Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ояндаи кӯдаконро дурахшон мекунад

№16 (3810) 06.02.2018

Бо дарки  баланди масъулият аҳли заҳмати муассисаи мо  ифтихор аз он доранд, ки бо заҳмату кӯшишҳои ҳамешагӣ дар тарбияи насли худогоҳу меҳандӯст то андозае саҳмгузоранд. Шукргузор аз он ҳастанд, ки новобаста аз мушкилоти даврони буҳронӣ дар Тоҷикистон, кӯдакону наврасон, ки ояндаи миллату давлатанд, мавриди ғамхории ҳамешагии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 омадааст, ки Ҳукумати кишвар ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, ки дар як сол сарф гардидани  21 ҳазор сомонӣ ба ҳар бошандаи хона – интернатҳои ҷумҳурӣ барои ятимон, маъюбон ва пиронсолон ва 1,5 ҳазор сомонӣ  ба ҳар кӯдаки Хонаи кӯдакон далели гуфтаи болост.

Кормандони муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии мо низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, нишондодҳои Вазорати маориф ва илми кишвар, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои дахлдорро сармашқи кор қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки парасторӣ ва таълиму тарбияи тарбиятгирандаҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Хушбахтона, бо дастгирии Давлат, падару модарон ва дигар идораҳои марбута шароити имрӯзаи корӣ дар муассиса хуб аст. Аз 33 нафар корманди муассиса 13 нафарро мураббияҳо ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб 6 нафари онҳо бо маълумоти олии касбӣ, боқимонда бо маълумоти олии нопурраи касбӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, 11 нафар ёрдамчӣ, ки дорои маълумоти гуногунанд, дар ин кори хайр ба мо кумак мерасонанд. Ҷамъи тарбиятгирандаҳо 250 нафарро ташкил медиҳанд, ки ба онҳо як нафар ҳамшираи тиббӣ вобаста шудааст.

Дар муассиса 11 гурӯҳ, аз ҷумла, 3 гурӯҳи русӣ, 4 гурӯҳи ширхоргоҳ аз 7 гурӯҳи буҷавӣ, бо шароиту имконоти зарурӣ амал менамоянд. Бо мақсади инкишофи зеҳнии тарбиятгирандагон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии онҳо аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад. Мунтазам чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангии аҳамияти тарбиявидошта роҳандозӣ мегарданд.

Дар ин ҷода кори хуби мураббияҳо Гулнора ва Шарифа Маҷидоваҳо, Ойдиной Воҳидова, Гулсара Байзаева, мутахассиси соҳаи рӯҳшиносӣ Малика Сафарова, раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба Саидикром Назаров арзандаи ситоиш мебошад.

 Зарина Муродова,

мудири Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии

ширхоргоҳ – кӯдакистони № 130, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе