Туҳфаи идона

№100 (3085) 05.08.2013

Дар арафаи иди саиди Фитр дар КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳиммати соҳибкори бомаърифат Сайфулло Фаттоев ҷилди дуввуми китоби Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал «Зиндагонии Муҳаммад (с)» ба табъ расид. Ин асари пурарзиш нахустин бор бо алифбои кириллӣ нашр мешавад.

Тавре таҳиягари китоб, рӯзноманигор ва шоир Абдулқодири Раҳим дар сарсухани китоб менигорад: «Ин китоб бори дигар ҳақиқати исломро барои хонанда  ошкор ва бепарда бозгӯ мекунад ва зиндагии хотами паямбарон барояш дарси ибрат мешавад. Паямбари гиромиқадри мо Муҳаммад (с) чӣ ранҷҳои сахте кашид, то дини Ҳақ, ки комил аст, ғолиб бошаду дар ҷаҳон покӣ, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр, муҳаббат, садоқат пойдор бошад ва аҳли башар ҳақиқатро бишносанду бо амну осоиштагӣ зиндагӣ ба сар баранд».

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»