӣ, вақте ки бо вуҷуди зиёд будани тарҷумонҳои тасодуфӣ муҳтоҷии адабиёти советии тоҷик ба мутарҷимҳои соҳибистеъдод торафт аён мегардад, С. Айнӣ диққати танқиди адабиро ба проблемаи тарҷумаи бадеӣ ҷалб менамояд: «Ман гоҳо баъзе тарҷумаҳоро хонда дар ҳайрат меафтам, чӣ қадар онҳо суст ва якранганд. Мунаққидон дар ин бора хомӯшанд. Вале оё ин кори мунаққидон нест?»

Шарти аввали танқид, дар назари устод, дониши мукаммалу масъулияти баланди мунаққид аст. Муқарриз бояд асари тақризшавандаро сар то по хонда, ба тору пуди он пурра дохил гардида, баъд оид ба он изҳори ақида намояд. Танқиди сатҳӣ ва бемасъулиятона, чӣ хеле аз ҷавоби устод Айнӣ ба тақризи С. Ш. Муллоҷонов низ маълум мешавад, ҳаққонӣ боиси эътирози қатъии ҳар як муаллиф мегардад. С. Ш. Муллоҷонов дар тақризи ба «Мирзо Абдулқодири Бедил» ном асари С. Айнӣ навиштааш ин асар «аз нуқтаи назари идеалистӣ таҳлил ёфтааст ва дар он урфу одатҳои феодалӣ ва динӣ идеализатсия шуда, мавқеи иҷтимоии Бедил муайян нагардидааст» гуфта, баҳо медиҳад. Номбурда шароити таърихиву иҷтимоии замони зиндагии Бедилро сарфи назар карда, моҳияти илмӣ ва таълимию тарбиявии китобро инкор менамояд.

Садриддин Айнӣ аз 12 октябри соли 1952 дар 16 саҳифаи чопӣ ба тақриз ҷавоби муфассали боварибахш гуфта, фикрашро чунин хулоса мекунад: «Ин навъ муносибати ретсензиянависро ба текст ва муаллифи он ба чӣ сабаб ҳамл карданро ман намедонам. Агар гӯям, ки ӯ текстро нафаҳмидааст, ин аз имкон берун менамояд, зеро як олими тоҷик номзади фанҳои таърих шуда, тексти як асари ба забони тоҷикӣ навишташударо, ки оид ба таърихи адабиёти тоҷик аст, на ин ки нафаҳмад. Агар гуфтан хоҳам, ки ӯ дидаву дониста, қасдан текстро вайрон карда, думу гӯши вайро бурида гирифтааст, ба ин ҳеҷ забонам намеравад, зеро як олим худ аъзои партия шуда истода, дар айни замон, ки сардори «Главлит» аст, на ин ки қасдан ин корро кунад? Агар гуфтанӣ шавам, ки ӯ мусоҳалакорӣ карда, дар вақти навиштани ретсензия бодиққат сар то пои китобро нахонда ва дар вақти рентсензиянависӣ ҳама ҷои китобро ба ҳам пайванд дода, ба назар нагирифтааст, инро виҷдонам қабул намекунад, зеро як олими аъзои партия, ки партия ба ӯ бовар карда, вазифаи сардори «Главлит» — ро супурда, масъалаи ҳаёту мамоти асарҳо ва муаллифҳои онҳоро ба фикри ӯ вобаста кардааст, на ин ки ба вазифаи худ мусоҳалакорӣ ва сардмуомилагӣ намояд?»

Шарти дигари нақди адабӣ, ба ақидаи С. Айнӣ, маданияти муҳокимаронӣ ва услуби баёни мунаққид мебошад. Асару мақолаҳо азбаски маҳсули тафаккур ва дорои мазмуну мундариҷаи муайян мебошанд, ҳеҷ кадом сирф нодаркор ва зараровар буда наметавонанд. Бинобар ин, ба мунаққид зарур аст, ки дар баробари норасоӣ ба ҷиҳатҳои мусбати асари тадқиқшаванда низ эътибор диҳад. Устод Айнӣ дар маҷлиси машваратии муҳаққиқони Тоҷикистон ҳаққонӣ будани баъзе фикрҳои танқидии Ғаффор Мирзоро дар бораи сарсухани ба китоби «Чор дарвеш» навиштаи худ қайд карда, дар баробари ин чунин изҳор менамояд: «Муаллифи мақола (Ғаффор Мирзо – А. К.) фақат камбудиҳо ва ҷойҳои зарарноки сарсухани манро шарҳ медиҳад ва дар он сарсухан ягон нуктаи хуб намеёбад ва ба хонандагон талқин мекунад, ки гӯё он сарсухан ягон нуктаи илмие надорад. Ва ҳол он ки дар сарсухан як нуктаи илмии тадқиқотӣ (исботи ба Амир Хусрави Деҳлавӣ тааллуқ надоштани китоб – А. К.) аст». Воқеан, дар сарсухани номбурда баъзе масъалаҳои муҳими матншиносӣ, мисли конектура ва санагузорӣ ба дараҷаи баланди илмӣ тадқиқ ёфтааст.

