Сеюмин забони сермуоширати дунё

№47 (4153) 14.04.2020

Дар дунё шумораи забонҳо хеле зиёд буда, ҳар кадом ҷаҳони алоҳидаест. Забон на танҳо воситаи муоширату омӯзиш, балки рӯҳи зиндаи ҳар як халқ, шодию хурсандӣ, дарду ғам, хотираи таърихӣ ва ганҷи он ба шумор меравад. Муҳим ва асоситарин рисолати забон воситаи муошират байни одамон аст. Забон бо тарзи тафаккуру шуури инсон вобаста буда, воситаи баёни андешаҳост.

Яке аз забонҳои сермуоширати дунё русӣ ба шумор меравад. Он забони давлатии Федератсияи Россия буда, дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси забони гуфтугӯии байни миллатҳо истифода мешавад. Ин забонро дар беш аз 100 кишвари дунё меомӯзанд. Дар мактабҳои миёнаву олии бисёр кишварҳо забони русӣ ҳамчун забони дуюм ё сеюм ба ҳисоб меравад. Бо он аз 350 то 500 миллион нафар  гуфтугӯ мекунанд. Аз ин ҷиҳат забони русӣ, баъд аз англисиву хитоӣ, дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Қариб дар тамоми кишварҳои дунё ба забони русӣ ҳатман рӯзнома, маҷалла ё барномаи  радиоӣ мавҷуд аст. Дар шабакаи интернет низ бо ин забон  дар тамоми мавзӯъ иттилоот қобили дарёфт мебошад. Забони русӣ дар созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз қабили СММ, ЮНЕСКО, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, МАГАТЭ ва ғайра ҳамчун забони расмӣ пазируфта шудааст.

Забони русӣ аз ҷиҳати фонди луғавиаш яке аз бойтарин забонҳои дунё маҳсуб меёбад. Бо ин забон шоиру нависандагони зиёд, аз қабили А. С. Пушкин, И. С. Тургенев, Л. Н. Толстой, И. А. Крилов, Н. В. Гогол, М. Лермонтов, С. Есенин, М. Горкий, М. Шолохов ва дигарон асарҳои оламшумул навиштаанд.

Олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ М. В. Ломоносов, Д. И. Менделеев, К. Э. Сиолковский, В. И. Вернадский, Жорес Алферов (дорандаи ҷоизаи Нобел), математики маъруф Григорий Перелман, доктори илмҳои биологӣ Михаил Гелфанд, олимон Юрий Оганесян, И. П. Павлов, И.И. Кулибин, А. Н. Лодигин ва садҳои дигар русзабон буданд.

Дар натиҷаи 70 сол дар кишвари ягона зистан аз забони русӣ калимаҳои зиёде ба забони тоҷикӣ ворид шуд. Самовор, трактор,  мошин, асфалт, бетон, колхоз, комсомол, майка, стакан ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мудом ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки дар қатори забони модарӣ, забонҳои русӣ ва англисиро мукаммал омӯзанд. Омӯзиши забони русӣ барои васеъ шудани ҷаҳонбинии ҷавонон, гирифтани дониши бештар ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан кумак мерасонад. 

Гулчеҳра ДӮСТМУРОДОВА,

омӯзгори МТМУ №50, шаҳри Душанбе