«Шайх Саъдӣ» аз Бангладеш ба Ҳиндустон меравад

№108 (4058) 07.09.2019

Ҳафтаи сипаришуда театри «Чандракала»-и Бангладеш нахустин  намоишномаи «Шайх Саъдӣ»- ро пешкаши бинандагон кард. Онро, ки пурра ба ҳаёту эҷодиёти намояндаи бузурги адабиёти тоҷику форс Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ бахшида шудааст, дар Театри миллии Академияи Шилпакалаи шаҳри Даккаи Бангладеш  ба саҳна гузоштанд. Намоишномаро дар қатори бинандагон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Муҳаммад Холид, роҳбари Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдии Ҳусайнӣ ва кормандони  соҳаи илму фарҳанги Бангладеш тамошо карданд.

Тибқи иттилои рӯзномаи «Tehran times», Муҳаммад Ҳусайнӣ пеш аз оғози намоишнома иброз намудааст, ки ҳарчанд Шайх Саъдӣ шахсияти дар ҷаҳон маъруф бошад ҳам, ифтихор  мекунем, ки осори ӯ дар ҷомеаи Бангладеш мақоми хос дошта, ҳикояву ашъори  пандомези ӯро дар марказҳои таълимӣ ва илмӣ меомӯзанд.

Номбурда таъкид ҳам кардааст, ки мардуми Бангладеш ашъори Саъдиро  дар маҳфилҳо бо забони асл месароянд.

- Ман аз он ифтихор  дорам, ки дар кишвари  мо аз хусуси Шайх Саъдӣ барин  шахсияти бузург намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Вай ҳеҷ гоҳ дар кишвари мо бегона  набуд, зеро мардуми Бангладеш ҳамеша ашъори ӯро истифода менамоянд, — гуфт вазири фарҳанги Бангладеш Муҳаммад Холид.

Нақши Саъдиро дар намоишнома коргардон Х. Р. Аник бозидааст. Бастакор Ҳамидурраҳмон ба намоишнома оҳанг баста, Фазлираббӣ Супарна саҳнаро ороиш додааст.

Сарвари театри «Чандракала» Маъмун Рашид иброз намудааст, ки оянда намоишномаи мазкурро  дар Ҳиндустон ва дигар кишварҳо пешкаши мухлисони шеъру адаби форсӣ хоҳанд кард.

Таҳияи С. СУННАТӢ, «Садои мардум»