Забони дурушт ва услуби касифи мунаққид низ боиси костагии илмӣ ва мундариҷавии мақолаи танқидӣ мегардад. Зеро аз оҳанги сухан хонанда ба шубҳа афтида, гумон мекунад, ки мунаққид ба нависанда ғарази шахсӣ дорад. Аз ин гуна мақолаҳо на касони танқиддида ва на оммаи хонандагон фоидае бурда наметавонанд.

Устод Айнӣ услуби мағрурона ва ситезкоронаи танқиди адабиро аз мунозираҳои мадрасаҳои куҳна меросмонда медонист, ки мақсади мубоҳисон коре карда мағлуб намудани ҳарифи худ буд. Аксари мунозиракунандагон барои ба мақсад расидан аз мукобара ва мулоғата, ки дар баҳси илмӣ мухолифи қоидаи мантиқанд, истифода мебурданд ва шоҳидон низ ба касоне, ки ба ҳарифи худ бо таҳқир ва сохтакорӣ забардаст гардидаанд, баҳои баланд медоданд.

С. Айнӣ дар маҷлиси мунаққидони Тоҷикистон рафтори баъзе аз олимонеро, ки дар матбуот ва маҷлисҳо «ту намедонӣ, ман медонам» гуфта, ба ҳарифи худ бо усули мукобараи ғайримантиқӣ (дар мубоҳаса бедалел сухан ронда, изҳори фазл кардан) ҳуҷум мекарданд, сахт маҳкум намуда, диққати аҳли қаламро гаштаю баргашта, ба роҳҳои фоидаовару эҳтиромкоронаи баҳсҳои илмию адабӣ ҷалб месозад: «Ман гумон мекунам ва умедворам, ки он рафиқон… аз он услуб тамоман даст кашида, ба ислоҳи худ, яъне ба худтанқидкунӣ даромада бошанд ва баъд аз ин на бо роҳи танқид кардани якдигар, балки бо роҳи омӯхтан аз якдигар дар пешрафти илму адабиёти советӣ хидмат кунанд».

Дар ҳақиқат, қувваи танқид дар сухани боназокат, мантиқи ­дурусти баён ва баррасии қавии илмӣ мебошад. Агар мунаққид бо назари худтанқидкунӣ нигариста, камбудиҳои худашро низ одилона эътироф кунад, эътибори сухани вай боз ҳам меафзояд ва ба эҷодкорон таъсири амиқ мерасонад. Устод Айнӣ аз ин лиҳоз услуби иншои Бобоҷон Ғафуровро намунаи ибрат медонад: «Дар ин бора маърӯзаву мақолаи рафиқ Ғафуруф, ки дар бораи аз сари нав дида баромадани таърихи халқи тоҷик ва таърихи маданияти вай классикона воқеъ шудааст, мисоли барҷаста шуда метавонад. Муаллиф дар он маърӯза ва мақола аввал хатоҳои худро гуфта, баъд аз он дар бораи хатоҳои дигарон гап зад. Ин услуби рафиқ Ғафуруф ба ҷавонон таъсири бисёр хубе кард».

Устод Айнӣ бар он ақида буд, ки нависандагон бояд танқиди ҳаққонӣ ва беғаразонаро бо хурсандӣ пешвоз гиранд ва барои рафъи камбудиҳои дар танқиди адабӣ нишондода кӯшиш намоянд. Адиб ин ақидаро дар таҷрибаи эҷодӣ суботкорона истифода мебурд. Масалан, танқиди адабӣ ба матни аввалини китоби «Одина» (1927) эътибори калон дода, бурду бохти қиссаро муфассал таҳлил менамояд, ки боиси таҳрири нав­батии қисса мегардад. «Имсол, — қайд кардааст муаллифи «Одина» (соли 1931-ро дар назар дошта, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон ин китобчаро бо алифбои нав (алифбои лотинӣ — А. К.) дубора чоп карданӣ шуд), — тавсияҳои хусусии хонандагони муҳтарам ва роҳнамоиҳои танқиднависони аврупоиро ба назар гирифта, дубора кор карда баромадам».

