Китоби нав

Шинохти ҷаҳони эҷодкор

№151 (3452) 09.11.2015

Зистан бо шеърДарку фаҳмиши пурраи ҷаҳони ботинии инсон кори осон нест, агарчӣ мо гумон мекунем, ки гӯё аз уҳдаи ин кор мебароем. Ҳолатҳое мешаванд, ки ду инсон солҳои зиёд бо ҳам дӯсти қаринанд, вале баъзан яке аз рафтору гуфтори дигаре дар тааҷҷуб мемонад ва иқрор мешавад, ки «Ман туро нафаҳмидам».

Дар ин миён шинохти ҷаҳони эҷодкорон низ содаю осон нест. Аз ин ҷост, ки дар мавриди омӯзишу таҳлили ҳаёт ва фаъолияти ин ё он эҷодкор даҳҳо муҳаққиқон тадқиқот мебаранду боз паҳлуҳои норавшан ҳамеша боқӣ мемонанд. Дар муқаддимаи  китоби тозанашри  олими сермаҳсул, устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар — «Зистан бо шеър», ки ба ҳаёт ва осори шодравон Ҳабибулло Файзулло бахшида  шудааст, чунин омадааст: «Маҷмӯаҳои ашъор ва куллиёти сурудаҳову тарҷумаҳояш, хотироте чанд аз дӯстонаш ба нашр расиданд, вале ба андешаи мо, шеъри ӯ, мақому ҷойгоҳаш дар адабиёти муосир ба гунаи шоиставу дархӯри ҳунару истеъдодаш ношинохта монд. Ҳеҷ нафаре аз муҳаққиқону донишмандони адабиёт ҷиддан аз даричаҳои гуногуни пажӯҳиш вориди ҷаҳони  шигифтзои андешаву зеҳнияти ҳунарӣ адабии вай нагашт. Албатта, сарсухани маҷмӯаҳо, тақризҳои ҷудогона ва зикру ёдрасҳои замониро наметавон мункир шуд. Вале дидгоҳҳои мавҷуда дар перомуни шеъру ҳунари шоирии вай ҳаргиз фарогири тамоми ҷанбаҳои корномаи Ҳабибулло Файзулло  нестанд ва гоҳҳо такрори афкори умумие ҳастанд, ки ҳар мунаққиде барои рафъи ниёзмандиҳои эҳтимолӣ дар ихтиёр дорад. Ин ҳаққи ҳунарманде мисли Ҳабибулло Файзулло набуд».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки муаллифи китоби мазкур устод Умар Сафар барои  ворид шудан ба ҷаҳони ботинии шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло саъю талоши зиёде кардааст.  Муаллифи китоб, ки худ низ зодаи  деҳаи Сари мазори ноҳияи Ховалинг аст, зиндагиномаи шоирро аз  дидаву  шунидаҳояш, суҳбату мулоқотҳои бевоситааш бо Ҳ. Файзулло ва наздикони ӯ ба таври муфассал баён кардааст. Аз маҳфилҳои адабие ёдовар шудааст, ки бо ширкати адибони машҳур сурат мегирифтанду Ҳабибулло Файзулло гули сари сабади ин маҳфилҳо буд.  Барои тақвияти суханонаш навиштаҳои ҳамсафону дӯстон ва адабиётшиносонро роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳ. Файзулло мисол овардааст. Чунончӣ,  дар муқаддимаи ба яке аз китобҳои шоир навиштаи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  зикр шудааст:

«Ховалинг яке аз ноҳияҳои кӯҳсору бонуфузи вилояти Хатлон мебошад. Ин сарзамин дар чаҳор фасли сол сарсабзу зебо ва ҳамешабаҳор аст. Мавзеъҳояш сердолу дарахт ва чинорҳояш азиму осмонбӯсанд. Дар ин мавзеъ ҳанӯз фасли сармо ба итмом нарасида, аввалин нишонаҳои баҳор-гулҳои наврӯзӣ аз замин неш зада баромада, зебу зинати талу теппа, кӯҳу дара ва раҳу рӯ мегарданд. Ҳабибуллои шӯхтабъу шеърдӯст зодаи ана ҳамин фасли арӯси сол аст».

Ин муҳити зебову афсонавӣ, минбаъд ҳангоми донишҷӯйӣ  ва фаъолият дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» ба зиндагии ояндаи ӯ таъсири амиқ гузошт. Аввалин шеърҳои Ҳабибулло Файзулло дар рӯзномаи зикргардида ба табъ расиду ӯ гӯё болу пар кушод. Тавре муаллифи китоби «Зистан бо шеър» зикр мекунад: «Барои ба майдони бузурги шеър ворид гаштани Ҳабибулло Файзулло нақши устод Сотим Улуғзода ниҳоят бузург аст». Устод С. Улуғзода зимни сафари эҷодӣ ба Ховалинг, ба хотири таълифи романи «Восеъ» бо ин ҷавони дорои қалби пуршӯр ва дӯстдори шеъру шоирӣ вохӯрда, самимона суҳбат менамояд ва баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе шеърҳои ин эҷодкори ҷавонро дар матбуот нашр мекунад. Табиист, ки чунин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ аз ҷониби адиби тавонои тоҷик ба Ҳабибуллои ҷавон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.  Ба қавли муаллифи китоби «Зистан бо шеър»: «…Дар шаҳри Душанбе ягона пуштибону роҳбалади зиндагии фардиву иҷтимоиву адабии ӯ устод Сотим Улуғзода буд. Даврони таҳсил дар чаҳордевори донишгоҳ ба поён расид ва нахустин маҷмӯааш низ бо номи «Қатраи борон» мунташир гардид. Ба маҷмӯа устод Сотим Улуғзода пешгуфтор навишта, дар ин роҳи мушкилу фахрӣ дуои нек додааст». Баъдан, тавре муаллифи рисола менигорад,  ҳунару шеваи шоирии Ҳабибулло Файзулло аз чашми устод Мирзо Турсунзода низ пинҳон намонда, мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Илова ба ин мисолу далелҳо, хонанда зимни мутолиаи китоб роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Ҳабибулло Файзулло боз дигар маълумоти муфассалу ҷолибро пайдо менамояд.

Дар китоби «Зистан бо шеър» муаллиф ҳамзамон роҷеъ ба шеъри тоҷик дар солҳои 60-уми асри ХХ андешаронӣ кардааст. Дар қисмати охири китоб баргузидаи сурудаҳои шоир ба хонанда пешкаш шудааст.

Китоби «Зистан бо шеър» бо теъдоди 500 нусха дар матбааи ҶДММ «Андалеб — Р» ба табъ расидааст.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»