Устод Айнӣ аз қабили нависандагоне буд, ки худ ба истиқболи танқиди адабӣ мебаромад ва асарҳояшро ҳатто пеш аз чоп манзури мунаққидон менамуд. Ин ҳолатро таърихи матни бисёр асарҳояш, аз ҷумла романи «Дохунда» собит месозад. Устод то 10 марти соли 1930 асари «Дохунда»-ро пурра тозанавис намуда, дастнависро ба шарқшинос Дяков Алексей Михайлович, ки он вақтҳо дар Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) кор мекард, мефиристад ва хоҳиш мекунад, ки асарро хонда, фикру мулоҳизаҳояшро дар хусуси роман баён намояд. Нависанда бо дарназардошти мулоҳизаҳои А. М. Дяков баъзе ҷойҳои асарро аз нав таҳрир намуда, баъд дастхатро ба матбаа мефиристад.

Устод Айнӣ аз назари танқидии коллективи эҷодкор гузаронидани асари ба чоп пешниҳодшударо боз ҳам фоидаовартар медонист. Ӯ ба ин мақсад дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баррасии умумии асарҳоро ҷорӣ намуд ва аввалин шуда, қиссаи «Марги судхӯр»-ро ба муҳокимаи дастҷамъона гузошт. «Шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки, — қайд кардааст устод дар мактуби аз 13 октябри соли 1946 ба А. Деҳотӣ навиштааш, — солҳои 1936-37 дар союз ҳамин тартибро муқаррар карда будем, ки ҳар асар пеш аз чоп читка карда шавад. Дар ҳамон вақт ин тартиб ҷорӣ шуда, самараи хуб ҳам дода буд. Ман ҳам «Марги судхӯр» ва «Ҷанги одаму об»-ро аз читка гузаронида будам».

Айнӣ ба кадом андоза ба мулоҳизаҳои танқидӣ эътибор додани нависандагонро зери назорат мегирифт: қисми якуми романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ бо хоҳиши Нашриёти давлатии Тоҷикис­тон барои тақриз ба устод Айнӣ супурда мешавад. Устод бо як ҷиддияту сахтгирии ба худ хос дар муқобили ҳар як варақ ва дар охири дастнавис қайду шарҳи бисёре намуда, баъд таъкид мекунад, ки: «Агар муаллиф ҳамаи он хатоҳоеро, ки дар он ҷо нишон дода шудааст, ислоҳ намояд, қобили табъ аст».

Устод Айнӣ чун дар матни чопии «Шодӣ» ислоҳи кулли қайдҳои худро намебинад, аз шогирди худ қатъӣ талаб мекунад, ки дар чопи дувумбора қайдҳои ӯ ва фикрҳои дигар танқидчиёни роман пурра ба ҳисоб гирифта шавад. Махсусан, мулоҳизаҳои зерини устод, ки маҳсули таҷрибаи зиёди нависандагӣ мебошанд, ба адибони ҷавони имрӯз ҳамчун дарси ҳақиқии эҷодӣ эътибор доранд: «Нависандае, ки дар болои асари танқидшудааш дубора кор накарда ва онро дуруст нанамуда, дар фикри эҷод кардани асари «беайб» меафтад, ба он падаре монанд аст, ки ба тарбияи фарзанди чала зоидашудааш кӯшиш намуда ва ӯро дар мавқеи тамоман ҳалокшуда гузошта, дар фикри зоёнидани ягон бачаи пурра беайб меафтад».

Ҳамин тариқ, танқиди адабӣ, ба ақидаи устод Айнӣ, чун қисмати муҳими ҳаёти маънавӣ ба худ муносибати оқилонаву объективонаи коркунони илмию эҷодиро талаб дорад ва тараққии бахшҳои гуногуни он дар айни ҳол боиси рушду камоли ғоявӣ-эстетикии санъату адабиёти нафиса мегардад.

Аламхон КӮЧАРОВ,

профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон